logo

фарҳанг

НАВРӮЗРО ГӮЁ БЕШ АЗ ХЕШ МЕШИНОСАМ…

Дар хотир надорам, ки Наврӯзро аз кай мешиносам. Шояд аз он замоне, ки сари по шудаму бори нахуст таоми бо алафҳои баҳорӣ пухтаи модари меҳрубонамро хӯрдам. Ва ӯ гуфт:
- Гир, бачам, хӯроки наврӯзӣ тайёр кардам. Дар Наврӯз оши бурида пухтану ба ҳамсояҳо додан савоб аст.
Ё вақте Наврӯзро шинохтам, ки бори аввал бо бачаҳои деҳа «гулгардонӣ» рафтам. Мӯйсафеди деҳа, бобои Абдул сиёгӯши тару тозаеро, ки пайғоми наврӯзии мо буд, ба дидаҳо молиду гуфт:
 -Худо то чанд Наврӯзи дигар моро расонад.
Шояд номи Наврӯзро бори нахуст замоне шунидам, ки мардони деҳа миёни ҳам машварат намуданд, то омадани Наврӯз каналу ҷӯйборҳоро тоза кунанд. Падарам яке аз ташаббускорони ин маърака буд. Ва ман аз паси ӯ медавидам, то баъди тоза кардани ҷӯйборҳо омадани Наврӯзро бубинам. Бо содагии тифлона Наврӯзро гоҳ ба сурати модарам ғамхору меҳрубон, гоҳ чун падарбузургам пири баландқомати нуронӣ тасаввур мекардам.
Пиразани ҳамсоя, момои Хитойбӣ, ки докаи сафед дар сар ва пироҳани гулгардӣ дар тан дошт, афсонаҳои аҷиб медонист. Афсонаҳои ӯро мисли ғизоҳои лазизи наврӯзии модарам дӯст медоштам. Ҳар гоҳе ба хона меомад, зорию тавалло мекардем, ки бароямон афсона гӯяд. Момои Хитойбӣ мегуфт:
- Деви чорсара аз ғор баромад. Вақте дид, ки Наврӯз расидаасту ҳама ҷо пур аз гулҳои наврӯзӣ, тарсид ва давида ба ғор даромад.
Наврӯзро дӯст доштам, ки деви бадкор аз ӯ тарсида, дубора вориди ғор шуд.  Агар китоби хотираҳои зиндагиамро варақгардон кунам, дар аксар саҳифаҳои он Наврӯз тавъам бо хотираҳои кӯдакиву наврасӣ ва ҷавониям сабт аст. Ёд дорам, ҳафт ё ҳаштсола будам. Бори аввал баробари омадани Наврӯз бо бачаҳо ба чидани қоқу рафтам. Қиблагоҳам ин гиёҳро хеле дӯст медошт.
- Қоқу манфиати зиёд дорад, - мегуфт ӯ.
Ҳар сол Наврӯз ояд, маро хумори дӯғи тозаи хурмаи певози модарам мегирад. Певоз гӯё тиҷорат буд, аммо хеле боинсофона, касе манфиати хешро аз манфиати дигарон боло намегузошт. Бонувон ба хонаи зани певоздор шир меоварданд ва онро бо ишорачӯб чен мекарданд. Баъди ширро ҷурғот хобондан ва дар хурма бо чархчӯб маскаи ин ҷурғотро ҷудо карда гирифтан, зани широварда бо ёрии ҳамон ишорачӯб баробари шир дӯғ мебурд. Ва зани певоздор то тамом шудани навбаташ равғани зард фоида мегирифт. Дар ин доду гирифт ягона далел ишорачӯбҳо буданд. Модарам ба ишорачӯбҳо ҳатто даст расондани моро қатъиян манъ карда буд. Ҳар сол дар арафаи Наврӯз он манзараи шинос ва дӯстдоштанӣ пеши назарам меояд. Дар назарам модарам боз навбати певоз дорад. Ва рӯи долони барҳавои ҳавлии падар ӯву зани ҳамсоя-холаи Тоҷигул то ба амонат хиёнат нашавад, бо ишорачӯбҳо шири овардаи ҳамсояро чен мекунанд…
Наврӯз бароям чун панди падар сароғози дарки масъулиятшиносист…
Бо фарорасии фасли баҳор дар деҳаи мо мавсими намадрезӣ оғоз мешуд. Намадро аз пашми гӯсфанд тайёр мекарданд. Аввал пашмро шуста, бо асбоби махсус мезаданд. Як миқдор пашми сафедро пеш аз задан ранг мекарданд: сурх, гулобӣ, зард, сабзу кабуд. Баъд аз ин устои намадрез болои матои сахт тарҳи намадро мерехт. Аз рӯи завқу салиқа онро бо пашмҳои рангшуда гул партофта, ороиш медод. Сипас матои болояш намадрехтаро мепечонданд ва бо риштае сахт баста, ин тарафу он тараф ғел мезанонданд. Ҳангоми ғелондан гоҳ-гоҳ ба зону зада, онро бо даст низ мекӯфтанд. Ин ҳолат се-чор соат ё аз ин бешу кам давом мекард. Танҳо баъди ин пашм сахт шуда, қолаби намадро мегирифт. Дар саҳни ҳавлӣ, дар дегҳо шӯрбо ва дар самовар чой меҷӯшид. Ҳашари намадрезӣ мисли тӯй буд, ки ҳар марди деҳа аз рӯи ҷавонмардӣ ва орияти деҳдорӣ бояд дар он иштирок мекард. Ҳатто мӯйсафедони солхӯрда ба хонаи намадрезу намаддор омада, ӯро муборак мегуфтанд ва дуо мекарданд, ки болои намади наваш ба хушӣ рӯз бинаду тӯю сур кунад. Мо бачаҳои хурдсолу наврас дар ин маърака ба калонсолон дастёр будем. Дӯст медоштам, ки бо баҳонаи ҷойҷӯшонӣ ва дастобрезӣ  ба суҳбати пирони деҳа, ки дар болои кат баҳузур менишастанд, гӯш диҳам. Суҳбати онҳо мисли афсонаҳои момаи Хитойбӣ ҷолибу шуниданбоб буд. Ҳар кадом аз гузаштаи мароқангези хеш қиссае дошт, ки шаммае аз онро ман дар намадрезӣ мешунидам.
Акнун, ҳар сол вақте Наврӯз меояд, пеши назарам гулҳои зебои намади хушранг ва косагулҳои гирдогирдаш, ки бо гузашти замон дарк кардам, нишони ориёиҳо буд, падидор мегардад. Ва ин косагулҳо, ки рамзи чаҳорпарадори ориёиҳост, дар намадҳои хушсохту хушранг, дар куртаву чодарҳои чакани духтарону занҳо, ҳатто дар миёнбанди гулдӯзии мардҳо аз насл ба насл ба мерос омад. Ва Наврӯзро, ки дар хеш ин суннатҳои волоро ғунҷоиш додааст, гӯё беш аз хеш мешиносам…
Афкори миллати тамаддунофари ман, ки аз се мафҳум - пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек иборат аст, на танҳо хислатҳои ҳамидаи инсониро, балки ахлоқу одоб ва сохтану обод кардан, шодоб гардондану коштанро низ талқин менамояд. Падарам ҳамеша мегуфт:
- Вайрон кардан осон, бунёд кардан душвор. Кӯшиш кунед, ки ҳама вақт бунёдкор ва созанда бошед, на вайронкор…
Хоналӣ  ҚУРБОНЗОДА,
ректори  Донишкадаи ҷумҳуриявии
такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2017    №: 67    Мутолиа карданд: 380

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед