logo

иҷтимоиёт

ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ. АҲАМИЯТИ МУҚОВИМАТИ МАФКУРАВӢ ДАР ПЕШГИРИИ ОН

Имрӯз дар қатори зуҳуроти дигари номатлуб паҳншавии ифротгароии динӣ дар олам, ки ба кишвари мо ҳам бетаъсир нахоҳад буд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Хатари онро мо пеш аз ҳама дар гаравиши иддае аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мушоҳида менамоем.
Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳанги волои ҳамдигарфаҳмӣ буда, ба ғояҳои тундгароёна майл надошт. Ин хусусияти тоҷикон ҳам дар марҳалаи тоисломӣ ва ҳам дар марҳалаи исломии таърихи миллат ба мушоҳида мерасад. Гузаштагони барӯманди халқи тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни исломӣ саҳми бисёр бузург гузошта, бо офаридани осори бузурги маънавии илмию фарҳангӣ доир ба роҳҳои таҳкими пояи давлатдорӣ ва ҳифзи мазҳаб андешаронӣ намудаанд. Чунончи, дар «Сиёсатнома»-и Низомулмулки Тӯсӣ таъкид шудааст: «...Кадхудоёни он давр ҳама соҳибпешагони Хуросон будаанд ва дабирони Хуросон ҳанафимазҳаби покиза бошанд. Дабирон ва омилони бадмазҳабро ба хештан роҳ надодаанд ва на аҳли Хуросон ҳаргиз раво доштандӣ, ки эшонро шуғл фармоянд. Гуфтанд, инон ҳаммазҳаби дайламиёнанд ва ҳавохоҳи эшон чун пой устувор кунанд, кори аҳли ин сарзамин ба зиён оваранд ва мусулмононро ранҷҳо расонанд». Гуфтаҳои мазкур бори дигар собит менамояд, ки мушкилиҳои имрӯзаи ҷаҳони ислом дар даврони гузашта низ бо рангҳои гуногун зуҳур кардаанд ва миллати тоҷик бо ҳифзи мафкураи асили худ тавонистааст аз ин гуна вартаҳои зиндагӣ худро наҷот диҳад.
Паҳлуи ҳуқуқии сиёсати давлатӣ оид ба мубориза бо ифротгароии динӣ, пеш аз ҳама, тавассути татбиқи қонунгузории амалкунанда роҳандозӣ мешавад, ки дар маҷмӯъ асосҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро барои пешгирии он ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор фаро гирифтааст. Ба тасвиб расидани “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ шудааст, заминаи ҳуқуқии муқовимат ба ифротгароиро боз ҳам қавӣ намуд. Аммо бояд дарк намуд, ки мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм танҳо дар сатҳи муборизаи меъёрӣ ва татбиқи таъсиррасонии ҷиноятӣ ба итмом намерасад. Дар ин паҳно воситаҳои иловагӣ ва унсурҳои мухталифи идеологӣ, ахлоқӣ, мафкуравӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва ҳатто динӣ низ шарт ва зарур аст. Аз ҷумла, мувофиқи мақсад аст, ки натиҷаҳои таҳлилу омӯзишҳои марказҳои илмии ватанӣ доир ба сабабу шароити пайдоиш ва авҷ гирифтани унсурҳои ифротгароии динӣ дар вазъи кунунӣ ба масъулони татбиқи меъёрҳои қонун омӯзонда шуда, баҳри ҳамоҳанг сохтани фаъолияти дастаҷамъона дар решакан намудани ин раванди номатлуб истифода шавад.
Барои мо илми ободкунандаву роҳкушоянда ва исломи созанда лозим аст, ки тавонад истодагарии тафаккури ҷавононро дар муқобили ҳар гуна ғояҳои ифротӣ таъмин намояд ва онро ба самти рушду шукуфоии Ватани азизамон ҳидоят кунад. Бо истифода аз дастовардҳои фарҳанги ғании миллӣ ва мероси ахлоқиву маънавии гузаштагон мебояд дар замири ҷавонон асли таҳаммулгароӣ эҳё гардида, садди роҳи воридшавии мафкураи зӯроварона гирифта шавад. Баҳри расидан ба ин ҳадафҳо амалисозии чораҳои маҷмӯии якҷояи ҳуқуқӣ, мафкуравӣ, фарҳангӣ ва илмӣ мувофиқи мақсад мебошад. Бо ташаккули неруи қавии мафкуравии ҷавонон, ки пурра ва самимона аз ҳидоятҳои Пешвои миллат маншаъ мегиранд, мо метавонем тадбирҳоеро рӯи даст гирем, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, илму дониш, ободкориву созандагӣ, ҳифзи истиқлолият ва сулҳу суботи ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бунёди асли таҳаммулгароӣ нигаронда шудаанд.
Бахтиёр ЮНУСЗОДА,
мудири бахши ҳуқуқи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои
миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2017    №: 67    Мутолиа карданд: 583

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед