logo

иҷтимоиёт

ТАШАББУСЕ БАРОИ ИБРАТ

Имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи соҳибкорони ватанӣ дар саросари кишварамон  корҳои ободонӣ идома ёфта истодаанд. Рӯз то рӯз гӯшаю канори кишвар аз файзи дастони онҳо гул карда,  ободу зебо мегардад. Соҳибкорони мо дарк карда истодаанд, ки маблағҳои барои ободонӣ ва корҳои хайр сарфкардашуда баракатро дар зиндагӣ ва умуман фаъолияти тиҷоратиашон афзуда, боиси равнақу ривоҷи корашон гашта истодааст.
Дар қатори садҳо нафар соҳибкорони ватандӯст Наимҷон Ҳасанов низ соли гузашта дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд  як боғчаи кӯдакона барои 145 нафар ва як толори варзиш бо тамоми шароитҳои замонавӣ сохта ба истифода дод.  Ба боғча асосан кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ҷалб гардида, ба аксари онҳо ройгон хизмат расонда мешавад.
 Толори варзиш ҷойи дӯстдоштаи ҷавонон гардида, дар он пайваста  наврасону ҷавонони зиёдеро вохӯрдан мумкин аст, ки бо машқу тамрин машғуланд. «Мақсади ман аз сохтмони иншооти мазкур асосан  ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Чи тавре, ки медонем, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли  2017 – Соли ҷавонон эълон гардидааст. Мавриди амал қарор гирифтани толори варзиш туҳфаи хубе ба онҳо хоҳад буд. Нақша дорам, ки  минъбад низ барои ободонии Ватан ва дастгирии ҷавонон  ҳиссагузор бошам», - мегӯяд Наимҷон Ҳасанов.
Лола РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2017    №: 68    Мутолиа карданд: 364

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед