logo

иқтисод

ИСТИХРОҶИ МАЪДАН. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

Истифодаи самараноки таҷҳизоти муосир ва насби технологияи нави инноватсионӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», воқеъ дар шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон барои вусъат бахшидани истеҳсолот шароити мусоид фароҳам оварда истодааст. Корхона дар соли сипаришуда бори нахуст истихроҷи маъданро ба зиёда аз 2 миллион тонна расонд, ки нисбат ба соли пешӣ 800 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда дар таърихи мавҷудияти конҳои Зарнисор баландтарин ба ҳисоб меравад.
Ҳоло корхона бо мутахассисони сатҳи баланд ва таҷҳизоти муосири санҷишии маъдан, тамғаи HPD 610, истеҳсоли кишвари Малайзия имкони истеҳсоли аз ин ҳам бештари маҳсулотро пайдо кардааст. Усули нави истихроҷи маъдан бе талаф сурат мегирад. Қаблан бо истифода аз усули кандани зинавӣ  тақрибан 16 - 20 дарсади маъдан талаф меёфт. Интиқоли маъдани истихроҷшуда низ ба корхона дар масофаи то 7 километр тавассути қатора бе хароҷот ҷараён дорад.
Ба андешаи муовини директори генералии ширкат Мирзафар Зарифов, «Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой» бо назардошти вусъат додани кор дар самти коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ояндаи дурахшон дорад. Соли равон дар заминаи коркарди ашёи хоми ширкати мо, дар шаҳри Истиқлол бузургтарин комбинати металлургӣ дар минтақа бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна руҳ ва 50 ҳазор тонна сурб ба истифода дода мешавад, ки ин иқдом низ дар ҳаллу фасли даҳҳо масъалаи иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард.
Саҳми ширкати мазкур дар ғанӣ гардидани буҷети мамлакат басо назаррас аст. Маблағи андозе, ки корхона соли 2016 супоридааст, беш аз 300 миллион сомониро ташкил медиҳад.
- Албатта, ин нишондиҳанда худ аз худ ба даст намеояд, ин ҷо заҳмат ва талоши садҳо нафар мутахассисон, ҳайати калони муҳандисон ва коргарони қаторӣ хеле назаррас мебошад, - иброз дошт, профессор Ван Ши Бин, муовини президенти ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой». Ба гуфтаи ӯ, феълан аз 3000 нафар коргарони ширкат беш аз 70 дарсадашон мутахассисони маҳаллианд. Ҳамасола аз 50 то 100 нафар кормандон бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир ҳайати муҳандисии ширкат низ бо мутахассисони маҳаллӣ пурра мегардад. Дар ин самт ҳамкорӣ бо Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон самар мебахшад. Зиёда аз 300 нафар ҷавонони шаҳраки Зарнисор дар қисми таълимии ширкат касбҳои гуногуни соҳаи кӯҳкорӣ ва коркарди маъданро омӯхта, соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд.
- Расидан ба нишондиҳандаи истихроҷи  маъдан то 3 миллион тонна аз ҳадафҳои наздиктарини «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой» ба ҳисоб рафта, ба ин васила иқтидори иқтисодии корхона меафзояд ва сатҳи зиндагии кормандони ширкат ва сокинони шаҳрак боз ҳам беҳтар мегардад, - гуфт ҷаноби Ван Ши Бин. – Мехоҳем соли 2018 - ро ки бо фарорасии он аз оғози фаъолияти ширкат 10 сол сипарӣ мешавад, бо натиҷаҳои фараҳбахш истиқбол гирем.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2017    №: 66    Мутолиа карданд: 442

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед