logo

иқтисод

БМТ: ЧОРАҲОИ ҚАТЪӢ ДАР ТАНЗИМИ БОЗОРИ АСЪОР

Буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисоди кишвар, хусусан бахши молиявии он, пардохтпазирии муассисаҳои қарзӣ, раванди иҷрои вазифаю уҳдадориҳои онҳо дар назди муштариёни пасандозгузор, қарзгир, қарздеҳ ва умуман иҷрои талаботи меъёрҳои Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби муассисаҳои қарзӣ таъсири шадиду ногувор мерасонад.
Бонки миллии Тоҷикистон, тавре шуъбаи матбуоти он иттилоъ медиҳад, бо мақсади пешгирӣ намудани ин таъсири ногувор, хавфҳои зиёди эҳтимолӣ ва ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои пасандозгузорону қарздеҳон тибқи қонунгузории кишвар иҷозатномаҳои ҶСП «Тоҷпромбонк» ва ҶСК «Фононбонк» - ро бозгирифт. Ҳоло аз ҷониби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар ин бонкҳо мудириятҳои махсус таъйин шудаанд, ки мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо мақсади қонеъ намудани талаботи қонунии амонатгузорону қарздеҳон аз ҳисоби дороиҳо ва молу мулки ин бонкҳо қарзҳо ва гаравҳоро бармегардонанд. Ба ҳар як пасандозгузор - шахсони воқеӣ аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ то 17500 сомонӣ дода  мешавад. Агар пасандоз аз 17500 сомонӣ бештар бошад, қисми боқимондаи маблағро аз ҳисоби дороиҳо ва молу мулки бонкҳои номбурда мепардозанд. Хизматгузорӣ ба пасандозгузорон аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 16 март оғоз ёфт. Ба пасандозгузорони «Тоҷпромбонк» дар шуъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон – «Амонатбонк» ва ба пасандоздорони «Фононбонк» дар шуъбаҳои «Ориёнбонк» хизмат расонда мешавад.
  Аз маълумоти созмонҳои байналмилалии молиявӣ бармеояд, ки на танҳо қурби асъори миллии Тоҷикистон, балки аксари кишварҳои ҷаҳон, хусусан мамлакатҳое, ки таносуби воридоташон нисбат ба содирот баланд аст, дар ҳоли лаппишҳои номуайян қарор дорад. Сиёсати пулии қотеъонаи Низоми захиравии федеролии ИМА, яъне баланд бардоштани меъёри фоизии он (бори охир 16 марти соли 2017 - то 0,25 банди фоизӣ) низ ба қурби асъори миллӣ таъсири  номатлуб расонд. Дар давоми сол боз ҳам зиёд гардидани ин меъёри фоизӣ, ки аз эҳтимол дур нест, ба қурби асъори миллӣ ва болоравии нархи маҳсулоти истеъмолӣ фишори бештар низ расонда метавонад. Тибқи маълумот, дар ибтидои соли ҷорӣ болоравии нархи маҳсулоти асосии хӯрокворӣ дар ҷаҳон ба ҳисоби миёнаи солона 10,1 % - ро ташкил дод ва ин қиматшавӣ ба сатҳи таваррум дар кишвари мо низ таъсири манфӣ расонд.
Буҳрони идомаёбандаи ҷаҳонӣ ва таъсири он ба иқтисоди кишвар дар моҳи март низ ба қурби асъори миллӣ фишор оварда, боиси ҷаҳиши қурби асъори нақди бозорӣ  гардид. Зиёдии ҳиссаи молҳои воридотӣ дар сабади истеъмолӣ (бештар аз 60 %), фишорҳои дигари қурбию монетарӣ, ҳамчунин, омилҳои дохилию берунии дигар, назири афзоиши ҳаҷми пули нақд, ваҷҳҳои мавсимию равонӣ, зиёдшавии талабот ба асъори хориҷӣ, амалиёти ҳаннотӣ ва  фаъолияти ғайрирасмӣ дар харидуфурӯши асъори нақд ҳам ба халалёбии эътидоли сатҳи нархҳо ва қурби асъори миллӣ бетаъсир нестанд.

Сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, тавре аз таҳлилҳо, мушоҳидаҳо ва омори соҳа бармеояд, вазъи кунунии бозори дохилии асъор назар ба ҳамин давраи соли гузашта нисбатан босуботу устувор аст. Болоравии сатҳи таваррум бештар дар моҳи феврал, асосан аз ҳисоби таъсири омилҳои мавсимӣ, болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ ва хизматрасонӣ ба мушоҳида расид ва ин раванд дар моҳи март низ идома ёфт. Тайи моҳҳои январу феврали соли ҷорӣ коҳиши қурби расмӣ 1,7 ва қурби нақдӣ 4,8 % - ро ташкил  додааст. Дар ду моҳи аввали соли гузашта бошад, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 10,6 % ва қурби нақдии он 5,7 % паст шуда буд. Яъне раванди таносуби баръакс ба амал омадааст ва фарқияти байни қурби расмию нақдии сомонӣ бештар аз 2 % зиёд шудааст. Вазъи ҷойдошта номутаносибии тавозуни содироту воридотро дар савдои хориҷӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷии кишварро дар муносибат бо шарикони асосии тиҷоратӣ инъикос менамояд.
Тағйирёбии қурби асъори миллӣ дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ муътадил бошад ҳам, дар бозори харидуфурӯши доллари нақдӣ аз эътидол берун аст. Азбаски қисмати асосии харидуфурӯши асъори хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ ба таври ғайринақдӣ сурат гирифта, муомилоти нақдӣ ҳиссаи ночизи (11,8%) онро ташкил менамояд, ин вазъ яке аз омилҳои ҳалкунандаи нисбатан муътадил боқӣ мондани нархҳо ва сатҳи таваррум дар ин давра гардидааст. Вобаста ба ин, бо мақсади таъмини самаранокии иқтисодиёт, рақобатпазирии тиҷорат, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии давлат ва маблағгузории барномаҳои муҳимтарини давлатӣ зарурати дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ якдафъаина тасҳеҳ кардани қурби расмии асъор нисбат ба доллари ИМА ба миён омад. Бо мақсади коҳиш додани хавфҳои эҳтимолии болоравии сатҳи таваррум, пешгирӣ кардани поёнравии қурби асъори миллӣ, паст намудани талабот ба доллар дар иқтисодиёт ва дар ҳадди эътидол нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллӣ 20 март дар бораи зиёд кардани меъёри бозтамвил ба андозаи 3,5 банди фоизӣ  ва дар сатҳи 16,0 фоизи солона муқаррар кардани он; баланд бардоштани меъёри фоизи захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ ба андозаи 1,5, бо асъори хориҷӣ 2 банди фоизӣ ва мутаносибан дар сатҳи 3 ва 9 фоизи солона муқаррар намудани онҳо; барориши коғазҳои қиматноки 6 – моҳа бо фоизи меъёри бозтамвил ба иловаи 2 банди фоизӣ барои кам кардани таъсири манфии пули нақд дар муомилот ва роҳандозии тадбирҳои дигари нигоҳдории вазъи муътадили молиявӣ қарор кард.
Вазъи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии қурби пули миллӣ, тавре аз изҳороти шуъбаи матбуоти БМТ бармеояд,  мавриди мушоҳида, таҳлил ва назорати доимии Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад. Дар баробари ин, мутаассифона, бояд иқрор намуд, ки вазъи молиявӣ хушҳолкунанда ҳам нест. Он, хусусан дар самти ҳифзи ҳуқуқи пасандозгузорон ва гум накардани эътимоди мардум ба бонкҳо, беҳбудӣ металабад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ (22.12.2016) фаъолияти муътадили низоми бонкиро яке аз омилҳои асосии рушди босуботи иқтисодӣ арзёбӣ намуданд ва хотирнишон сохтанд, ки «Низоми бонкии кишвар ва назорати  фаъолияти бонкҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест».
Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, Бонки миллӣ ва Вазорати молия супориш доданд, ки «Фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ чораҳои фаврӣ андешанд».
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2017    №: 67    Мутолиа карданд: 431

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед