logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ. ЁДЕ АЗ ҲУНАРМАНД АБДУЛХАЙР ҚОСИМОВ

Абдулхайр Қосимов тамоми зиндагии хешро сарфи ҳунар намудааст. Аз он рӯзе, ки ӯ худро шинохт, бидуни истиҳола, ин масири пурпечутоб, вале ҳавасангезро интихоб намуд. Нақшҳои офаридааш дар бойгонии заррини ҳунари миллат абадӣ ҷойи сазоворро ишғол намудаанд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдулхайр Қосимов дар қайди ҳаёт набошад ҳам, дар дили мардуми фарҳангдӯсти тоҷик, дар таърихи санъати театру синамои он зинда аст.
Дӯстдорони санъати кино А. Қосимовро дар чилу ҳафт филми истеҳсоли киностудияҳои гуногун дар нақшҳои мухталиф дидаанд. Бори аввал А. Қосимов соли 1955 ба мавзеи наворбардории филми «Дохунда» ҳозир шуд. Амали ҳунарпеша дар саҳнаи театр хусусиятҳои ба худ хосе дораду ҳунарнамоӣ дар майдони наворбардорӣ дигар аст. Ҳаракат ва рафтори қаҳрамонони  филм ба қонуниятҳои хоси он тобеъ мебошанд.
А. Қосимов тадриҷан аз асрори ҳунарнамоӣ дар филмҳо огаҳ шуд. Нақши Ниёз – чойхоначӣ аз филми мусиқии «Ман бо духтаре вохӯрдам» ба А. Қосимов шуҳрати беандоза овард. Ҳунарпеша сурудҳоро ҳам худаш сароидааст. Ҳофиз Нурматов аз филми «Вазифаи олӣ», Мирзо Фатҳулло аз «Одам пӯсташро иваз мекунад», Куло аз «Қисмати шоир», фолбини айёр аз «Насриддин дар Хуҷанд», посбони мактаб Юсуф аз «Амалиёти Кобра», бригадир Ҷӯраев аз «Зумрат», Қудрат Ҳошимови кашолкор аз «12 соати умр», Амон  Амоновичи шуҳратпараст аз «Изҳори муҳаббат», Ғаффорхӯҷаи ватанфурӯш аз «Хиёнат», директори ғамхори мактаб аз «Хокистари сӯзон» нақшҳои беҳтарини офаридаи ҳунарпешаанд. Дар филмҳои «Байрақи оҳангар» ва «Марги судхӯр» бошад, А. Қосимов аз иҷрои нақшҳои тамоман муқобили якдигар Сорбону Заҳҳоки морон («Байрақи оҳангар»), тоқифурӯшу дарвеш («Марги судхӯр») ба хубӣ баромадааст. Дар филм ду образро таҷассум карда тавонистан аз ҳунарпеша маҳорати зиёдеро талаб менамояд. Ин амал дар таърихи кино воқеаи нодир ҳам ҳаст.
Ин шахси наҷиб умри пурбаракати хешро тавонист ба санъати кинои  Тоҷикистон сарф созад.
Шарофат ҚОСИМОВА,собиқадори соҳаи маориф


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2017    №: 66    Мутолиа карданд: 374

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед