logo

сиёсат

ҚИССАИ ЯК ҲАҚИҚАТ

Ҷанг дар пай даҳшату харобӣ дорад. Ҳатто оғози он бас ногувору даҳшатафзост. Инсон танҳо дар ин давра бештар аз ҳама давраҳои дигар хору залил мегардад ва беарзиш мешавад.
Ҷанг раҳи ақлу андешаҳои солимро мебандад. Овозҳои хирадмандонро садоҳои тир хомӯш месозад. Таърих ин ҳақиқатро борҳо собит сохтааст, то бар бани башар дарсу сабақ бигардад ва барои сулҳу амният ҳамеша саъй ба харҷ бидиҳад. Аммо боз...  Аммо боз неруҳое ҳастанд, ки барои нафъи андак ва ё худ оташи ҷангро бармеафрӯзанд.
Муҳаққиқон, сиёсатмадорони асил бо таҳлилу баррасӣ ба ин натиҷа расиданд, ки ҳеҷ ҷанге бадтару шадидтар аз ҷанги шаҳрвандӣ нест. Ин ҷанг агар дар кишваре сар бизанад, бас хисорот меораду инсонҳои зиёд кушта мешавад ва ҳам он солҳои мадид идома меёбад. Бародарон, ҳаммиллатон то ба ҳафт пушт дар симои ҳамдигар душманони ҷониро мебинанд ва аз сангарҳо бурун намеоянд. Дар чунин вазъҳои бас мураккаби ҷаҳон бузургони маъруфи олам зиндагиро саросар фоҷиа хондаанд. Ҳамзамон, худро насли ҷабрдидаву дарбохта донистаанд.
Оре, зиндагӣ дигар он лаззату ширинӣ ва қимати худро аз даст медиҳад. Инсонҳо дар пеши ин тақдири бад оҷизу нотавонанд ва бар ҷанг ҷангида наметавонанд.
Андешаи муҳаққиқону аҳли сиёсат аст, ки ҷанги шаҳрвандии мо таҳмилӣ буд. Оғози ин ҷангро аз 5 – уми майи соли 1992 ҳисобиданд, ҳарчанд заминаҳову қурбониҳои он барвақттар буд. Бо вуҷуди ин то ба замони ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, яъне 27 июни соли 1997, 1880 рӯз сипарӣ шуд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ камтар аз ин – 1418 рӯз идома дошт ва тибқи омори расмӣ дар он 60 ҳазор шаҳрванди кишвари мо ба ҳалокат расида буд. Дар ин ҷанг шаҳрвандони мо иҷборан тарки манзилу диёр накарда буданд.
Ҷанги шаҳрвандии мо беш аз сад ҳазор қурбонӣ дошт. Садҳо ҳазор нафар ҷойи зисти худро дигар кард. Қариб 60 ҳазор тифл аз навозиши падару модар маҳрум гардид. Шаҳру деҳаҳо хароб гаштанд. Барҳақ, чунин ҷанги хунину бераҳмонаро таърихи кишвар ёд надорад.
Мардум вақте ин ҳақиқати талхро дарёфтанд ва бе пуштибон монданд, рӯ бар Худо оварданд, бо зорӣ ва илтиҷо. Чун музтар буданд ва дуо аз сари сидқ буд, Худованд ин гуна сарвару роҳбари шоистаро ато кард. Ҳамаи сифатҳои неку заруреро, ки хостор буданд, дар ӯ диданд ва бовар ҳосил намуданд, ки дигар аз вартаи ҳалокат мераҳанд.
Пеш аз ҳама Сарвари тозаинтихобу ҷавони кишвар дарёфта буд, ки мақсад аз ин ҷанги таҳвилӣ ва иқдомҳои даҳшатнок пароканда намудани ин миллати куҳанбунёд ва аз байн бурдани давлати ба истиқлолрасида мебошад. Ва ҳам барҳам задани ҳудуди ягонаи ҷуғрофии кишвар буд. Дар чунин вазъ, албатта, бо ҷанг ҷангидану бар он пирӯз гардидан ба осонӣ даст намедод. Он ҷасорату худфидоиро тақозо дошт. Ба ин хотир дар он рӯзгори пурфоҷиа касе ҷуз ӯ зимоми кишвару миллатро ба даст гирифтан нахост. Ин боз дар ҳоле буд, ки тамоми шохаҳои ҳокимият аз фаъолият боз монда буданд. Эътиқоду эътимоди мардум ба роҳбарони сиёсӣ ва Ҳукумат шадидан коҳиш ёфта буд.
Ӯ, Сарвари тозаинтихоб, бо таъкиду қатъият изҳор дошт: «Ман ба шумо сулҳ меорам. То даме ки охирин гурезаро ба Ватан барнамегардонам, худро осуда намеҳисобам.». Ва дидем, шоҳид гардидем, ки бар аҳдаш бо сарбаландӣ вафо кард. Ҳол он ки ҳатто гуфтани ин суханон бо қатъияту боварӣ дар он рӯзгор ҳеҷ осон набуд. Мардум ба суханону сидқу ҷавонмардии ӯ бовар доштанд, аммо душманон мепиндоштанд, ки дигар пирӯзӣ ба ҷониби онҳост.
Ҳанӯз аз ёдҳо нарафтааст, ки зимни муроҷиат ба гурезаҳои тоҷик гуфта буд: «Баргардед, ба шумо биҳишт ваъда намекунам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мебинем, ин Ватанро, ин сарзамини аҷдодиро обод месозем.». Ба хотир биёрем, ки оё умед ба обод кардани Ватану сарзамини аҷдодӣ буд? Не, ки не! Хазинаи давлату Ҳукумат холӣ буд. Мо ба ин ҳол то пеши поро медидему ӯ имрӯзу ояндаи дурахшонтарро.
Сарвари давлат дар баробари он ки барои баргаштан даъваташон намуд, ҳамзамон кафолати амнияти онҳоро низ дод.
Тасаввури ин ҳама имрӯз, ки сулҳу ваҳдат пойдор асту амният таъмин, осон менамояд. Аммо дар он рӯзгор мураккабтар аз ин масъала дигар масъалае вуҷуд надошт. Ҷой додани гурезаҳо, таъмини амният ва ҳамзамон, обод намудани харобаҳо дар ҳоле ки ҷанг идома дошт, магар осон аст? Ва ҳам ин боз дар ҳоле буд, ки гуруснагӣ таҳдид дошт, бемориҳои сироятӣ авҷ мегирифту паҳн мегардид.
Ҳанӯз он рӯзгор дар пеши назар асту суханони ӯ дар гӯш: «Дар як Мазори Шариф якуним ҳазор мардуми мо мурдаву хуфтааст, якуним ҳазор. Ин нанг бар миллати мо нест? Гӯристонҳои нав пайдо шудааст. Ҳазорсолаҳо мегузарад, миллати моро таъна мекунанд. Ҳар як нафаре, ки аз ин мавзеъ мегузарад, мегӯяд, ки ин гӯристони гурезаҳои тоҷик аст.».
Амали ӯ, сухани ӯ дар ҳар ҳолат чун самимию ба нафъи мардуму кишвар ва сулҳу амният мебошад, бас муассир асту созанда.
Аз суханони Сарвари давлат аст, ки «душманони миллат ба мақсуд нарасиданд ва ҳеҷ гоҳ намерасанд.».
Албатта, мо – ҳама низ бар ин боварем, зеро борҳо тирашон хок хӯрд ва замон дурустии суханони Пешвои муаззамро тасдиқ намуд.
Ӯ барои ҳидоят, раҳнамунии мо барҳақ изҳор медорад:  «Имрӯз мо бояд шукрона кунем, ки давлати соҳибистиқлол дорем, сарҷамъ ва ором ҳастем. Бинобар ин, дастовардҳои Истиқлолияти давлатиро ҳамчун гавҳари қиматбаҳо эҳтиёт кунем, ба қадри Ватани озоду мустақил, сулҳу оромӣ расем, ваҳдати миллиро таҳким бахшем ва дар баробари ин, наслҳои навро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия бикунем.». Илова бар ин ҳама, зарур аст, ки Пешвои миллатамон, онеро, ки бароямон сулҳ овардаасту ваҳдати миллиро пойдор сохтааст, бо ҷону дил дӯст бидорем, қадр бикунем ва чун гавҳараки чашм азизаш бидорему ҳифзаш бинамоем.
Абдукарим МУСТАФОЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дин, танзими
анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи
иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2017    №: 66    Мутолиа карданд: 590

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед