logo

фарҳанг

ҲУЛБУКИЁН АЗ ШУМО МЕФАХРЕМ

Шӯрои ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ фаъолияти шоиста дорад. Дар арафаи ҷашну маросимҳо вохӯрии қаҳрамонони меҳнат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҷанговарони башардӯст, собиқадорони соҳаи кишоварзию маорифу тандурустиро бо аҳли деҳаҳои Қурбоншаҳид, Гулистон, Файзобод ва Саъдуллои Шариф баргузор менамояд. 
- Ҳоло дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Гулистон қаҳрамонони меҳнат Гавҳарбӣ Пиракова, Бозоргул Алиаҳмадова, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раҷаб Қурбонову Зайдулло Сайдалиев, аълочиёни маориф Неъмат Саидову Қамариддин Ҷабборов ва даҳҳо нафари дигар умр ба сар мебаранд, ки аъзои фаъоли шӯро мебошанд, - мегӯяд Ҳасан Файзалиев, раиси  Шӯрои ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати ҷамоат. – Собиқадорони ҷамоат дар ҷамъомадҳое, ки дар хоҷагии “Ҳулбук” ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 17, 18, 35, 37, 40, 41 ва 59 баргузор мешаванд, фаъолона ширкат намуда, дар назди ҳозирон баромад мекунанд. Ба насли наврас аз корнамоиҳои ҷангию меҳнатии бобою бибӣ, падару модарон ҳикоят  мекунанд. Ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарастӣ, дӯстию рафоқат ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои воло ҳидоят менамоянд.
- Шӯрои ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнат бо дастгирии роҳбарияти ҷамоат, хоҷагӣ ва ашхоси эҳсонкор ҳар ҷашну маросимҳоро дар фазои тантанавӣ таҷлил мекунад, - мегӯяд Ҳасан Файзалиев. - Дар доираи ҳар ҷашну маросимҳои бузург ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, пирону маъюбон ва кӯдакони ятиму бепарастор   ёрӣ мерасонанд.
Ҳоло 29 нафар ҷанговари башардӯст, 9 нафар иштирокчии бартарафсозии оқибатҳои садамаи Неругоҳи барқи ҳастаии Чернобил, 38 нафар маъюби модарзод, 70 нафар собиқадори меҳнат, ки 17 нафари онҳо аз 80 сол зиёдтар умр дидаанд, мавриди таваҷҷуҳу ғамхории пайваста қарор доранд.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2017    №: 68    Мутолиа карданд: 398

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед