logo

иҷтимоиёт

ДИДОРИ ВОПАСИН Ё ҲАРФИ ОХИРИНИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ БА ПАЙВАНДОНАШ

Дарро сахт кӯфтанду чор нафар бо сару либоси низомӣ хунсардона вориди хона шуданд. Ба пурсишҳои Нусратулло Махсум, ки шумо кистед ва аз мо чӣ мехоҳед, ҷавоб надода, ӯро ба дафтари кораш дароварданд. Фарзандонаш - Хосияту Акбар ва ҳамсараш Ҳалима моту маҳбут гардида буданд. Баъди чанд муддат Нусратулло дар иҳотаи низомиён берун омад. Ордену медалҳо ва туфангчаеро, ки ҳамеша бо худ дошт, гирифта буданд. Дар ҳоле ки ошуфтаву парешон ба назар мерасид, ӯро бо худ бурданд. Дар посух ба пурсиши завҷааш, ки «мо чӣ кор кунем?» гуфт: ба Кремл, Комитети Марказӣ даромада ҳамаашро мефаҳмам».
Аз ин манзараи дарднок, ки 12 июли соли 1937 рӯй дод, Хосият Махсумова - духтари Нусратулло Махсум чанд сол қабл дар суҳбати рӯ ба рӯ бо мо ёд кард ва гуфт, ки ин ҳарфи охирин дар ҳалқаи пайвандон ва дидори вопасини падараш буд...
Нусратулло аҳли оилаашро моҳи декабри соли 1933 ба Маскав овард. Ӯ дар бахши илмҳои сиёсӣ - ҷамъиятӣ ва нақшагирии Академияи назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунист таҳсил мекард. Онҳо дар хонаи ҳукуматӣ, ки дар назди кинотеатри «Ударник» воқеъ буд, зиндагӣ доштанд. Никита Хрушёв ва Абулқосими Лоҳутӣ низ дар ҳамин бино зиндагӣ мекарданд.
Хосият синфи 4 ва Акбаршоҳ синфи 3-ро дар Маскав хатм карданд. Фарзанди хурдиаш Музаффар нав чашм ба ҷаҳон боз карда буд. Писарони бузургаш - Мунавваршо дар факултети таърихи Донишкадаи педагогии ба номи Бубнов таҳсил мекарду Анваршоҳ соли 1936 мактаби ҳарбии Маскавро ба итмом расонда, ҳамон сол хонадор шуд ва барои идомаи хидмат ба Владивосток рафт.
Нусратулло ба таҳсили фарзандон, аҳамияти ҷиддӣ медод. Бо суханҳои нарму хуш муомила мекард. Камгап буд.  Фарзандону завҷааш ҳеҷ гоҳ ҳарфи дуруште аз ӯ нашунидаанд. Баъзан муаллимон ба хонааш омада, ба ӯ дарс медоданд. Ҳангоми талаффуз ва ё навиштани бархе калимаҳо фарзандонаш, бахусус Хосият саҳвҳои падарашро ислоҳ мекард. Нусратулло бо меҳрубонӣ ӯро навозиш карда мегуфт, ки: «Хосият, нағз хон, ҳатман муаллима шав. Занону духтарони тоҷикро омӯзон, тарбия намо». Ҳамин тавр Хосият сухани падарашро гирифта, муаллима шуд ва чиҳил соли умри худро ба таълиму тарбияи шогирдон бахшид. Аз як нигоҳи падар онҳо мефаҳмиданд, ки чӣ кор бояд анҷом диҳанд...
Ба кадом сабаб бурдани Нусратулло аз ҷониби низомиён ба аҳли оилааш норӯшан ва пурсишҳояшон бепосух монданд. Худи ҳамон сол (1937) Мунавваршоро аз донишкада ва аз сафи комсомол хориҷ карданд.
8 сентябр бо вуҷуди гиряву зории фарзандон ҳамон шахсони низомипӯш модарашон - Ҳалимаро низ бурданд. Хушбахтона, ба хотири Музаффари хурдакак, ки ҳанӯз ширхора буд, худи ҳамон рӯз ҷавоб доданд. Рӯзи дигар Хосияту Акбаршоҳро ба хонаи  парастории бачаҳо фиристоданд. Баъди се рӯз ба поезд савор карда, ба шаҳри Горкий бурданд. Хосиятро аз Акбаршо ҷудо карда, тавассути киштӣ аз рӯди Акал гузаронда, ба як русто оварданд. Фарзандон намедонистанд, ки 31 октябри соли 1937 падарашонро паррондаанд. Ин хабарро танҳо пас аз сафед шуданашон фаҳмиданд.
Ҳалима, ҳамсари Нусратулло Махсум, низ ҳабс шуд ва соли 1940 фарзандонаш аз ӯ нома дарёфт карданд. Номбурда дар номааш навиштааст, ки дар лагери Семниковскийи Ҷумҳурии Худмухтори Мордова маҳбус аст ва ба ӯ ҳашт сол ҳукми зиндон додаанд. Ба ҳар сурат ин нома ба барқарор намудани тамос байни модару фарзандон мусоидат кард.
Хосият соли 1943 мактаби миёнаро хатм карда, ба факултети механика - математикаи Донишкадаи хӯроквории саноати консерваи Одесса, ки солҳои ҷанг ба Сталинобод кӯчонда буданд, дохил шуд. Ҳангоме ки ба ҳаждаҳ даромад, ба номи Сталин, Калинин ва Берия ариза навишт, ки модараш бесавод, дар ҷое кор намекард ва ӯро бегуноҳ ҳашт сол зиндон карданд. Моҳи ноябри ҳамон сол ӯро сарвари донишкада даъват карда, гуфт, ки ба номаш барқияи ҳукуматӣ омадааст. Дар барқия навишта шуда буд: «Масъалаи озод гардидани модари шумо ҳал мешавад».
Бо маслиҳати ӯ, моҳи ноябри соли 1943 бо азобу машаққате ба ноҳияи Семниковский расид. Ба хонаи як зани мордовагӣ рафта, шабро рӯз кард. Вақте ба вокзали Семниковский омад, яке аз  маъмурони он  нагузошт, ки бо поезд ба лагер равад. Чун дигарон фаҳмиданд, ки духтари Ҳалима аст, чашми маъмурро хато карда, ба поезди боркаш шинонданд. Огоҳ карданд, ки агар сардори маҳбас пурсад, пиёда омадам бигӯяд. Баробари муроҷиат ба сардори маҳбас ӯ ҳайратомез ба Хосият нигариста, бо кадом роҳ ба ин ҷо омаданашро пурсид. Хосият иброз дошт, ки пиёда аз ҷангал гузаштааст. «Магар аз гургҳо наметарсӣ», - пурсид ӯ. Хосият бо як далерӣ ва қатъият гуфт: «Не, ба хотири дидани модарам аз ҳеҷ кас ва ҳеҷ чӣ наметарсам!». Сипас телефон карда, садои модарашро шунида, қариб беҳуш гардид. Охир  ӯро шаш сол боз надида буд. Хосият панҷ рӯз бо модараш дар хонаи Лидия Александровна ном зани накӯкору раҳмдил буд.
Музаффар то овони ширхорагӣ бо модараш будааст. Сипас ӯро ба хонаи бачагон фиристодаанд. Модараш изҳори ташвиш кард, ки дар як моҳ як бор Музаффарро медидааст. Сардори бефарзанди маҳбас ният доштааст, ки ӯро писархонд кунад. Аз ин рӯ, модараш фармуд, ки ҳангоми бозгашт Музаффарро бо худ барад.
Мулоқоташ бо Музаффар хеле аҷиб сурат гирифт. Ӯ ба хонаи бачаҳо рафт ва мақсадашро фаҳмонд. Сипас,  яке аз кормандон ба кӯдакон муроҷиат карда, гуфт: «Ана, ба назди яке аз бачаҳои мо, хоҳараш аз роҳи дур омадааст».
«Ин хоҳари ман!» - гӯён давида худашро ба оғӯши Хосият партофт.
Охир ӯ ҳамагӣ се моҳ дошт, ки аз ҳам ҷудо шуда буданд! Хосият бо модарашу Музаффар боз ду рӯз бо ҳам буданд. Ҳуҷҷати озодии модараш низ омада будааст. Вале онро пинҳон медоштанд. Хосияту Музаффар бо модар худоҳофизӣ карда, ба Душанбе баргаштанд.
Хосият  ҳар рӯз ба вокзал баромада, роҳи модарашро мепоид. Ниҳоят ӯ 18 майи соли 1944 омад. Акбаршо дар курси омодагии Донишгоҳи кишоварзӣ мехонд. Роҳбари донишгоҳ ба Акбаршо як хона дод, ки ҳама он ҷо кӯчиданд.
Хосият соли 1947 донишкадаро хатм кард. Хостанд, ки ӯро ба аспирантура фиристанд, вале  нигоҳубини модару бародаронашро афзал донист. Дар мактаби миёнаи № 10 - и шаҳр ба кор оғоз кард. Аз соли 1960 то соли 1985 сарварии омӯзишгоҳи омӯзгориро ба уҳда дошт.
Соли 1957 Нусратуллоро сафед карданд. Акбаршо то ба гирифтани унвони академики Академияи илмҳои Тоҷикистон мушарраф шуд. Дар вазифаҳои вазири хоҷагии қишлоқ, ноиби президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, ҷонишини Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ кор карда, беш аз 80 асари илмӣ навиштааст. Номбурда соли 2001 вафот кард.
Соли 1991 ба ифтихори 110-солагии Нусратулло Махсум дар зодгоҳаш пайкара гузоштанд. Соли 2001 маросими ёдбудаш дар Академияи илмҳо сурат гирифт.
Хушбахтона, 27 июни соли 2006 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар майдони асосии ноҳияи Рашт ба Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро эълон карданд. Шодии пайвандон ҳадду канор надошт. - Охир, мо замоне фарзандони «душмани халқ» будем ва азиятҳои бисёре кашидаем. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккур мегӯям, ки хидматҳои падари моро қадр намуданд. Он рӯз Хайринисо Мавлонова, ки муовини Сарвазир буданд, маро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карданд ва он кас ба ман гулдаста тақдим намуданд, ки сарам ба осмон расид,  -  иброз дошта буд марҳум Хосият Махсумова - духтари Нусратулло Махсум.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2017    №: 69    Мутолиа карданд: 393

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед