logo

фарҳанг

КИТОБ, МО ВА КӮДАКОНАМОН

Ба туфайли китоб ҳама фарди босавод ҳуқуқ ва имконият дорад, ки ба қаламрави хирад ворид гардад. С. Смайлс

Мегӯянд, ки яке аз муъҷизаҳои инсоният ин ихтирои китоб аст. Воқеан ҳам, дар ин нукта ягон ҷойи шубҳа нест. То даҳ сол муқаддам дар саросари олам китоб василаи умдаи фарогир ва интиқоли маълумот маҳсуб мешуд. Чун сатҳи тафаккури инсоният пеш рафт ва илм рушд кард, васоити нави иттилоърасонӣ арзи вуҷуд намуд ва ҳамин омил боис ба он гардид, ки китоб он мавқееро, ки дар зиндагии инсонҳо дошт, то як андоза аз даст бидиҳад. Яъне, рисолати китобро василаҳои нав низ то ҷое бар дӯш гирифтанд. Акнун дар баробари китоб компютеру телефону планшет низ ба ҳайси фарогир, ҳифз ва интиқоли маълумот мавриди корбурд қарор ёфтанд. Бо ҳамин кулли наврасону ҷавонон афзалиятро ба техникаи муосир доданд ва то ҷое аз китобу китобхонӣ дур шуданд. Онҳое ҳанӯз ба китоб дилбастаанд, ки аз роҳҳои истифодаи васоити нави технологӣ хуб иттилоъ надоранд. Ба ибораи дигар, қишри китобхони ҷомеаи мо ҳамон насли калонсоламон аст. Оё чунин ҳолат моро ҳушдор намедиҳад, ки тадриҷан василаи коғазии сабти маълумот аз миён меравад ва усули электронии ҳифзи донишҳо боло гирифта, китобро аз истифода канор мегузорад? Мо бар ин ақидаем, ки агар тадбирҳои зарурӣ дар ин самт андешида нашаванд, ба вуҷуд омадани чунин ҳолат ногузир мебошад. Пурсида мешавад, ки чӣ тадбирҳо? Ба андешаи мо, пеш аз ҳама, аз хурдсолӣ муҳаббат нисбат ба китоб ва мутолиаи онро дар дили кӯдаконамон бояд бедор намоем. Ҳар яки мо борҳо мушоҳида кардаем, ки кӯдакони хурдсоли мо дар мавриди бархӯрди аввал ба телефону китоб барои ба даст овардани якумӣ талош хоҳанд кард. Чаро? Зеро он аксу навору садо дорад ва маҳз ҳамин ду омил таваҷҷуҳи кӯдакро ба худ ҷалб мекунад.

Ва касе инкор намекунад, ки бидуни андешидани оқибати кор мо ин хоҳиши кӯдаки хешро бароварда месозему телефонро дар ихтиёраш мегузорем. Фикр намекунем, ки мо аллакай дар самти канор задани китоб бо ин амали хеш қадами нахустинро гузоштем. Минбаъд кӯдаки мо бо дидани ин ду василаи иттилоърасонӣ ба китоб ҳатто нимнигоҳе нахоҳад кард. Моро ин ҷо зарур буд, ки аксуламал нишон бидиҳем. Яъне, телефонро канор мезадему китобро пеши фарзанди хеш мекушодем ва бо нишон додани тасвирҳои ҷолиб ва бозгӯсозии маънои онҳо шавқу рағбаташро нисбат ба он бедор менамудем. Аммо афсӯс... Яъне барои дур шудани наврасон аз китоб мо - калонсолон гунаҳкорем. Худамон ин мушкилро эҷод кардаем. Дар ин маврид рисолати хешро анҷом надодем. Аз оқибати чунин амаламон андеша накардем. Ҳанӯз ҳам дер нашудааст. Набояд ин масъаларо осон шуморем. Балки вазифадорем, ки ба таври ҳамешагӣ ҷиҳати китобхон кардани фарзандони худ талош намоем, нақши боризи мутолиаи китобро дар зиндагии ҳар як фард дуруст бозгӯ бисозем, онҳоро муътақид намоем, ки инсон маҳз тавассути мутолиаи китоб метавонад ҷаҳонбиниашро афзун бикунад, аз атрофу акнофи олам бохабар шавад, тафаккури хешро ғизо бидиҳад, ақлашро комил гардонад ва ба камоли инсонӣ бирасад.
Ҳеч як китоб аз манфиат холӣ нест. Дар ҳар як китоб ҳатман маълумоти муҳиме маҳфуз мебошад. Ба фурӯш нарафтани китоб нишони китоби хонданӣ набудани он нест. Дар баъзе мавридҳо аз як китоби зоҳиран назарногир ва ё солҳо қабл банашррасида он қадар маълумоти ҷолибро дарёфтан мумкин аст, ки ҷуз газидани ангушти ҳайрат ва хӯрдани афсӯси он, ки чаро он китобро барвақттар мутолиа накардам, чора намемонад. Ҷойи хушҳолист, ки чопи китоб дар кишвари мо тадриҷан ба низоми муайян медарояд. Имрӯз дастандаркорони мо талош ба он доранд, ки китобҳоеро рӯйи чоп биёранд, ки дархӯри талаботи рӯз бошанд. Инҷо метавон чунин ақида кард, ки ноширон вазифаи хешро иҷро мекунанд, аммо хонандагон не. Яке аз сабабҳои умда ин гаронии нархи китобҳост. Тавре мо аз суҳбат бо чанде аз коршиносони соҳа дарёфтем, яке аз сабабҳо ин, агар аз як тараф болоравии нархи коғаз маҳсулоти чопӣ бошад, аз тарафи дигар пардохти андозҳост, ки барои болоравии нархи китобҳо бетаъсир намемонад. Сари ин масъала андешидан тадбирҳои зарурӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
Мо бояд коре намоем, ки дастрасии ҳамагон ба китобҳо таъмин бошад. Китоб барои хонанда пешбинӣ шудааст. Пас, инро ҳам бояд ба назари эътибор гирифт, ки оё хонанда қудрати харидани он китобро дорад ё не? Дар сурате ки аксари мардум имкони моддии харидории китобҳоро надоранд, пас чаро онҳоро каме арзон нанамоем? То кай китобҳо зери чанг дар дуконҳо хоб мекунанд? Оё онҳо бо ҳамин мақсад рӯйи чоп омадаанд? Наход дили ноширону чопгарон барои меҳнати худашон насӯзад? Ба андешаи мо, бояд ҳар чи зудтар китобҳо ба дасти хонандаи худ бирасанд. Аз ин лиҳоз, месазад, китобҳоеро ки даҳ сол қабл ба нашр расидаанд, ба ҳадди 50% арзон карда шаванд. Агар ин кор сурат бигирад, шиддати тамоюли канорагирии мардум аз китоб то ҷое коҳиш хоҳад ёфт. Ҳар яки мо бояд сар ба зонуи тафаккур гузорему андеша намоем, ки рӯгардонӣ аз манбаи нуру равшанӣ моро ба куҷо мебарад. Мусаллам аст, ки чунин амал зулмотро пеши рӯ меорад ва моро ба вартаи сардаргумӣ хоҳад бурд.
Обидҷони ОБИД,
Ҷалолуддини РУСТАМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2017    №: 68    Мутолиа карданд: 497

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед