logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон БОЙМАТОВ, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳод ТОИРОВ, менеҷери департаменти муносибат ва ҳимояи ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Нафақахӯр мебошам. Баъзеҳо мегӯянд, ки аз маблағи нафақа низ андоз аз даромад ситонда мешавад. Оё ин дуруст аст?
О. Ҷумъаева, шаҳри Гулистон

- Ҳама намуди маблағи нафақа аз андозбандӣ озод буда, аз он андоз аз даромад ситонда намешавад. Зеро чунин муқаррарот дар моддаи 8-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ гардидааст.
* * *
- Ман Салтанат Муҳаммадҷонова, сокини шаҳри Душанбе, соҳиби 5 фарзанд буда, собиқаи кории 9 солу 8 моҳа дорам. Соли таваллудам 1963. Ба Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои ба расмият даровардани нафақаи имтиёзнок муроҷиат намудам, вале бинобар надоштани собиқаи кории 20 - сола ба ман таъйин намудани нафақаро рад карданд. Оё 5 нафар фарзанд доштан барои таъмини нафақа ягон имтиёз намедиҳад?
      
 - Моддаи 15 банди «в» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст: «Заноне, ки панҷ ва беш аз ин кӯдак зоида, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия кардаанд ва модарони ашхоси аз кӯдакӣ маъюб, ки онҳоро то ин синну сол тарбия кардаанд, пас аз расидан ба синни 50 ва дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол» ҳуқуқ ба нафақаҳои имтиёзнок доранд.
Тавре аз саволатон бармеояд, ҳарчанд соҳиби панҷ фарзанд ҳастеду синнатон аз 50 гузаштааст, собиқаи кории 20 - сола надоред. Бо ҳамин сабаб, Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиати шуморо барои гирифтани нафақаи имтиёзноке, ки моддаи 15 қонун пешбинӣ намудааст,  рад кардааст.
* * *
- Дафтари бақайдгирии санҷишҳо чӣ гуна дафтар аст ва ба кадом мақсад истифода мешавад? Агар доштани чунин дафтар зарур бошад, пас онро аз куҷо гирифтан мумкин аст?
Саида, соҳибкори навтаъсис, шаҳри Қӯрғонтеппа

- Мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо мақсади таъмини шаффофияти санҷишҳои аз ҷониби мақомоти санҷишӣ гузарондашаванда доштани дафтари бақайдгирии санҷишҳо шарт ва зарур мебошад. Нозироти андози маҳали бақайдгирии тиҷорат бояд шуморо бо чунин дафтар таъмин намояд. Агар фаъолияти соҳибкориатон таҳти санҷиш қарор гирад, он гоҳ шахси мансабдори мақоми санҷишӣ ба шумо санади дахлдорро дар бораи гузарондани санҷиш супурда, ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо асоси гузарондани санҷиш, санаи оғоз, анҷом, мавзӯъ ва мақсади санҷиш, намуди санҷиш, ному насаб ва рақами шаҳодатномаи хизматиашро дарҷ менамояд. Баъд аз анҷоми ин корҳо мансабдори мақоми санҷишӣ ба санҷиш роҳ дода мешавад. Агар санҷиш бе гузоштани қайд дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо сурат гирифта бошад, он вақт натиҷаи он беэътибор ҳисобида хоҳад шуд. 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2017    №: 68    Мутолиа карданд: 471

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед