logo

иҷтимоиёт

ЭҲЁИ ОҲАНГАРӢ ДАР ДАРВОЗ

Бино ба иттилои Маҳмуд Бердиев, раиси Ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз, ҳамасола баробари сар шудани корҳои саҳроӣ кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Зартеғ» ва сокинони рустоҳои Курговард, Тоғмай, Шодаг ва Пошхарв бо сабаби вайрону валангор будани коргоҳи оҳангарӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Барои тез кардани досу каланд, табару теша ва дигар асбоби рӯзгор ба маркази ноҳия, шаҳраки Қалъаихумб ва ноҳияи Ванҷ мерафтанд.

Ба гуфтаи Хайрулло Абдуллоев, сокини деҳаи Курговард, соҳибкори муваффақ Назриалӣ Худоиев, зодаи ҳамин деҳа, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ мекунад, кори хайр анҷом дода, мушкилоти деринаи  сокинонро ҳал кард. Ӯ бинои коргоҳи оҳангарии бобояш Азизбек  Амирбековро, ки зиёда аз 40 сол боз вайрону валангор гашта, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, аз нав барқарор кард.
 Аз рӯи нақли калонсолони деҳа, Азизбек Амирбеков марди заҳматкаш буда, то охири умраш ба сокинони деҳот хизмат кардааст. Баъди чанд соли вафоти ӯ коргоҳи оҳангарӣ аз фаъолият монд ва рустонишинонро  мушкилоти зиёд домангир шуд. Ҳамин тавр, баъди  зиёда аз 40 сол бо ҳиммати Назриалӣ Худоиев, набераи бобои Азизбек,  коргоҳи оҳангарӣ аз нав эҳё шуд. Акнун барои рустонишинони деҳаҳои Курговард, Тоғмай, Шодаг ва Пошхарв имкон шуд, ки ба ҷои дур нарафта табару теша, досу каланд ва дигар олоти зарурии хоҷагидориро дар худи деҳа омодаи кор созанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2017    №: 66    Мутолиа карданд: 295

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед