logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ТЕАТРИ АЛОВУДДИН
Ҳунарманди маъруфи кишвар Аловуддин Абдуллоевро ҳама бо истеъдоди ҳайратангез, шӯхиҳои ҷолиб, маҳорати баланди тақлидкорӣ ва  эҳсоси вижаи ширинкориаш мешиносанду дӯст медоранд. «Шӯхиҳои Аловуддин» барномаи ҳаҷвие аст, ки ҳам муаллифу коргардон, ҳам бозигари кулли нақшҳо ва ҳам пардозгари он худи Аловуддин мебошад. Дар илми театршиносӣ ин ҳунарро «Театри як актёр» мегӯянд. Вале бояд таъкид дошт, ки ҳунари А. Абдуллоев худ як театри алоҳида – «Театри Аловуддин» аст.
Мунаққидони театр тахайюлоти болопарвоз, мушоҳидакорӣ, тобишҳои гуногун ва имкониятҳои фаррохи нутқи ҳунарманд, мимика ва ҳаракату ҳолатҳои аҷиби ӯро хусусияти фарқкунандаи ҳунараш меҳисобанд. Муносибати озоду самимонааш бо шарикон дар саҳна, эҳсоси дуруст шунидани партнёр, ба маънии суханҳои ӯ дарҳол сарфаҳм рафтан ва  дар ҷояш ҷавоб додан  ҷавҳари ҳунари ӯро ташкил медиҳад.
Соли 2015 Аловуддин Абдуллоев аз ҷониби намояндагони ВАО «Ҳунарманди сол» эълон гардид, ки ин бесабаб нест. Зеро Аловуддин Абдуллоев воқеан, аз сермаҳсултарин актёрони муосири тоҷик мебошад. Кас ба имкониятҳои беохири фитриву ҷисмонӣ ва эҷодии ӯ назар намуда,  беихтиёр ба ин андеша мерасад, ки ҳунар чашмаи хушкнашаванда аст. 
Таҳияи Лашкар ШАРИФ


"НИКОМУ НЕВЕР!"
Устод Убайдулло Раҷабов ҳикоят карданд, ки порсол Раҳматулло Асламшоев назди ҳамкорон таъриф кард, ки маро то имрӯз дар 1 апрел касе фиреб надодааст. Ман ба ӯ телефон карда, бо лаҳни эронӣ пурсидам. «Шумо ҷаноби оғои Раҳматулло Асламшоюф ҳастед?»
Дар ҷавоб ӯ гуфт:  «Первый апрел, никому невер».
Ман гуфтам:
-  Нафаҳмидум оғо.
- Чӣ хел нафаҳмидӣ,- боз такрор кард ҳамон ибораи русиро.
Баъд ман гуфтам: «Мо кормандони синамои Ирон ҳастем. Мехоҳем дар бораи Тоҷикистон филме ба навор бигирем. Бигзор ҷаҳониён бидонанд, ки Тоҷикистон дар ҳағиғат як кишвари зебост.
Аз касони зиёде пурсон шудем, гуфтанд, ки Тоҷикистонро ҳамчун Асланшо Раҳматуллоюф касе хуб намедонад.
- Ҳо – о, гуфт, - ман нағз медонам Тоҷикистона.
- Ҷаноби оғои Раҳматуллоюф, маъзарат мехом, маблағи мо он қадар зиёд нест.
- Чандқаҳай маблағтон?
- Танҳо 20 ҳазор дулор!
- 20 ҳазор доллар? Хай, дар ҳақиқат кам асту шумо, ки меҳмон ҳастед, як вохӯрданамон даркор.
- Ман Душанберо он қадар хуб намедонам, балад ҳам нестам.
- Ба киностудияи «Тоҷикфилм»-а биёед, ман дар даҳани дарвозаи он чумбоқ истодагиюм.
- Оғо чумбоғаш, яъне чӣ?
- Чумбоқ, яъне рост меистум,  - посух гардонд.
Ман ба киностудия рафтам, ки дар назди дар касе нест. Дохил даромадаму ба ӯ телефон кардам. Ҷаноби оғои Раҳматуллоюф.
- Бале – бале, - гуфт. - Наёмаден, мазох мекунен шумо?
- Ман омадам, пурсидам, ки ҷаноби оғои Раҳматуллоюф ҳаст? Дарбон посух дод, ки дар мо ин хел одам нест.
- Чӣ хел нест, - гуфт. Ман народный артисти  РТ ҳастам. Тамоми корҳои киностудия ман мекунум, ман набошум агар…
- Мутаассифона, шуморо пайдо накардем, оғо.
- Дар куҷоӣ, - гуфт.
- Дохили бино.
- Ҳаму ҷота бест, ягон ҷои дигар нарав, ҳозир меём.
Баъд Раҳматулло омад, маро диду гуфт: «Устод, як – ду одами хориҷиро надидед?»
Гуфтам, ҳо ана дар он ҷо ҳастанд. Тарафи толор медавид, ки гуфтам, «Первый апрел, никому невер!»
Хандиду гуфт: «Устод, мо як соат шуд, ки ҳисобу китоб дорем, 300 доллар барои наворбардор, 500 доллар режиссёр... Инаш дарди бахайр. Мо бо Юнус Юнусович маслиҳат кардем, ки 5 – 6 ҳазор долларша сарф мекунему боқимондаша дар кисса занем».
Р. КАРИМЗОДА


ТАҲРИРИ СОЯДАСТ
Корманди нашриёт будам. Рӯзе дар дасти ҳамкорамон Муҳтарам китоби «Роҳи паси ағба»-и Ӯрун Кӯҳзодро дида, аз ӯ хоҳиш кардам, ки онро ба китобхонаи падарам тақдим намояд. Шоир Муҳтарам розӣ шуда, соядасте навишт: «Ҳарчанд ки роҳи ағба мушкилгузар аст. Биштоб, Зиёфати Ашӯри Сафар аст». Китобро ба падарам расондам. Ӯ ин туҳфаро бо хушнудӣ қабул намуд. Вале, вақте ки соядастро хонд, ба ман рӯ оварда гуфт:
- Китоби нағзу соядасташ таҳрир талаб мекунад. «Биштоб, аёдати Ашӯри Сафар аст» мегуфт, хубтар мебуд. Зиёфат вазнин аст.
- Чӣ хел вазнин?- таҳти гапи ӯро сарфаҳм нарафта, пурсидам ман. - Аёдату зиёфат як хел вазн дорад - ку? Вазнин нест!
- Ту дар умрат зиёфат надода бошӣ, аз куҷо медонӣ, ки вазнин аст ё не?! - табассум намуда, гуфт падарам.
Гурез САФАР


Норман Казисон
ИНСОНЕ, КИ МАРГРО ХАНДОНД
Одамони хандон саодатманданд, зеро онҳо заминро рӯшноӣ ва дилҳоро таскин мебахшанд.
Анхел де Куатэ

Пас аз ҳодиса бо Норман Казинсон, ки ба таърих чун инсони «инсони маргро хандонда» ворид шудааст, солҳои 70 - уми қарни гузашта дар Амрико илм дар бораи ханда - гелотология пайдо шуд. Ин олими амрикоӣ ба бемории коллагеноз гирифтор шуд. Духтурон шифоёбиашро зери суол гузоштанд. Казинсон баъди аз беморхона баромадан, ҳамарӯза то 5 - 6 соат филмҳои мазҳакавӣ тамошо карда механдид. Пас аз як ҳафта дардҳояш гум шуданд, баъди як моҳ ба ҳаракат оғоз кард ва дере нагузашта ҳатто ба фаъолият баргашт.
Пас аз ин ҳодисаи ҳангомаангез дар Амрико ва Ғарб тадқиқотҳои илмӣ оид ба ханда оғоз шуда, он чун навъи психотерапия рушд кард.  
Тадқиқоти олимони хориҷӣ нишон дод, ки ханда барои бадан ва рӯҳияи инсон таъсири бузурги беҳдоштӣ дорад. Маълум аст, ки мағзи сар ҳангоми ханда ҳормони эндорфин – «ҳормонҳои хушбахтӣ» ҷудо мекунад, ки бар системаи сироятпазирӣ тавоно аст.
Ҳангоми ханда кори системаи дилу рагҳо ва нафаскашӣ, узвҳои ҳозима хуб шуда, эҳсосоти хашм, тарс ва хиҷолат дур мешаванд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


1 АПРЕЛ. КАЙ РӮЗИ ХАНДА ШУД?
Дар ниҳоди ҳар шахс шӯхӣ кардан ё касеро мазоқ намудан ё дурӯғи ҳазломезе гуфтан ниҳон аст, яъне ҷавҳари одамӣ моломоли ҳазл аст. Аз ин рӯ, мо дар мавридҳои муносиб ҳамдигарро ҳаҷв мекунему аз ин кор завқ мебарем, ки 1 апрел аз чунин мавридҳои хос аст. Лекин ин рӯз кай Рӯзи ханда ва ё дурӯғгӯӣ шуд, маълум нест. Тоҷикон аз қадим ҳазлгӯю ҳазлбоз ва шӯхибардор будаанд. Дар асарҳои Убайди Зоконӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Мавлоно Фахриддин Алии Сафӣ, латифаҳои халқӣ дар хусуси Хоҷанасриддин ҳаҷву мутоибаҳо то ба дараҷаи иғроқ ҳам расидаанд. Аз асарҳои нависандагони асри XVII рус ҳазлу мутоиба, латифаю ҳикоёти зиёдеро мутолиа метавон кард ва ҳам 1 апрел чун Рӯзи ханда ба мо аз Русия омадааст. Дар баъзе сарчашмаҳо ишора рафтааст, ки дар Рими Қадим Рӯзи аблаҳонро ҷашн мегирифтаанд, аммо на дар апрел, балки дар феврал. Дигарон гуфтаанд, ки дар Ҳиндустони пеш аз милод 31 март Рӯзи ҳазл будааст. Ва боз мегӯянд, ки ба шоҳи неополитанӣ  Монтерей ба муносибати аз заминҷунбии шадид зинда монданаш моҳии пухтае туҳфа намудаанд. Як сол пас вай боз ҳамин хел моҳӣ хостааст. Вале чунин моҳӣ ёфт нашуд. Ошпаз моҳии монандеро зирбонда овард. Шоҳ онро хӯрду ҳис намуд, ки мазааш дигар аст, аммо сир бой надода, бо лаззат гуфту баланд хандид. Дар ривоят омада, ки аз ҳамон вақт шӯхиҳои якумиапрелӣ, яъне ҳамдигарро фиреб додан  оғоз ёфтаанд.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


АНДОЗ АЗ ОФТОБ
1. Соли 2007 дар музофоти Валлонияи Белгия ба хотири пешгирии гармшавии ҷаҳонии иқлим (!!!) барои пухтани хӯрокҳое, ки дар грил омода мегарданд, андоз ҷорӣ гардид. Акнун, ҳар сокини музофот дар сурати омода намудани таом дар грил бояд ба маблағи 20 евро андоз пардохт намояд.

2. Дар хонаҳои Юнон мавҷуд будани ҳавз нишонаи дороист. Аз ин лиҳоз, ҳар нафаре, ки дар хонааш ҳавз бунёд карда бошад, муваззаф аст, ки дар як сол тақрибан 800 евро андоз бисупорад.

3. Дар Ҷазираҳои Балеар аз сайёҳон андоз барои офтоб (!!!) ситонда мешавад. Маблағи он ночиз аст: ҳамагӣ 1 евро дар як рӯз. Вале ҳадди ақал дар як сол  аз Ҷазираҳои Балеар 10 миллион нафар сайёҳ дидан мекунад, ки аз ин ҳисоб кишвар миллионҳо евро фоида мебинад.  Аз ин лиҳоз, пардохти маблағи назарногир  буҷети давлатро бамаротиб ғанӣ мегардонаду офтоби онро «тиллоӣ».

4.  Дар қисми зиёди мамолики Аврупо мавҷудияти андоз барои саг дер боз касро ба ҳайрат намеоварад. Маблағи он гуногун аст. Масалан, агар ҳаҷми андоз  дар Шведсия аз баландии қади саг вобаста бошад, пас дар Норвегия дарозии тани онро ба инобат мегиранд. Дар сурати саркашӣ аз пардохти андоз соҳиби саг ба маблағи 3500 евро (!!!) ҷарима баста хоҳад шуд.
Таҳияи Ш. ШОКИР


ГУМ НАМЕШАВАД
Падар вақти мактабравии писараш пурсид:
- Писарам, ба ту пули коғазӣ диҳам ё танга?
- Падарҷон, тангаро ба коғазӣ печонда диҳед, гум намешавад, - гуфт писарак.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


СИРКОИ ШИРИНУ ШОКОЛАДИ ШУР
Арманҳо бо лутфу зарофати хеш машҳури олам гардидаанд. Дар Арманистон 1 апрелро чун рӯзи ханда ба таври расмӣ ҷашн мегиранд. Ба андешаи арманҳо сабаби шаҳомати ин ҷашн ҳамин аст, ки ба табиати ин мардум хеле мувофиқ аст. Арманиҳо ҳамеша мехоҳанд бо ҳазлу шӯхиҳои хеш қалби ҳамдигарро нарм ва табъашонро болида намоянд.
Дар Ҳиндустон рӯзи ханда аз шаби 31 март оғоз ёфта, то саршавии рӯзи дигар идома меёбад. Дар ин рӯз тамоми аҳолии шаҳру деҳот ба кӯча баромада, ба сару рӯи ҳамдигар об мепошанд. Барои боз ҳам рангинтар шудани ҷашн ба наздиконашон паёмакҳои ҳазломез мефиристанд.
Дар Финляндия таомули аҷибе ҷорист. Дар он ҷо рӯзи 1 апрел ба ҳамдигар супоришҳои ҳазломези иҷронашаванда медиҳанд. Онҳо аз якдигар сиркои ширин ва ё қанду шоколади шӯр, ё ин ки пайдо намудани миқрози шишагинро  талаб мекунанд. Сарчашмаи ҳамаи ин шӯхиҳои аҷиб ба анъанаҳои мардуми  фин алоқамандӣ дорад. Рӯзи 1 апрелро дар Финляндия аз замонҳои қадим ҷашн мегиранд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ИНАШ ҲАЗЛ НЕСТ
Дар бештари кишварҳо якдигарро то нисфирӯзӣ масхара мекунанд, агар дар вақти таъйиншуда касеро фиреб дода натавонӣ, худатро «аблаҳи апрелӣ» ном мебаранд.
Яке аз ҳазлҳое, ки ба ҳақиқат табдил ёфтааст, ҳодисаест, ки соли 2007 дар яке аз идораҳои ширкати «Google», дар Ню – Йорк, рух додааст.
Ба телефони мобилии кормандони он хабар расид, ки «мори афъӣ аз қафас гурехтааст ва ин ҳазл нест». Ҳама кормандон ин паёмакро маҳз ҳазл гумон карданд. Тасаввур кунед: вақте айён гардид, ки дар ҳақиқат мор гурехтааст, дар идора чӣ ҳодиса рух дод…
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


Қонунҳои хандаовари мамолики гуногуни олам
АВВАЛ ЗАНУ ОХИР ЗАНУ...
- Дар Итолиё мардон ҳуқуқ надоранд, ки бе зан  қаҳва бинӯшанд.
Дар Австралия танҳо ба духтарони бодомчашм  барои кирояпулии такси 10 дарсад тахфиф пешбинӣ шудааст.
Дар Индонезия агар нафаре ба суҳбати телефонии занон гӯш диҳад, як гӯшашро месӯзонанд.
Занони итолиёвӣ ҳуқуқ доранд, ки дар зодрӯзашон аз хизматрасонии нақлиёт ройгон истифода баранд.
Сокинони Ҳиндустон ҳуқуқ надоранд, ки бо чашмони кушода наҳорӣ кунанд.
Швейтсариҳо ҳангоми  бо дандони ношуста  ба берун баромадан, ба  маблағи 100 евро ҷарима баста мешаванд. 
Мардони юнонӣ ба рақс танҳо занонеро даъват мекунанд, ки андозаи пойафзолашон аз 41 калон набошад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


МИССИС ХАДСОН КУҶОСТ?
Ватсон ба Холмс мегӯяд:
 – Холмс, шумо миссис Хадсони азизакамонро надидед?
 – Ба болохона бароед, вай худро овехтааст…
 Ватсон чун ақлбохта ба болохона мебарояд ва касеро дар он ҷо надида бо хотири ҷамъ мефарояд.
 – Холмс, вай дар он ҷо нест.
 – Табрик бо 1 апрел, Ватсон! Ӯ дар таҳхона овезон аст.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


РЕКОРДҲОИ АҶИБ
Вутер Ван Ден Боши  нидерландӣ велосипедеро аз навсозӣ кард, ки  дар олам вазнинтарин дучарха шумурда шуд. Вазни дучархаи ӯ 750 килограммро ташкил медиҳад.
Юха Расанен тавонист дар озмуни ғайриодии «Одампартоӣ» марди 59 килограммаро ба дурии 5, 4 метр партояд.
Девид Эванс тавонист бо сари худ мошини 160 килограммаро тӯли 33 дақиқа нигоҳ дорад.
Соли 2009 Ҷефа Ван Дика аз шаҳри Белгия бо пӯшидани 227 майкаи рӯ ба рӯ  ҳамагонро ба ҳайрат овард. 
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


БО ШИКАМ ХУДРО БА ОБИ ЛОЙОЛУД ПАРТОФТАН
Иолати Ҷорҷия (ИМА) бо намудҳои варзиши бемафҳуми худ маъруф аст. Яке аз онҳо худро бо шикам ба ҳавзчаи оби лойдор партофтан аст. Дар ин маврид андозаи шиками иштирокчии мусобиқа нақши муҳим мебозад, зеро ғолиб касе мегардад, ки лояқаро бештар пош диҳад.


ЗАНБАПУШТ
Агар ба шумо давидан бо монеаҳо писанд бошад, пас ин намуди варзиш мувофиқи хостатон  хоҳад шуд. Варзиши мазкур дар Финляндия роҳандозӣ шуд. Ширкаткунанда завҷаашро ба пушташ гирифта, бояд масофаи  253 метрро бидавад. Талаботи асосӣ – ҳамаи завҷаҳо набояд аз 49 килограмм вазни зиёд дошта бошанд.
Аммо агар вазни  ҳамсар аз меъёри муқарраршуда бештар бошад, иштирокаш дар мусобиқа ихтиёрист.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


МУҲАҚҚИҚИ ХАНДА
Олимони испанӣ Ҷорҷ Наварро ва Педро Мариян солҳост, ки хандаро таҳқиқ менамоянд. Аз рӯйи хулосаҳои олимон  ханда ҳам ба мисли нутқ воситаи муошират мебошад. Ханда на танҳо маълумоти муайянро дода метавонад, балки дар байни кормандон  фазои нишотбахшро фароҳам меорад.
Пайдоиши ханда, тибқи ақидаи олимон, як омили муҳофизатии табиии организм мебошад. Маҳз тавассути ханда ҳолати бади асаб бартараф мегардад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ТАФСИРИ ЯКУМИАПРЕЛӢ
Бисёриҳо бар ин ақидаанд, ки аввалан 1 апрел дар бисёр кишварҳо ҳамчун Рӯзи баромадани Офтоб ҷашн гирифта мешуд. Аммо тафсири дигаре низ ҳаст. Дар асри 16  баъди иваз шудани тақвими векторианӣ бо григорианӣ дар Фаронса аз ҷониби Карли 9 ҷашни Соли нав на 1 январ, балки охири моҳи март таҷлил гардид. Ҷашн аз 25 март то 1 апрел идома ёфт. Хабар он замонҳо хеле дер паҳн мегардид. Бо ин сабаб бештари мардум аз иқдоми шоҳ бехабар монданд. Нафаронеро, ки Соли навро дар рӯзи 1 апрел ҷашн гирифтанд, мавриди хандаю масхара қарор доданд.
Ҳамин тавр ин рӯз ҳамчун рӯзи ханда ё худ рӯзи нодонҳо маъмул гашт.
Таҳияи О. ВАФОБЕКЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2017    №: 68    Мутолиа карданд: 442

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед