logo

сиёсат

СИРОҶИДДИН АСЛОВ: "РАВОБИТИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН ТАВСЕА МЕЁБАД"

Ҷумҳурии Исломии Покистон тасмим гирифтааст, ки барои барқарор намудани инфрасохтори манотиқи аз офати табиат, бахусус тармарезиҳои моҳи феврал зарардидаи Тоҷикистон ба маблағи  5 миллион доллар кумак расонад.

Дар ин бора Тариқ Иқбол Сумро, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи миллии ин кишвар иттилоъ дод. Ин чорабинӣ 29 март дар меҳмонхонаи  «Ҳаят реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе бо иштироки Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии мамлакат ва дигар намояндагиҳои корпуси димломатӣ  баргузор гардид.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавсиф аз муносибатҳои неку ҳасанаи ду кишвар изҳор дошт, ки феълан мо шоҳиди тавсеаи беш аз пеши равобити дӯстона ва дастовардҳои арзишманди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон ҳастем. Зикр шуд, ки дар доираи таҳкими равобити судманди ду давлати ба ҳам дӯст татбиқи лоиҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахши энергетика нақши муҳим бозидаанд. Намунаи беҳтарини ҳамкориҳо дар ин бахш татбиқи тарҳи CASA – 1000 арзёбӣ шуд, ки 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Соронбой Жээнбеков оғоз ёфт. Лоиҳаи мазкур барои банақшагирӣ ва татбиқи як қатор тарҳҳои инфрасохторӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дар рушду устувор гардондани муносибат ва ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои минтақа саҳми арзишманд хоҳад гузошт.
Қобили зикр аст, ки 6 июни соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шуданд. Соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурӯъ гардид. 23 феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фаъолият оғоз кард. Дар ин давра байни ду кишвари дӯст зиёда аз 30 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба имзо расид.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2017    №: 69    Мутолиа карданд: 346

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед