logo

ҳуқуқ

АГЕНТӢ БЕШ АЗ 500 КИЛОГРАММ МАВОДИ НАШЪАОВАРРО БА КОМИ ОТАШ ДОД

Дар бухории махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ 537 килограмму 201 грамм маводи нашъаовар сӯзонда шуд.
Аз ин 8 килограмму 386 грамм героин, 49 килограмму 768 грамм афюн, 98 килограмму 400 грамм ҳашиш ва 380 килограмму 645 грамм бангдона буда, барои нобудсозии онҳо ҳукми суд содир шудааст. Маводи мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузарондани амалиётҳои вижаи оперативӣ - ҷустуҷӯӣ мусодира гардидааст.
Агентии назорати маводи нашъаовар дар баробари мусодира ва нобуд кардани мухаддирот, ҳамзамон ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ, паҳншавии он дар ҷомеа чорабиниҳои гуногуни фарҳангию  таблиғотиро ба роҳ мондааст. Ахиран, чунин як чорабинӣ  бо ҷалби намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе дар хобгоҳи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор гардид.
Дар  ҳамоиш Озода Абдуллозода, нозири шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии агентӣ, оид ба маводи нашъаовар ва оқибатҳои фалокатбори он ибрози назар намуда, зикр сохт, ки гирифтани пеши роҳи ин раванди номатлуб ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон на танҳо вазифаи сохтору мақомоти давлатӣ, балки қарзи ҳар як фарди солимфикру огоҳ, падару модарон, аҳли зиё ва ҷавонони аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ устувор мебошад.
- Барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон Ҳукумати мамлакат то имрӯз нақшаву барномаҳои зиёдеро татбиқ карда, барои ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ҷиҳати омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Гузашта аз ин, ба хотири таҳким бахшидани робита миёни Президент ва ҷавонони мамлакат дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад, - иброз дошт Озода Абдуллозода.
Сафаргул  АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2017    №: 66    Мутолиа карданд: 434

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед