logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ ТАНЗИМ МЕШАВАД

Дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони пойтахт ироа гардиданд, ки  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои бунёди терминалҳои замонавии воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар 4  самти даромадгоҳи шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешид. Дар доираи нақша – чорабиниҳо терминалҳои мазкур дар ояндаи наздик ба пуррагӣ бунёд ёфта, ба беҳтар гаштани хизматрасонии нақлиёт дар хиёбону гузаргоҳҳои шаҳр мусоидат хоҳад намуд. Ҳоло бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр, чунин терминал дар даромадгоҳи пойтахт аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ва дар маҳаллаи 7 – ум километр сохта шудааст, ки ҳолати тамбашавии воситаҳои нақлиётро дар пойтахт коҳиш додаанд.
Ҷамшед Аҳмадов, роҳбари терминали мусофирбарӣ дар роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа, изҳор дошт, ки иншооти навбунёд барои танзими омадурафти нақлиёти мусофирбари  шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, аз ҷумла Хуросон, Вахш, Бохтар, Сарбанд, Ҷайҳун, Қубодиён, Дӯстӣ ва Носири Хусрав пешбинӣ гардидааст. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани терминали мазкур давоми қариб ду моҳ мешавад, ки ҳаракат дар роҳҳои дохили шаҳр то андозае беҳтар гардидааст. Ронандаҳои воситаҳои нақлиёт дар ин ҷо аз рӯйи навбат ва бонизом мусофиронро ба самти дилхоҳ мебаранд.  Терминали тозабунёд масоҳати калон дошта, аз меҳмонхона, ҳаммоми замонавӣ, ошхонаи кушоду барҳаво, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, таъмиргоҳ ва ҷойи шустушӯйи мошинҳо иборат аст.
Дар баробари ду терминали замонавие, ки ҳоло дар гӯшаҳои пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, дар самтҳои роҳи Душанбе – Турсунзода ва роҳи Душанбе – Хуҷанд низ барои бунёди терминалҳои боҳашамати мусофирбарӣ  аз ҷониби шаҳрдорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Бо кушода шудани чунин нуқтаҳои васею замонавии хизматрасонӣ ҳаракати мошинҳо ва мусофирон  дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт беҳбудӣ ёфта, ба зебою озода гаштани шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад намуд.  
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2017    №: 66    Мутолиа карданд: 353

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед