logo

сиёсат

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ

Таҳлили воқеъбинонаи раванди сулҳсозӣ ва бист соли ваҳдати миллӣ нишон медиҳад, ки дар расидан ба сулҳи сартосарӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ доштаанд. Сарвари давлат ҳамчун як роҳбари мардумӣ ва лидери миллӣ саъю талош намуданд, ки мамлакат аз асорати нобудӣ наҷот ёбад, хавфу хатари барҳам хӯрдани Тоҷикистон аз байн равад, оташи ҷанги бародаркуш хомӯш шавад, гурезаҳо ба Ватан баргарданд. Ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати методологӣ дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накарданд ва дар сухани аввалинашон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ гуфтанд: «То даме, ки як тоҷик гуреза бошад, ман ором нестам, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона месозам, ки ҳамаи гурезагонро ба Ватан баргардонам».
Ҳамин андешаи волою мақсади наҷиб буд, ки Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28 августи соли 1993, бо вуҷуди вазъи бениҳоят ноороми Афғонистон, ба хотири наҷоти ҳамватанон ба ин ҳамсоякишвар сафари расмӣ анҷом доданд. Дар мулоқот бо собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддини Раббонӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳалли ду масъалаи асосӣ - баргардондани гурезаҳо ва ба эътидол овардани вазъи сарҳади кишварҳо ба миён гузоштанд. - Мо манфиатдорем, ки ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба минтақаҳои сулҳу оромӣ ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии мутақобилан судманд табдил ёбанд, - иброз доштанд  Эмомалӣ Раҳмон.
Баъдан, бо дарки хатари ҳалокатбори муқовимати низомиву сиёсӣ ва масъулияти бузург дар назди ояндаи сокинони мамлакат Сарвари давлат 19 майи соли 1995 ба шаҳри Кобул сафари корӣ анҷом доданд. Гуфтушуниди дигар, ки кишвари моро ба марҳалаи муҳими музокирот ворид намуда, барои ба имзо расондани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаи воқеӣ гузошт, вохӯрии моҳи декабри соли 1996 дар Хосдеҳи вилояти Тахори Афғонистон буд. Ин сафарҳои таърихии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи давлатдории навини тоҷикон бо хати зарин сабт гардидаанд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид, барои дастовардҳои минбаъдаи кишвар дар самти плюрализм, мусолиҳаи миллӣ, гуногунандешӣ, ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равандҳои демократӣ ва тақвияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Сарвари муаззами давлат 27 июни соли 2006 дар маросими таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар ноҳияи Рашт, бо зикри аҳамияти таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, махсус таъкид карданд, ки маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама, тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем. Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат дар бораи хизматҳои шоистаи яке аз поягузорони давлати миллӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ибрози назар намуда, гуфтанд: «Мо - наслҳои имрӯза кӯшишу талошҳои фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик, аз ҷумла яке аз симоҳои барҷастаи сиёсиву давлатии ибтидои асри гузашта Нусратулло Махсумро дар қатори нахустин роҳбарони мамлакатамон барои ҳамчун ҷумҳурӣ ташаккул ёфтани Тоҷикистон хизматҳои арзанда кардааст, ба таври шоиста қадршиносӣ мекунем. Зеро дар он замони пуртаззод марзу буми имрӯзаи Тоҷикистон бо ҷасорати шахсиву сиёсии Садриддин Айнӣ ва талошҳои пайгиронаи Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик ҳамчун ҷумҳурӣ муайян карда шуд».
- Мутаассифона, - зикр карданд Сарвари давлат, - бадхоҳони халқи тоҷик бо дасисаву туҳмат Нусратулло Махсумро ҷисман аз байн бурданд ва ин фоҷиа баъди даҳсолаҳо бори дигар такрор гардид. Дар солҳои муқовимати мусаллаҳона муҷассамаи ӯ дар зодгоҳаш нобуд карда шуд. Вале, мо имрӯз ба хотири қадршиносӣ ва абадӣ гардондани номи неки Нусратулло Махсум муҷассамаи ӯро аз нав барқарор кардем. Бигузор, номи нек ва кору пайкори мардонаи ӯ, ки танҳо ба манфиати миллати тоҷик ва давлати тоҷикон буд, барои наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон намунаи ибрати ҷовидона бошад.
Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки асосгузори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати дорои фарҳангу тамаддун ва таърихи бузург ҳамеша дар ҳолатҳои душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои Худодод истифода намуда, худро наҷот медиҳад. Ба қавли Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд».
Омӯзиш ва таҳлили баъзе буҳронҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки тӯли даҳсолаҳо ҳалли худро намеёбанд, нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои ба чунин бунбаст расидани онҳо набудани лидерҳои бонуфуз, самимӣ ва ҳақиқатан мардумӣ мебошад. Аз ин нигоҳ, дар ҳамон лаҳзаҳои барои миллат сарнавиштсоз ба саҳнаи сиёсат омадани Эмомалӣ Раҳмон ва бо талошҳои доимии ин шахсияти барҷаста ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дарвоқеъ, бахти таърихии тоҷикон буд. Бо назардошти муҳимияти ин дастоварди беназири таърихӣ аз ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти Тоҷикистон тақозо мегардад, ки ба қадри сулҳу салоҳ, оромию осудагӣ ва ваҳдате, ки бо талошҳои мудовими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст,  бирасанд ва онро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифз намоянд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2017    №: 65    Мутолиа карданд: 496

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед