logo

фарҳанг

ШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ЧИНУ ҚАЗОҚИСТОН

Дар яке аз бузургтарин толорҳои фарҳангии шаҳри Пекин - осорхонаи Ҷинтай ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли ҷавонон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин  чорабинии бошукӯҳ доир гардид.

Аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ки дар ин ҷашни бостонӣ ва оини зиндагисози миллиамон - Наврӯз намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, олимон, коршиносон, ширкатҳо, собиқ сафирони Чин дар Тоҷикистон, сафирон ва кормандони сафоратҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Афғонистон, Ҳиндустону Покистон дар Чин, донишҷӯёни тоҷик аз шаҳрҳои Пекин, Урумчӣ ва Тинзин, инчунин, доираи васеи хабарнигорон иштирок доштанд. Дастархони ҳафт сину ҳафт шин, намоиши сӯзанию гулдӯзиҳо ва дигар ҳунарҳои дастӣ, атлас, асбобҳои мусиқӣ, сарулибоси мардонаю занонаи минтақаҳои гуногуни кишвар ва мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон ба фазои идонаи чорабинӣ шукӯҳу шаҳомат бахшиданд.
Парвиз Давлатзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, доир ба таърихи пайдоиш ва ҳикмату фалсафаи ин ойини нек сухан гуфта, иброз дошт, ки фарҳанги ориёӣ дар тимсоли Наврӯз ба ҷаҳониён ҷашнеро бахшидааст, ки бар пояи меҳру садоқат, хираду заковат ва адолат бунёд гардида, ақлу мантиқро бар ҷаҳлу зулмат пирӯз гардондааст.
Ҳамчунин, сафир бо арҷгузорӣ ба иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 таъкид кард, ки ҷавонони тоҷик дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.
Аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик, ки махсус барои таҷлили ҷашни Наврӯз ва Соли ҷавонони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Пекин, Тинзин ва Урумчӣ даъват шуда буданд ва бо иштироки яке аз овозхонҳои машҳури Чин Охуник - тоҷики муқимӣ, барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд. Ин чорабинӣ дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои телевизионию радиоии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври васеъ инъикос гардид.
Зимнан, бо ташаббуси Назирмад Ализода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, дар вилояти Қазоқистони ҷанубӣ, ки зиёда аз 42 ҳазор тоҷики муқимӣ зиндагӣ менамояд, чорабинии идона баргузор гашт. Бо даъвати ҳокими шаҳри Шимкент намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва аҳли фарҳангу ҳунари шаҳри Хуҷанд дар ин  чорабинии наврӯзӣ иштирок намуданд. Дар доираи барномаи фарҳангӣ, гурӯҳи мусиқӣ ва рақсии шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Шимкент ва ноҳияи Сариоғоч бо суруд ва рақсҳои миллии тоҷикӣ хотири ҳозиронро шод гардонд.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2017    №: 65    Мутолиа карданд: 368

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед