logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. ҒАМХОРИИ БЕШТАР ДАР ҲАҚҚИ ҶАВОНОН

Дар вилояти Хатлон бо арҷгузорӣ ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон тадбирҳои судманд ба роҳ монда шудаанд. Айни ҳол, дар шаҳру навоҳии вилоят бахшида ба Соли ҷавонон озмуну чорабиниҳои зиёди фарҳангию варзишӣ баргузор шуда истодаанд. Доир ба вижагиҳои Соли ҷавонон, аҳамияти чорабиниҳои вобаста ба он бо Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, ҳамсуҳбат шудем, ки чунин ибрози назар намуд:

- Иқдоми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели равшани таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба насли ҷавон буда, барои боз ҳам фаъол гардидани онҳо дар бунёди ҷомеаи демократӣ, тақвияти ҳисси худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон заминаи мусоид мегузорад. Ҷавонони вилояти Хатлон ҷавобан ба дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат дар кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ кӯшиш менамоянд, ки барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ, пешрафти ҷомеа ва рушди устувори Тоҷикистон нақши мондагор гузоранд. Доир намудани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ дар доираи Соли ҷавонон имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят идома дорад. Масалан, моҳҳои январ ва феврал ҷавонони ноҳияи Ёвон бо ташаббуси худ зери унвони “Истиқлолият, Президент ва ҷавонон” ҳамоиши фарҳангӣ доир намуданд. Ҷавонони ноҳия бо қироати шеъру суруд, рубоию ғазал дар васфи Ватан, Модар, Пешвои миллат ва баргузории мусобиқаҳои варзишӣ хотири иштирокдорони ҳамоишро шод гардонданд. Дар пайравӣ бо ин ҷавонони шукргузор ҳамсолони онҳо дар шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Ховалинг ва Балҷувон низ роҳпаймоию чорабиниҳои хотирмон доир карданд.
Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ахиран дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб аксияи тарбиявии “Ало! Салом, модар! Ман туро дӯст медорам!” гузаронд. Чил волонтёр телефонҳои ҳамроҳашонро ройгон дар ихтиёри роҳгузарон гузошта, онҳоро ба он ташвиқ мекарданд, ки ба модарони худ бо лутфу меҳрубонӣ сухан кунанд. Бардошти ҷавонон аз ин иқдом он буд, ки модарон ҳам ниёз ба шунидани ҳарфи ширину гуворо доранд. Ҳамзамон, то имрӯз муваффақ бар он шудем, ки бо ҷалби ҷавонону наврасон як қатор чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла “Форуми ҷавонони вилоят”, силсилаконфронсҳои олимони ҷавон, аксияи “75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон” таҳти шиори “Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад...”, озмунҳои мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат”, “Ихтироъкори ҷавон”, “Ҳусноро”, сабқатҳои таомпазию забондонӣ миёни духтарони деҳот, “Бизнес-нақшаи беҳтарин”, мусобиқаи “Беҳтарин ҳунарманди ҷавон”-ро дар сатҳи баланд баргузор намоем.
Барои бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон раёсат ҳамкории доимиро бо дигар ниҳодҳои давлатӣ ва намояндагиҳои бахшҳои хусусӣ тақвият дода истодааст. Мо дар ҳамдастӣ бо Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят ҷавонони зиёдеро ба курсҳои забономӯзӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ, омодасозии ғизо, дуредгарӣ, челонгарӣ ҷалб намудем.  Дар назди 17 маркази фарҳангӣ барои ҷавонони шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Данғара, Темурмалик, Фархор, Носири Хусрав, Дӯстӣ ва Ёвон курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ, кор бо компютер, тарроҳӣ ва қаннодӣ таъсис дода шуд. 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2017    №: 67    Мутолиа карданд: 604

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед