logo

иқтисод

НОҲИЯИ СИНО. РОҲ ЗИНАТИ ШАҲР АСТ

Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз мавриди таваҷҷуҳи бештари роҳбарияти пойтахт қарор гирифтааст, таъмиру таҷдиди роҳҳо мансуб меёбад.
Зиёзода Азизуллои Довуд,  сардори  муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино,   бобати вазъи роҳҳою  кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия  чунин иброз дошт:  -  Дар доираи дастуру супоришҳои  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри  Душанбе  Рустами Эмомалӣ    мутахассисон  тайи як моҳ  санҷиш гузаронда, ҳолати роҳҳои  маҳаллаҳои Навобод,  Пахтакор,  Меҳнатобод, Қарамиришикор, Чортеппа,  15 - ум   ва кӯчаҳои Шамсӣ, Ломоносов, Раҳмон Набиев, Шараф,  Алишер Навоиро муайян намуданд.  Санҷишҳо нишон доданд, ки роҳҳои ин  кӯчаву маҳаллаҳо, ки  дар маҷмӯъ 10 километрро  ташкил медиҳад,  ба таъмири асосӣ ниёз доранд.
Соҳибкорони эҳсонкори ноҳия бобати дастгирии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъмири асосии ин роҳу  кӯчаҳоро  ба уҳда гирифтанд. Корҳо дар ин самт  бо фарорасии фасли тобистон оғоз мешаванд.  Корҳои таъмири  асосии   кӯчаҳои  Ҷаббор Расулов  ва Борбадро  ширкатҳои  хусусии  «Идеал сервис» ва «Роҳи тоҷик»   ба ҷо меоранд.  Дар  қитъаҳои кӯчаҳои  Карамов, Низомии Ганҷавӣ, Алишер Навоӣ, Нусратулло Махсум ва Маяковский таъмири ҷорӣ  рафта истодааст.   Мутасаддиёни  раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою  пулҳои  пойтахт  таъмири асосиро дар  кӯчаҳои Абай, Маяковский,  Шестопавлов,  маҳаллаҳои  112 ва Испечак – 2 бо маблағгузории  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифта, корҳои пешакиро анҷом дода истодаанд.  Дар маҳаллаи Лучоб  таъмири   2 километр    роҳ  оғоз  гардидааст. 
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2017    №: 69    Мутолиа карданд: 317

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед