logo

иҷтимоиёт

ДДТТ. ДОНИШҶӮЁН ДАР ВАРЗИШ НИЗ МУВАФФАҚАНД

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мусоидату дастгириҳои пайвастаи  Ҳукумати кишвар соҳаи варзиш беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад.    Муваффақиятҳои солҳои ахир бадастовардаи варзишгарони тоҷик, бахусус медали биринҷии Расул Боқиев (дзю-до) дар Олимпиадаи Пекин, медали биринҷии Мавзуна Чориева (бокс) дар Олимпиадаи Лондон ва пирӯзии гурзандоз Дилшод Назаров  дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро, далели ин гуфтаҳоянд.
Дар партави иқдомҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ  ибни Сино низ дар баробари омӯзиши нозукиҳои  илми тиб, барои бо намудҳои  гуногуни варзиш фаро гирифтани донишҷӯён шароитҳои хубу муосир фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, тамоми дастаҳои варзишии таълимгоҳ  бо либоси варзишӣ таъмин буда, майдону толорҳо тармиму таҷдид ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гаштаанд.
Дар донишгоҳ  кафедраи валеология (валеология – илм дар бораи тарзи ҳаёти солим) ва тарбияи ҷисмонӣ  амал мекунад, ки сарварии кафедраро  номзади илми тиб,  дотсент  Шоиста Сагдиева ба уҳда дорад.   Ба ғайр аз соатҳои таълимӣ,  дар ДДТТ боз маҳфилҳои варзишӣ амал мекунанд, ки донишҷӯён берун аз дарс  таҳти роҳбарии устодон Аҳмад Умаров (гӯштии тарзи озод), Нишон Ҳасанбоев (футбол), Шамсиддин Носиров (гӯштии миллӣ)  машқу тамрин намуда, дар мусобиқаҳои мухталиф ҳунарнамоӣ мекунанд.
 Соли сипаришуда варзишгарони донишгоҳ дар спартакиадаи донишҷӯён аз рӯи намудҳои гӯштии тарзи озод, дзю - до, волейбол, футбол ва варзиши сабук ширкат варзиданд. Қобили зикр аст, ки шаш дастпарвари ДДТТ аз намудҳои гуногуни гӯштӣ соҳиби як медали тилло, се медали нуқра ва ду медали биринҷӣ гаштанд. Инчунин,  баскетболбоздухтарони донишгоҳ  дар  мусобиқае,  ки аз тарафи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон гузаронда шуда буд, иштирок карда, ҷойи аввалро гирифтанд. Ин комёбиҳову муваффақиятҳои донишҷӯён натиҷаи дастгириҳову ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ мебошад. Ва роҳбарият низ ҳамеша ба он кӯшиш менамояд, ки шумораи бештари толибилмон рӯ ба варзиш оваранд, зеро солимии ҳар нафар солимии ҷомеа ва давлат аст.    
Далер АСЛОНОВ, омӯзгори ДДТТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2017    №: 67    Мутолиа карданд: 378

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед