logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ОЯНДАИ ОНРО ЧӢ ГУНА ДИДАН МЕХОҲЕД?

Мулоқоти судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони шаҳри Душанбе ва матраҳ гардидани  ҳалли  масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии пойтахт барои марҳалаи нави рушди   он сокинони шаҳрро ба ояндаи боз ҳам дурахшон хушбин намудааст.
Вобаста ба ин, назари чанд нафар аз сокинони пойтахтро манзури хонандагони рӯзнома менамоем.


Шариф Атобуллоев, рӯзноманигор
- То андозае  танзим гардидани  фаъолияти нақлиёти мусофиркаш аз беҳбудиҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳр аст, ки  имрӯзҳо   мушоҳида мешавад.  Овози  баланду  гӯшхароши пулчинакҳои микроавтобусҳои мусофирбар, ки маданияти шаҳрдориро халалдор месохт, акнун ба гӯш намерасад. Дар  гардишгоҳҳо, аз ҷумла дар шафати бинои  Сирки давлатӣ,  маҳаллаи Зарнисор, хиёбонҳои Неъмат Қарабоев, Сино ва  Айнӣ, ки маконҳои серодаманд,  нозирони роҳ фаъолияти хешро пурзӯр сохта,  ҳолати  тамбашавии воситаҳои наклиёт ва қонунвайронкуниҳоро дар ин самт хеле коҳиш доданд.  Ба ғайр аз ин, таъсиси истгоҳу таваққуфгоҳҳои нави мошинҳо  ба беҳбудии ҳаракати воситаҳои нақлиёту бехатарии гаштугузори одамон мусоидат намуд. Мутаассифона, ҳоло ҳам баъзе соҳибони автомобилҳо, қоидаву муқаррароти соҳаро  риоя намекунанд, вале фикр мекунам, ин мушкил низ ҳалшаванда аст.

Абдухалил Наҷибуллоев, иқтисодшинос
- Дар мулоқоти Пешвои муаззами миллат роҳбарону фаъолони шаҳри Душанбе доир ба марҳалаи нави рушди пойтахт ва  идомаи  корҳои ободонию  созандагӣ  пешниҳодҳои манфиатбахш сурат гирифтанд.  Дар  ин вохӯрӣ доир ба аксарияти самтҳои рушди шаҳр Роҳбари давлат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Пешвои миллат ба масъалаи камбудиҳо  дар самти  соҳаҳои хизматрасонии тиббӣ, маориф, нақлиёт,  обтаъминкунӣ, гармидиҳӣ,  истифодаи самараноки неруи барқ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои рафъи мушкилоти ҷойдошта  масъулони бахшҳои мазкурро   вазифадор сохтанд.  Инчунин,  масъалаҳои рӯзмараи ҷомеа - риояи тартиботи хизматрасонии  нақлиётӣ,  қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард,  баланд бардоштани масъулияти волидайн ва  мактаб дар самти таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ироа гардиданд, ки ба беҳбудии ҳаёти сокинони пойтахт мусоидат менамоянд. Айни замон эҳсос мешавад, ки  роҳбарияти шаҳр барои амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат талош мекунад. Ин гувоҳи он аст, ки ояндаи пойтахти азизи мо хеле дурахшон хоҳад буд. 

Рустам Талбонов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Таъкиду дастурҳои  Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бахшҳои гуногуни пойтахт зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Душанбе ҳоло фаъолияти масъулони соҳаҳоро такон бахшидааст.  Имрӯзҳо дар пайи супоришҳои Президенти кишвар  хизматрасонии коммуналӣ - яке аз масъалаҳои ҳалталаби шаҳр  мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр қарор дорад.  Беҳтар намудани низоми хизматрасонии коммуналӣ  пурзӯр шуда,  корхонаҳо бо техникаю технологияи нав  таъмин гардида истодаанд. Ба кори тозагию ободии маҳалҳо, назорати дуруст истифода бурдани  барқ, таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва   фаъолияти бозору фурӯшгоҳҳои пойтахт  аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар баробари ин, васеъсозии кӯчаю хиёбонҳо ва  бунёди биноҳои нав ба роҳ монда  шудааст. Бо чунин заҳмату талошҳои созанда ва ғамхории ҳамешагии Роҳбари давлат Душанберо дар оянда шаҳри шаҳрҳо хоҳем дид.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2017    №: 65    Мутолиа карданд: 386

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед