logo

иқтисод

ШИКОРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ. АЗ НОБУДИИ ШАРОИТ ТО НОБУДШАВИИ НАВЪҲОИ МОҲӢ

Шикори ғайриқонунии моҳӣ бо тӯр, маводи кимиёӣ ва шастҳои барқӣ дар дарёи Вахш боиси камшавии аксар навъҳои моҳӣ гардидааст.

Умархон Муродов, сокини Ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтар мегӯяд, ки тақрибан ҳар рӯз се-чор гурӯҳ бо дастгоҳи баландкунандаи шиддат, ки 12 волт неруи аккумуляторро ба 380 табдил медиҳад, моҳӣ шикор мекунанд. Ин дастгоҳ мавҷудоти зиндаи обро дар доираи 3 метр  кушта, боиси гум шудани насли онҳо мегардад.
- Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути тӯр моҳӣ гирифтан ҳам маҳдудият дорад, - иброз дошт Қурбонназар Одинаев, раиси ҷамъияти шикорчиёни шаҳри Қӯрғонтеппа. - Дар гузашта тӯр фақат дар мағозаҳои варзишӣ ба намояндагони хоҷагиҳои моҳипарварӣ баъд аз пешниҳоди иҷозатнома фурӯхта мешуд. Ҳоло дар ҳар куҷо, ки хоҳанд, мефурӯшанд. Барои мубориза бо ин тамоюли номатлуб бояд мақомоти дахлдор ва шаҳрвандон дар ҳамдастӣ чораандешӣ кунанд.
Дар дарёи Вахш, ки 786 километр дарозӣ ва 39,1 ҳазор километри мукааб паҳноии ҳавзаи обхез дорад, зиёда аз 12 навъи моҳӣ мавҷуд аст. Вале, мутаассифона, шумори ҳамаи онҳо, бинобар ҷой доштани шикори бераҳмона ва ҳам наовардану сар надодани моҳию моҳичаҳо, рӯ ба нестӣ овардааст.    
- Солҳои пеш дар як-ду соат хеле моҳӣ медоштем, - мегӯяд сокини калонсоли ноҳияи Бохтар Тоҷиддин Шарифов. - Ҳоло рӯзи дароз шинед ҳам, як моҳӣ гирифта наметавонед. Ёд надорам, ки “карп”- ро кадом сол дар ин дарё дидаам. Ҳатто моҳии миёнаҳаҷмро ҳам на ҳамеша вохӯрдан мумкин аст.
Ҳарчанд тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз 10-уми март то 15 - уми июн, ки мавсими тухмгузории моҳӣ мебошад, шикори он бо ҳама усул комилан манъ аст, лекин 12-уми март мо нафаронеро вохӯрдем, ки машғули моҳидорӣ буданд. Аз суҳбат бо онҳо, ки ҳамроҳи худ аз ду то чор шасти моҳидорӣ ва хамиру моддаҳои ҷалбу мадҳушкунандаи моҳӣ доштанд, маълум шуд, ки сокинони навоҳии Хуросону Бохтар будаанд.
Ба андешаи Саъдулло Бобоҷон, сардори шуъбаи ҳифзи наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, шикори ғайриқонунии моҳӣ омилҳои молиявӣ дорад. Шахсони дастгиршуда мегӯянд, ки аз пеш бурда натавонистани рӯзгор ба шикори ғайриқонунӣ даст задаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд онҳо дар ҳамдастӣ бо милитсияи экологӣ соли гузашта чор ва имсол як ҳолати моҳигирии ғайриқонуниро ошкор карданд, вале аз сабаби надоштани мошину қаиқҳои махсус ва дурбину милтиқ барои муборизаи густурда бо браконерҳо имкон надоранд.
- Солҳои шӯравӣ ба нозирони ҳифзи муҳити зист мошинҳои махсус, либосҳои низомӣ, қаиқу дурбин ва яроқ дода мешуд, - изҳор кард Ёқубалӣ Қурбонов, собиқадори соҳаи экология. - Бояд барои он шуъбаҳое, ки бар зидди шикори ғайриқонунӣ мубориза мебаранд, шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам оварда шавад. Масалан, дар обанборҳои Норак, Сарбанд ва Сангтӯда бе таҷҳизоти муосир бар зидди шикорчиёни ғайриқонунӣ ё браконерҳо мубориза бурдан ғайриимкон аст. Ҳамчунин, дар он минтақаҳое, ки браконерҳо вориди дарё ва обанборҳо мешаванд, дидбонгоҳҳо ташкил кардан салоҳи кор аст.
Дар тақвияти ин гуфтаҳо бояд бигӯем, ки агар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар ниҳодҳои дахлдор барои пешгирии шикори ғайриқонунии моҳӣ чораҳои муассир наандешанд, аз байн рафтани моҳиҳои нодири белбинии калони сирдарёӣ, мӯйлабмоҳии туркистонӣ, хормоҳӣ, шӯртан ва ғайра, ки шомили Китоби сурхи Тоҷикистон ҳастанд, ногузир хоҳад буд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2017    №: 66    Мутолиа карданд: 375

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед