logo

фарҳанг

ЖУРНАЛИСТИКА ВА ПУБЛИТСИСТИКАШИНОСӢ. ОН БОЯД ЧУН САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ ИЛМ ЭЪТИРОФ ГАРДАД

Мафҳум, мазмун ва вазифаҳои публитсистикаро имрӯз муҳаққиқони илмҳои адабиётшиносӣ ва журналистика ба таври гуногун маънидод мекунанд. Илми адабиётшиносӣ публитсистикаро ҳамчун жанри алоҳида,  як навъи адабиёт ва ё адабиёти аз ҳунари бадеӣ орӣ медонад.

Ин фаҳмиш аз он сар зада, ки публитсистика табиати духӯрагӣ дорад: аз як тараф, ба воқеияти иҷтимоӣ такя мекунад, аз ҷониби дигар, аз аносири ҳунарӣ баҳраманд мегардад. Ҷанбаи аввал ба журналистика ва ҷанбаи дувум ба адабиёти бадеӣ мегаравад.  Аммо таносуби ин гаравиш баробар нест, балки ҷанбаи воқеӣ дар он афзалият дорад. Ба ибораи дигар, публитсистика аз воқеияти мушаххаси давру замони муайян маншаъ мегирад.
Ҷойи шубҳае нест, ки публитсистика таърихи дерина ва бо адабиёти бадеӣ алоқамандӣ дорад, аммо дар инкишофи он пеш аз ҳама пайдоиши матбуот ва ташаккули воситаҳои дигари ахбори омма таъсир гузоштааст. Дар қарни ХХ ва замони имрӯз, ки онро қарни иттилоот ва ҳатто оғози эраи иттилоотӣ меноманд, публитсистика бо журналистика алоқамандии бештар пайдо кардааст.
Лозим  ба  ёдоварист,  ки имкониятҳои матбуоти даврӣ таъйиноти публитсистикаро тағйир дода, омилҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро дар он пурзӯр намуд. Публитсистика  ҳамчун навъи эҷоди муътақид ба воқеияти иҷтимоӣ эътироф гардида, масъалаҳои шинохти назарии он мавриди баҳси олимону муҳаққиқон қарор гирифт. Масъалаҳои чӣ будани публитсистика ҳарчанд дар нимаи дувуми асри XIX аз ҷониби олимони рус ба баҳси илмӣ ворид шуда, ба шарофати корҳои илмии В. В. Воровский, А. В. Луначарский, С. Г. Шаумян ва дигарон таҳқиқоти публитсистӣ ривоҷ ёфт. Бахусус дар давраи аввали ҳокимияти шӯравӣ дар Русия ва ҷамоҳири пешрафта нуфузи зиёд пайдо кард, аммо ба ҷанбаҳои назарӣ ва махсусияти осори ин навъи эҷод асосан баъд аз солҳои 70 – уми асри гузашта таваҷҷуҳ бештар гардид. Дар ин давра дар публитсистикашиносии шӯравӣ пажӯҳишҳои зиёде ба анҷом расиданд.
Дар фазои илмии шӯравӣ масъалаҳои назарии публитсистика, асосан, аз ҷониби адибон ва адабиётшиносон дар алоқамандӣ бо хосияти адабиёти бадеӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, пажӯҳишҳои олимони тоҷик М. Шукуров «Тадқиқи бадеӣ ва ҷанбаи публитсистӣ», А. Саъдуллоев «Публитсистикаи Мирзо Турсунзода», «Хосияти адабиёт» ва дигарон дар ҳамин рӯҳия амалӣ шудаанд. 
Дар замони имрӯз, ки бо инкишофи техникаву технология, аз ҷумла рушди интернет, навъҳои гуногуни муошират ба вуҷуд омада шакл мегирад, муносибати журналистӣ ва публитсистӣ низ ашколи тоза пайдо мекунад. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки талаботи ҷомеа дигаргун мешавад ва муносибати журналистӣ ва публитсистӣ низ тағйир меёбад. Имрӯз ҷомеа тақозо дорад, ки масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ на танҳо дар доираи маҳал, балки берун аз он, дар фазои ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор гиранд. Ин тақозои замони муосир, аз як тараф, аҳамият ва муҳимияти боз ҳам бештар пайдо кардани журналистика ва публитсистикаро нишон диҳад, аз сӯйи дигар, сатҳи баланд ва мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардани мавзӯоти баҳси онро мефаҳмонад. Далели ин ҳолат муборизаҳои сиёсиву ғоявии байни давлатҳо, ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои гуногун аст. Дар ин раванд мубориза барои ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар ҷои аввал меистад. Ҳифзи манфиатҳои миллӣ вазифаи як нафар ва ё гурӯҳи алоҳида нест, балки вазифаи тамоми ҷомеа аст. Агар ҷомеа фаъол набошад, татбиқи ғояҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва миллӣ табиӣ ва судманд сурат намегирад. Дар маърифатнокии ҷомеа, боло бурдани фаъолмандии касбиву шаҳрвандии мардум, ташкили муборизаҳои оқилонаву созанда баҳри татбиқи ин ё он барномаҳои муҳими давру замон, ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ нақш гузоранд ҳам, дар шароити имрӯза ҳеҷ яке аз онҳо мисли журналистика, ВАО ва публитсистика имконият ва афзалият надорад. Имрӯз на фақат ба онҳо таваҷҷуҳ бештар шудааст, балки таносуби публитсистӣ ва оҳангҳои иҷтимоӣ дар адабиёти бадеӣ афзалият пайдо кардааст. Имрӯз мо тавассути публитсистика ва публитсистон метавонем бо истифода аз воситаҳои гуногуни ахбори омма фазои иттилоотии кишварро соҳибӣ кунем, набзи онро муайян намоем, байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мубодилаи афкор ба вуҷуд орем. 
Агар дар ибтидо публитсистика ҳамчун намуди махсуси адабиёт дар қаринаи адабиёти илмӣ ва бадеӣ шинохта мешуд, имрӯз он хусусиятҳои ҷудогона пайдо намуда, ба шакли махсуси эҷод мубаддал гардидааст, ки инъикоси воқеият, тарғиби ғояҳои иҷтимоӣ ва ташаккули афкори оммаро дар назар дорад. Имрӯз публитсистика танҳо майл ба адабиёти бадеиву таърих надорад, балки майли он ба сотсиология, сиёсатшиносӣ, равоншиносӣ бештар шудааст. Мафҳуму ифодаҳои «ҷанбаи публитсистӣ», «рӯҳи публитсистӣ», «мабнои публитсистӣ», «оҳанги публитсистӣ», «тамоюли публитсистӣ» ва амсоли ин, имрӯз духӯрагии худро коҳиш дода, омили сирф публитсистиро касб намудаанд.
Бо дигар шудани таъйинот ва нақши ВАО самти пажӯҳиши ин соҳа низ тағйир ёфт. Агар самти пажӯҳишҳои илмии ин соҳаро қаблан, ағлаб масъалаҳои таърихӣ ва амалӣ ташкил медод, имрӯз таваҷҷуҳ ба мавзӯоти технологияи касбӣ, роҳу тариқаи истифодаи воситаҳои техникии замонавӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти ВАО, иртибот бо аудитория ва ғайра бартарӣ пайдо намудааст.
 Ҳолат, хусусият ва таъйиноти журналистика ва публитсистикаи муосир тақозо менамояд, ки муносибат ба таҳқиқи он тағйир ёбад, рӯҳи замонавӣ пайдо кунад, то натиҷаҳои илмии ҳосилшуда бо раванди ҷомеаи муосир ва инкишофи соҳа таъсири бештар расонад.
Ин ва дигар омилҳо нишон медиҳанд, ки заминаҳои ташаккули илмҳои публитсистикашиносӣ ва журналистика дар кишвари мо ҳаматарафа фароҳам шуда, предмети омӯзиш ва пажӯҳиши он муайян ва мушаххас шудааст. Ин аст, ки ҳамасола дар самти журналистика чандин рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ бомуваффақият дифоъ мегарданд.   
Аммо, мутаассифона, журналистика ва публитсистикашиносӣ ҳамчун илми алоҳида дар “Номгӯи самтҳои афзалиятноки инкишофи илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дохил карда нашудааст. Ба андешаи мо, дар асри рушди иттилоот, вақте ки омилҳои амнияти иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир ба мадди аввал баромадаанд, журналистика ва публитсистикашиносӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи илм дар Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф гардад.     
Бо итминони комил метавон гуфт, ки шомил намудани ин соҳа ба номгӯйи мазкур, на танҳо ба инкишофи ин соҳаи муҳими илм, балки дар пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа таъсири назаррас хоҳад гузошт.
Мурод МУРОДӢ,
Масрур АБДУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2017    №: 66    Мутолиа карданд: 735
07.04.2020


ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ТОҶИКИСТОН ЛИБОСИ ЯГОНААШРО ИНТИХОБ КАРД

НАМОИШИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

АМРИ ДИЛ. ҶАВОНОНИ СУҒД ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

ДОРУИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ ҲАФТАИ ОЯНДА ПАЙДО МЕШАВАД

ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС СУРАТҲИСОБ КУШОДАНД

ҲАВОИ ГАРМ МЕТАВОНАД ПАНДЕМИЯРО АЗ БАЙН БАРАД?

РОССИЯ БА ЧИН 80 МИЛЛИОН НИҚОБ ФАРМОИШ ДОД

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОБНӮШИИ ЗИЁД ТАВСИЯ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед