logo

иҷтимоиёт

САЛОМАТИИ МОДАР СОЛИМИИ ҶОМЕА АСТ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки дар даврони истиқлолият нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кӯдакон 2,7 баробар коҳиш ёфта, хавфи паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ бартараф гардид. Дар маросими анҷоми лоиҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, ки бо кумаки молиявии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ шуд, аз ҳамин хусус сухан рафт. Дар маросими мазкур, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, Умарзода Саида Ғайрат, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон, Гарретт Хаббард, директори созмони байналмилалии «Ҳайати Шафқат» ва дигар намояндагони донорҳо ва доираҳои манфиатдор ширкат варзиданд.
Қайд гардид, ки лоиҳаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд ва шаҳри Ҳисор роҳандозӣ шуда, баҳри беҳтар намудани вазъи саломатӣ, таъминот бо озуқа ва беҳдошти занон ва кӯдакон дар сатҳи ҷамоатҳо амалӣ гардид. Аз соли 2013 лоиҳа дар вилояти Хатлон идома ёфт. Ҷиҳати рафъи мушкилоти ғизо ва беҳдошти модарон, кӯдакон ва оилаҳо корҳои мусоид анҷом дода шуданд. Дар Хатлон ба туфайли лоиҳаи мазкур корҳои зиёде ҷиҳати беҳтар шудани сифати ғизо ва тақвияти беҳдошту тозагӣ амалӣ гардиданд.
Дар доираи лоиҳа ба аҳолӣ афзалиятҳои тарзи ҳаёти солим шарҳ дода шуд. Ҳамчунин, бо тақрибан 15 000 корманди соҳаи тандурустӣ оид ба пешниҳод намудани хизматрасониҳои тавсиядиҳӣ оид ба масъалаҳои озуқаворӣ ва танзими оила, иштироки ҷамоатҳо дар беҳтаргардонии шароити озуқаворӣ ва беҳдошти гигиена, ҷорӣ шудани усулҳои муосири танзими оила суҳбату вохӯриҳо гузаронда шуд. Дар рафти амалишавии лоиҳа таваҷҷуҳи махсус ба навовариҳо дар соҳаи тандурустӣ, ғизо ва гигиена, аз ҷумла ба барномаи «Таълими ҳамсоли худ» бо иштироки наврасон, муҷаҳҳаз гардондан ва беҳтар намудани шароити иншооти ёрирасон, беҳтар намудани вазъи беҳдоштӣ равона карда шуд. Дар рафти амалишавии лоиҳа барои бо кор таъмин намудани мардуми маҳаллӣ низ шароит фароҳам омад. Дар корҳои мавсимии он беш аз ҳама сохтмончиён ба кор ҷалб карда шуданд. 
Дар давоми 25 соли муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико лоиҳаи «Саломатии модар ва кӯдак» яке аз лоиҳаҳои пурмаҳсули кумакӣ мебошад. Дар татбиқи он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) саҳм гирифтанд. 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2017    №: 66    Мутолиа карданд: 476

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед