logo

фарҳанг

ДАЛЕЛҲОИ РӮЗНОМА ДУРУСТАНД

Прокуратураи ноҳияи Бохтар мақолаи дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (аз 1 феврали соли 2017) таҳти унвони «Мактаб. Агар масъулон масъулият медоштанд» - ро, ки дар асоси баррасии аризаи шикоятии сокинони деҳаҳои «СМП – 540», «Ниҳолпарварӣ» ва  «Озодии меҳнат» - и Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ин ноҳия нашр шудааст, мавриди санҷиш қарор дод.

Бояд  зикр  кард, ки дар ҳудуди ноҳияи  Бохтар 63 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 48181 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа 8 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, дар онҳо 5644 нафар хонанда таҳсил менамояд.
Дар деҳаҳои номбаргардида муассисаи таълимӣ мавҷуд набуда, муассисаи таълимии № 26 аз ин деҳаҳо 2 - 3 километр дуртар ҷойгир мебошад. Соли 2016 аз ҳисоби маблағҳои волидайни хонандагон 3 синфхонаи иловагӣ сохта  ба истифода дода шудааст. Бо вуҷуди ин айни замон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 норасоии ҷойи нишаст ҷой дорад.
Аслан сокинони ин деҳаҳо хоҳони ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони муассисаи нави таълимӣ дар деҳаҳояшон мебошанд, ки вобаста ба ин ҳолат ҳуҷҷатҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки сохтмони муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи «СМП - 540» дар «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 - 2021» дохил карда шуда, барои 240 ҷойи нишаст бо харҷи 2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Мақолаи мазкур моҳи феврали соли 2017 аз ҷониби шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуда, инчунин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 вохӯрӣ гузаронида, тамоми далелҳои дар мақола овардашуда баррасӣ гардиданд.
Прокуратураи ноҳияи Бохтар ва шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ барои беҳтар намудани сатҳу сифати донишомӯзии хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда шавад.
Х. МИРАЛИЕВ,
прокурори ноҳияи Бохтар, мушовири адлияи дараҷаи 2


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2017    №: 66    Мутолиа карданд: 397

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед