logo

фарҳанг

МУТОЛИА НАМУДАМУ...

Мақолаи «Китобҳои шахсӣ то ва баъд аз ман» - ро, ки зери рубрикаи «Проблема ва мулоҳиза» дар шумораи 26 декабри соли 2016, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расидааст, гаштаю баргашта мутолиа намудаму ба гирдоби дарёи андеша ғарқ шудам. Гузаштаеро, ки дидаму бисёр корҳоро бо дасту ақли худ иҷро кардам, пеши чашмонам ҷилвагар гардиданд. Ҳақ ба ҷониби муаллифи мақола А. Исмоил аст.
Муаллифи мақола аз андешаҳои бисёр тира, ки вақтҳои охир оиди пас аз сари ӯ китобҳои шахсии зиёдаш мунису ғамхоре меёбанд ё не, шикоят менамояд.
Дар ҳақиқат, фоҷиаи маънавии беэҳтиётӣ нисбат ба китоб хеле гарону дилрешкунанда аст. Муаллиф бо таассуф аз он, ки бархе аз олимону адибони маъруфу номии кишвар бо фарорасии даврони пирӣ, ҳатто бо тағйири ҷойи зист қиматтарину нодиртарин китобҳои дар солҳои шадид ҷамъовардаашонро ба фурӯш мебароранд ва фарзандонашон пас аз вафоти онҳо барои «кушод» - у «барҳавотар» кардани «хонаи падарӣ» китобҳоро ба ҷойҳои аз чашмҳо дур беаҳамиятона мегузоранд, гила менамояд…
Ман дар ин навиштаҳо аз вазъи гузаштаву имрӯзаи китобхонаҳои шахсии гузаштагону имрӯзиён ёдовар шуданро раво надониста, чанд ишораҳоеро аз дидаву ба даст иҷрокардаам ишора менамоям.
Дар умри шастушаш солаам, бештар аз шаст солашро бо китоб гузаронда, зиёда аз чилу шаш соли онро бо ҷамъоварии китоб, ташкил кардани китобхонаи шахсӣ ва истифодаи ин канзи бузург гузаронидам.
Ҳоло бештар аз панҷ ҳазор китоб, рӯзномаю маҷалла, мактубу дастхат, соядаст ва садҳо навиштаҳои дигари нодир китобхонаи шахсиамро, ки аз соли 1974 то имрӯз арзи вуҷуд дорад, боғановат гардонидаанд. Дар байни онҳо ҳамаи ҷилдҳои энсиклопедияҳои советии тоҷик, энсиклопедияҳои адабиёт ва санъати тоҷик, даҳҳо донишномаю китобҳои нодир, фарҳангҳо, садҳо асарҳои арзишманди бебаҳо, мактубҳои зиёди олимону адибон, журналистону мактабиёни тоҷику хориҷӣ ки қимати бузурги илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва таълиму тарбиявӣ доранд, дар ду ҳуҷра маҳфуз мебошанд.
Ростӣ, ман ҳам мисли дигарон дар ташвишу фикру ҳарос мебошам.
Мисол. Чанд сол пеш, рӯзе аз кор баргаштам, дидам ки ду китобе даридаю дар фарш партофта шудаанд. Бинам, китоби «Китоб – ут – таҳфим» - и Абурайҳони Берунӣ ва «Наводири зиёия» - Садри Зиё мебошанд. Китобҳои мазкурро гирифта, варақҳои дарондаашонро ҷо ба ҷо кардаму сабаб пурсидам. Маълум гашт, ки меҳмоне аз шаҳри Душанбе пас аз тамошои китобхона барои аз гиря бозмондани писарчааш ин ду китоби нодирро барои ором намудани кӯдакаш додаасту аз қадру қимати ин китобҳо бедарак.
Дар он солҳои ҷанги таҳвилӣ низ бо вуҷуди муҳри расмиву варақчаҳои бақайдгирии (карточкаҳо) махсус доштани китобхонаам, бисёр китобҳоро шахсони алоҳида бурда, барнагардониданд.
Воқеан, баъди сари шахс китобхонаи шахсии ӯ дар чӣ ҳол мемонад?!
Хулоса, масъалаи китобу китобхонаҳои бузурги шахсӣ зимни ҳифзу истифодабарӣ тадбирҳои муҳимро тақозо доранд.
Амир Сайиди МУНКӢ,
адиб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ноҳияи Ховалинг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2017    №: 66    Мутолиа карданд: 499

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед