logo

фарҳанг

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ НАВРӮЗ

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Равшан РАҲМОНӢ, профессори ДМТ

Мардуми ориёитабор Наврӯзро дар тӯли чандин ҳазор сол аз гузаштаҳо ба мерос гирифта, то бо рӯзгори мо оварданд. Агарчи мардум онро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, пас аз Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он Наврӯзе, ки таҷлилаш заиф гардида буд, тадриҷан ба таври пурра, дар кишварамон ҷашни давлатӣ ва мардумӣ гардид.
Дар аксар шаҳру ноҳияҳо наврӯзгоҳҳо сохта шуданд. Акнун Наврӯзро дар мактабҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳо, деҳаҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо бо шаъну шукӯҳ ҷашн мегиранд. Дар ҳама ҷо худи давлату Ҳукумат ташаббускорӣ он аст. Дар арафаи Наврӯз ва рӯзҳои ҷашн шодмонии мардумро ҳадду каноре нест. Дар тамоми Тоҷикистон дар ин рӯзҳо мардум аз хона берун мебароянд, ба наврӯзгоҳҳо мераванду ба хушҳолии якдигар шарик мешаванд. Пас аз Истиқлолияти давлатӣ Наврӯз ҷойгоҳи худро дар сатҳи байналмилалӣ пайдо кард.

Наврӯз дар солҳои навади садаи бист
Ба вуҷуди он ки аввали солҳои навади садаи бист кишварро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро гирифта буд, мардуми баъзе минтақаҳо Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Хурду калон либосҳои рангорангу зебо бар тан намуда, ба сайргоҳҳо, боғҳо, даштҳо, кӯҳҳо баромада шодмонӣ мекарданд.  Дар ҳамин солҳо дар матбуот низ мақолаҳо, шеърҳо, гуфтугӯҳо дар бораи Наврӯз зиёд шуд. Аз ин ҳама бармеояд,  ки орзуҳои деринаи мардум амалӣ шудааст. Касе ба Наврӯз мамоният намекунад. Вале баъзе шахсони мазҳабие, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба кишвари мо ворид мешуданд, бар зидди Наврӯз таблиғҳо намуда, мегуфтанд, ки «Наврӯз исломӣ нест, ид кардани он раво нест». Зиёиёни кишвар бошанд, тавассути воситаҳои ахбори омма суханони муҳаббатомези хешро дар бораи Наврӯз мегуфтанд.
Соли 1992 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ вазъият дар кишвар бад буд. Умед ба беҳбуди вазъият, барқарории сулҳ ва оромии кишвар набуд. Баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ вазъиятро андак, ба маънои мусбаташ, тағйир дод. Сарвари тозаинтихоби давлат ба мардум умед бахшиданд ва гуфтанд, ки сулҳ меоранд. Соли 1993 зиндагӣ ранги дигар гирифт. Худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳр мардумро аз тариқи воситаҳои ахбори омма бо Наврӯз табрик намуда, аз ҷумла баён доштанд: «Имрӯз ба сарзамини зиндагисози мо баҳори нозанин – Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову шумо муборак бошад! Ба диёри куҳансоли мо, ба кӯҳу водиҳои мо нафаси тозае омадааст. Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодат ба мулкамон бошад».
Аз ин гуфтаҳои Сарвари давлат маълум буд, ки роҳи дурустро интихоб намуда, умед ба ояндаи дурахшон ва эҳёи бештари Наврӯз зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар идомаи ҳамон суханҳояшон пешомади  кишварро вобаста ба Наврӯз гуфта буданд: «Агар гӯям, ки зимистони сиёсие, ки аз Наврӯзи соли гузашта дар Тоҷикистони мо оғоз шуда буд, тирамоҳи соли гузашта, аз Сессияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ рӯ ба баҳор овард ва имрӯз дар баҳори ҳақиқии зиндагӣ аввалин гулҳои он мешукуфад, ғалат намешавад».
Ҳамин тавр, сол ба сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи Наврӯзро, ки ҷашни беназире барои пайванди табиат ва инсон, иртиботи мардумони гуногуни олам, инсондӯстию башардӯстӣ аст, дар кишварамон ба сатҳи баланд бароварданд. Соли 1994 изҳор доштанд: «Наврӯзи дилафрӯз идест, ки дар фасли гулшукуфти зиндагӣ омада, одаму оламро ҷавон месозад, пироҳани куҳанро дур андохта, либоси нав ба бар мекунад, инсонҳоро ба ҳам дӯсту дилҳоро ба дилҳо пайванд месозад».
Дар солҳои 1995 - 2000 Сарвари давлат дар арафаи ҳар  Наврӯз ҳатман мардумро табрик намуда, гаштаву баргашта таъкид менамуданд, ки ин ид иди ваҳдати табиат ва инсон аст, ба ҳеҷ гуна дину мазҳаб тааллуқ надорад.
Пас аз Истиқлолияти  давлатӣ Наврӯз ҳамасола марҳала ба марҳала азамату шаъну шукӯҳи худро нишон медод. Ҷашнгирии он ба ҳукми анъана даромад. Мардуми тамоми кишвар Наврӯзро берун аз хона низ ҷашн мегирифтанд. Агарчи чоршанбеи охири сол ва ё чоршанбесурӣ чун ойини бостонии мардумӣ дар кишвар, дар баъзе деҳот, хеле кам баргузор шавад ҳам, вале мардум дар шаби Наврӯз дар ҳар минтақа, дар ҷашнгоҳҳо оташафрӯзӣ намуда, аз болои он мепариданд ва дар гирди оташ суруд мехонданду рақсу бозӣ мекарданд.
Ҷолиб он буд, ки дар тамоми ноҳияҳо дар наврӯзгоҳҳо дастархони идонаро бо рамзу розаш оро медоданд. Ин навъ дастархонҳоро бештар дар муассисаҳо, корхонаҳо, мактабҳо, донишгоҳҳо зинат медоданд. Дар дастархони ҷашни наврӯзӣ тамоми хӯрокҳоеро, ки аз сабзаҷот, гандум ва дигар донагиҳо пухта мешавад, мегузоштанд. Ҳама кӯшиш менамуданд, ки дастархонашон хеле зебо бошад.
Дар солҳои навадуми садаи бист адибон, таърихнигорон, рӯзноманигорон бо нашри мақола, шеър, намоишнома, дастур, китоб Наврӯзро ситоиш менамуданд, то мардум аз бузургии ин ҷашни ниёгон бештар огоҳ шаванд. Маҳз пас аз истиқлолият марҳалаи нави Наврӯз фаро расид. Онро нисбат ба ҳамаи ҷашнҳо бошукӯҳтар ҷашн мегирифтанд. Акнун азамати Наврӯз бештар мегардад. Эҷодкорону олимону мутахассисон ҷиҳатҳои нав ба нави онро кашф намуда, пешкаши мардум ва ба наврӯзгоҳҳо рафта, ин идро таҷлил менамуданд. Ҳам дар рӯзҳои ҷашн ва ҳам пас аз он мардум, инчунин, аз макони зисти худ берун баромада, ба дашту дамани зебову шукуфо ва сабзазор рафта, шодмонӣ менамуданд.
Мақолаҳо, шеърҳо, мусоҳибаҳо ва  намоишномаҳои тавассути матбуот пешкаши мардум гардидаро дар ин давра метавон ба чанд даста ҷудо кард. Дастаи аввал роҷеъ ба таърихи Наврӯз буд, ки пажӯҳандагон дар бораи таърихи он баҳс менамуданд. Аз замонҳои бостон то имрӯз ҳар навиштае, ки дар бораи Наврӯз буд, онро такрор ба такрор, бо назарҳои гуногун, бо шарҳу тафсирҳо ба нашр мерасонданд. Дар ин навиштаҳо аз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Наршахӣ, Берунӣ, Хайём, Саъдӣ, Мавлоно, Ҳофиз ва даҳҳо адибон ва таърихнигорони гузашта, ки дар осори онҳо оид ба Наврӯз ва баҳор ишорат шудааст, ёдовар мегардиданд. Зоҳиран ин навъ навиштаҳо такрор бошанд ҳам, вале аз ҳар кадоме як диди тозаи муносиб ба замонро пайдо кардан мумкин аст.
Дастаи дигари асарҳо эҳсосотӣ буда, бо муҳаббат дар ситоиши Наврӯз ва баҳор мебошанд. Ин навъ асарҳо бадеияти махсуси худро доранд, ки бештар асари адабиро ба ёд меоранд. Дар онҳо зебоиҳо ва таровату дилнишиниҳои Наврӯзу баҳор инъикос ёфтаанд.
Дастаи дигар асарҳое буданд, ки дар онҳо расму ойинҳо ва суннатҳои вобаста ба Наврӯз ташреҳ ёфтаанд. Дар ин гуна асарҳо низ агарчи такрорҳо зиёд мебошанд, вале боз ҳам агар муқоиса шавад, ҳар муаллиф ҳангоми таълифи асари худ як ё чанд нуктаи ҷолибу тозаеро низ баён кардааст. Масалан, дар бораи тарзи пухтани суманак чандин мақола дар матбуоти ҳам ҷумҳуриявӣ ва ҳам ноҳиявӣ ба нашр расидаанд. Дар баъзе аз онҳо оид ба пухтупаз ва вобаста ба он дар бораи  ойинҳои наврӯзии минтақаи худ иттилоъ дода шудааст, ки то ҷое аз ҳам  тафовут доранд. Ин барои омӯзиш ва пажӯҳиши бештару беҳтари Наврӯз муҳим аст. Баъзеҳо дар бораи фалсафаи Наврӯз, суруду таронаҳои наврӯзӣ, ойинҳои наврӯзии кишварҳои дуру наздик низ асарҳо чоп кардаанд. Ҳамин тавр, дар арафаи ин ҷашн ягон нашрияе набуд, ки матлабе дар бораи Наврӯз ба нашр нарасонда бошад.

Наврӯз дар даҳсолаи аввали садаи бисту як (2000 - 2010)

 Дар аввали садаи бисту як таваҷҷуҳ ба Наврӯз ҳамчун бедории табиат, ҳамбастагӣ, дӯстӣ, муҳаббат, ваҳдат, пайванди мардумони гуногуни олам бештар гардид. Дар ҳақиқат, он рамзи бедории табиат, оғози кишту кор ва тавлиду таҷдиди ҳамаи ҷони зинда мебошад. Мардумони ҳавзаи Наврӯз ва дигар халқҳои олам дар симои Наврӯз ягонагии мероси фарҳангиву анъанаҳои бисёрасраро мебинанд. Он  дар ҳамбастагӣ, ҳамзистӣ, рушд ва пайванди бештари муносибатҳои байни мардумони олам, таблиғи ғояҳои сулҳ ва ҳамҷаворӣ нақши арзишманд мебозад.
Аз соли 2000 то соли 2010 асарҳои зиёди илмӣ ва оммавӣ дар шакли  мақола, шеър, китоб, оҳанг, наққошӣ, филмномаҳои мустанад ва ғайра ба чоп расиданду таҳия гардиданд. Дар даҳсолаи аввали садаи бисту як аз тариқи воситаҳои ахбори омма маводи зиёд пешкаши мардум мегаштанд. Дар кӯчаву хиёбонҳо, муассисаҳо, донишгоҳҳо, мактабҳо беҳтарин шиорҳо дар бораи Наврӯз овезон мешуданд. Дар ин марҳила адибон  саҳми чашмрас доштанд. Онҳо дар ситоиши баҳор ва Наврӯз шеърҳое сурудаанд, ки ҳар кадоме зебоиҳои ин ҷашнро пеши назар ҷилвагар месозад.
Он мардумоне, ки дар домани фарҳанги мардуми ориёитабор парвариш ёфтаанд ва баъдҳо Наврӯзро ҳамчун мероси фарҳангии худ пазируфтаанд, низ дар кишварҳои худ ин ҷашнро таҷлил мекарданд. Дар натиҷаи дар даҳсолаи аввали садаи бисту якум ваҳдати фарҳангии Наврӯз дар байни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба вуҷуд омад, ки онҳо хостанд дар якҷоягӣ ба таври расмӣ ҷашн гирифтани онро ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намоянд. Ҳамаи ин таблиғоту талошҳо чунин натиҷа дод, ки кишварҳои ҳавзаи Наврӯз кӯшиш намуданд, ки ин иди пайванди табиат ва инсонро вориди рӯйхати фарҳанги ғайримоддии Созмони Милали Муттаҳид намоянд. Дар ин кор ташаббускори асосӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Ин талошҳо боиси он шуд, ки 30 сентябри соли 2009 Наврӯз ба рӯйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО бо 76 унсури ғайримоддии худ аз кишварҳои гуногуни дунё ворид гардид. Қарори ворид намудани 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз ҷониби 24 давлати иштирокчии Кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддӣ пазируфта шуд.
Баъдан 23 феврали соли 2010 дар 64 - умин ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯби моддаи 49 - и рӯзномаи ҷаласа, таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон», дар бораи 21 март «Рӯзи байналмилалии Наврӯз»  ҷашн гирифтани Наврӯз қарор қабул карда шуд. Лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон муштаракан таҳия, баррасӣ ва пешниҳод шуд. Бино ба матни қатънома, Маҷмаи умумии СММ ба чунин қарор омад, ки 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз дониста шавад.
Худи ҳамон сол, яъне соли 2010 бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Наврӯз”, рӯзҳои 21 – 24 мартро – Иди байналмилалии Наврӯз эълон намудааст (аз 21.07.2010, № 611). Тибқи ин қонун рӯзҳои 21-24 март дар Тоҷикистон истироҳат муқаррар шудааст.
Кишвари мо кӯҳсор аст. Барф зиёд меборад. Ҳар сол дар ҳар минтақаи Тоҷикистон ҷашни Наврӯз баробари шукуфтани нахустин гулҳои баҳорӣ шурӯъ мешавад. Бо нахустин нурҳои офтоби баҳорӣ аввалин гулҳои наврӯзӣ аз замин сар мебароранд ва мардумро хушнуд месозанд. Ин гулҳои зебои нозукро касоне, ки мебинанд, мечинанду ба мардум ҳадя менамоянд ва аз омадани баҳору Наврӯз мужда медиҳанд. Дар гузашта ин навъ оинҳо дар байни тоҷикон маъмул буданд. Дар садаи бистум кам-кам аз байн мерафтанд. Пас аз истиқолият эҳё мешаванд. Ҳамчунин, аз тариқи телевизион саҳнасозӣ шуда, пешкаши мардум мегарданд.
Ҳоло оинҳои «гулгардонӣ» (дар Хатлон, Бадахшон, Раштонзамин), «бойчечак» (дар вилояти Суғд) маҳз дар рӯзҳои Наврӯз саҳнасозӣ шуда, намоиш дода мешаванд. Кӯдакон ва навҷавонон дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе, Хатлон, Бадахшон, Суғду Зарафшону Раштонзамин ва ҳамаи ноҳияҳо дастаҳои гули наврӯзию сияҳгӯшро, ки хеле зебоанд, дастабандӣ карда, пешкаши мардум ва роҳгузарон менамоянд. Баробари гирифтани гулҳо онро ба абрӯи худ молида, ба гулдиҳанда ҳадяҳо медиҳанд. Дар шимоли кишвар дар баъзе хонаводаҳо ба ин муносибат «оши бойчечак» пухта, хешовандон ва дӯстони худро зиёфат менамоянд. Хулоса, Наврӯз бо ташаббуси Пешвои миллат дар тамоми кишвар ба таври зебову дилнишин густариш ёфт ва равнақ пайдо намуд.

Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва ҳамоиши сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (2010 - 2011)
Дар тайи соли 2010 ва баъд шаҳомати Наврӯз хеле афзуд. Он дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳамчун рӯзи нав, рӯзгори нав, рӯзи шодмонӣ, рӯзи инсофу адолат, рӯзи баробарию бародарӣ, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи созиш ва бахшиш мебошад. Табиат ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯз чун падидаи нодиру бузурги табиат, таҷассумгари рамзи рӯшноӣ ва тантанаи адолату накукорӣ, тимсоли рӯзи наву оғози Соли нав дар тамоми кишвар пас аз истиқлолият маъракаҳо баргузор мегарданд.
Акнун ҳар сол дар моҳи март, дар фазои мусаффо, бо сулҳу салоҳ дар сарзамини куҳанбунёд ва муҳити созандаю бунёдгари Ватани маҳбубамон бостонитарин ва зеботарин ин ҷашни ниёгонамон таҷлил мегардад. Имрӯзҳо дар зиндагии тоҷикон Наврӯз ҳамчун рукни  худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои инсондӯстӣ, ҳунарпарварӣ, зебоидӯстӣ аст. Он барои аз миён бурдану зудудани ғаразҳо, доғҳо, кинаҳо, бахшиши гуноҳҳо роҳнамои инсонҳост.
Воқеан, ниёкони оқилу одили мо хеле дурандеш, хушфикр ва бедордил будаанд, ки барои мо Наврӯзро дарёфта, онро ҳамчун рамзи ҳамзистӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, равшангарӣ, зебоидӯстӣ, меҳрварзӣ, ҳамдамӣ бо табиат ҷашн гирифта, дар тӯли таърихи чандҳазорсола нигоҳ дошта, ба ҳамсоягон ва қавму миллатҳои гуногуни олам пешкаш намуданд.
Баъд аз он ки Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд, дар тамоми кишвар таҳти унвони «Тоҷикистон – ватани Наврӯз» маърака ва маҳфилҳо бошукӯҳтар доир мегарданд. Дар аксари наврӯзгоҳҳо, сайргоҳҳо ва дашту даман сайру гашт, маҳфилҳо, дилхушиҳо, шодмониҳо ва ҳамчунин, бозиҳои варзишӣ, мулоқот бо шахсиятҳои маъруф баргузор мешаванд. Намояндагони давлат, созмонҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳи ҷавонон ба хонаҳои пиронсолон, маҷрӯҳон, беморон рафта, онҳоро бо иди Наврӯз табрик менамоянд ва аз ҷониби муассисаи худ ҳадяҳо мебаранд.
Соли 2010 дар саросари Тоҷикистон Наврӯз бо шаҳомати бузург ҷашн гирифта шуд. Баъд аз он ҳар сол баробари наздик шудани ҷашн тамоми корхонаҳо ва муассисаҳо вобаста ба ин тадбир меандешанд, ки шодии мардумро ҳадде нест.
Пас аз он ки Наврӯз ба таври расмӣ ҷаҳонӣ шуд, сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз тасмим гирифтанд, ки ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳо онро таҷлил намоянд. Рӯзҳои 26 ва 27 соли 2010 нахустин таҷлили байналмилалии иди «Наврӯз» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар шаҳри Теҳрон, баргузор гардид. Дар ин тантанаҳо, дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, сарони давлатҳои Афғонистон, Ироқ ва Туркманистон ва намояндагони воломақоми Озарбойҷону Туркия низ иштирок доштанд.
Дар ин нахустин таҷлили Наврӯз бо иштироки сарони кишварҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ Наврӯзро «Пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳо дар гузашта ва имрӯз» маънидод карда, аз даргоҳи Худованди карим дархост намуданд, ки «Иди ҷаҳонии Наврӯз ҳамеша инсонҳоро ба ҳамдигар наздиктар ва аз сарвати дӯстию бародарӣ баҳравар намояд, барои истиқрори сулҳу ваҳдат ва аз байн бурдани низоъҳою бегонагиҳо дар ҷаҳон мусоидат кунад».
Бегоҳии рӯзи 27 – уми марти соли 2010 дар толори бузурги қасри Ваҳдати шаҳри Теҳрон чорабинии дилнишини фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз баргузор шуд, ки он як маҳфили зебои илмию амалӣ ва намоиши ҳунарҳои волои мардумони ориёитаборро мемонд. Барномаи рангини ин маҳфили фарҳангӣ фарогири намоиши ҳунарҳои мардумӣ, мусиқӣ, Шоҳномахонӣ, ойини паҳлавонӣ ва ҳикоятҳои ҷолиб аз фархундагиҳои ҷашни пурифтихори Наврӯз буд.
Дар ин ҳамоиш Пешвои миллат пешниҳод намуда буданд, ки соли 2011 Наврӯз дар зодгоҳаш, яъне Тахти Ҷамшеди Эрон баргузор гардад. Ин пешниҳод пазируфта шуд.
Рӯзҳои 26 ва 27 марти 2011 барои иштирок дар таҷлили байналмилалии Наврӯз ба Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон,  Ҳиндустон, Қатар, Ироқ, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Туркия, Уммон, Кувайт, Танзания ва ғайра ташриф оварданд.
Дар ин ҷашн бо сарварии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати бонуфузи расмӣ ва аҳли илму фарҳанги кишвар ширкат намуданд. Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ва хони наврӯзии тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи ширкатдорони ҷашн қарор гирифт. Бегоҳии 27 март дар Кохи Ваҳдат барномаи фарҳангии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони як қатор давлатҳои дигар иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронии Пешвои миллат аз ҷашни бостонии мардуми ориёитабор ва миллату халқиятҳои сершумори минтақаҳои ҷаҳон будани он ёдоварӣ шуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Наврӯз чун ҷашн талқингари дӯстию бародарӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ, сулҳу оштӣ, бахшиши гуноҳҳо, поксозии қалбҳо аз кинаю кудурат ва оғози фасли баҳору шукуфоӣ, киштукори зироатҳо ва ҳамчунин, оғози соли нави офтобӣ, ҳанӯз чанд ҳазор сол пеш қудрату тавони ҷаҳонӣ пайдо карда буд. Ҷашни ҷаҳонӣ эълон шудани Наврӯзи дилафрӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид маҳз нишонаи эътибори ҳамин арзишҳои воло ва натиҷаи ҷаҳду талошҳои зиёди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои таҷлилкунандаи ин иди фаррухпай дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз тасмими роҳбарони сатҳи олии кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯз доир ба таҷлили сеюми ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Тоҷикистон сарони давлатҳо ва аҳли илму фарҳанги ин кишварҳоро ба иштироки фаъол дар тантанаҳои наврӯзии соли 2012 ба сарзамини зархези мо даъват намуданд.
Соли 2011 дар таърихи наврӯзшиносии кишварамон хотирмон буд. Дар он сол низ дар тамоми кишвар Наврӯз хеле бошукӯҳ баргузор гардид. Мардум чандин рӯз дар сайргоҳҳо ва дар майдонҳои назди муассисаҳои худ онро бо шодмонӣ ҷашн гирифтанд. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш Сарвари давлат дар паёми табрикии худ ба муносибати ҷашни Наврӯз, аз ҷумла изҳор доштанд: «Инак, ба сарзамини куҳанбунёди мо боз бузургтарин ва зеботарин ҷашни мардуми ориёинажод – Наврӯзи хуҷастапай бо қадамҳои сабзу насими ҷонбахш ва бо паёми тозаи рӯзу рӯзгори нав фаро расид. Ва имрӯз мову шумо фарорасии ин рӯзи муборак, яъне Наврӯзи 20 - солагии Истиқлоли давлатиамонро дар ин майдони бо заҳмати дастони мардуми ободгарамон зебову ороста, дар пойтахти давлати соҳибихтиёри худ истиқбол мегирем… Мо аз рисолаву осори бахшида ба Наврӯз ва наврӯзномаҳои сершумори гузаштагонамон хуб медонем, ки ниёгони мо ҳанӯз аз замони шоҳ Ҷамшеди бузургу хирадманд ин ҷашнро ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мекардаанд. Зеро он тибқи илми ситорашиносӣ ба нахустрӯзи офаринишу баҳор, рӯидани сабзаву ҷон гирифтани рӯдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд... Мо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз тантанаи воқеии шиори абадзиндаи ниёгони хирадмандамон – «Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек» - ро мушоҳида мекунем. Вобаста ба ин, мехоҳам ба тамоми мардуми фарҳангиву шарифи Тоҷикистон хотирнишон созам, ки ин шиори пурфазилату пурманфиати гузаштагонамонро, ки пояи ҷовидонии суботу оромии ҷомеа, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллии мо ва умуман иттиҳоди байни инсонҳо мебошад, дастури амали ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд.»
Пешвои миллат дар идомаи суханони худ дар соли 2011 ёдовар шуданд, ки дар давоми 20 соли Истиқлолияти Тоҷикистон корҳои бузурге ба фарҷом расиданд. Тавре ёдовар шуданд, ҳар сол «ҳазор буттаҳои сояафкан шинонда, боғҳои нави дарахтони мевадиҳанда ва токзор бунёд мегарданд, биноҳои нави истиқоматӣ, иншооти маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву тиббӣ ва фарҳангӣ, корхонаву дигар иншооти истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки ҳисоби умумии онҳо то ба имрӯз ба ҳазорҳо мерасад.»
Муҳим он буд, соли 2011 Наврӯзгоҳро, ки дар пойтахти кишварамон бузургтарин ҷашнгоҳ асту мавриди истифода қарор гирифт, «Наврӯзгоҳ» номида, таъкид намуданд: «Ин майдон ва иншооти гирду атрофи он, ки масоҳати 28 гектарро дарбар мегирад, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо сарфи қариб 32 миллион сомонӣ имрӯз дар хизмати мардуми пойтахт ва меҳмонони он омода шудааст ва дар он барои гузарондани ҳама гуна чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангиву фароғатӣ тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла тамошогоҳ бо 8000 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, қаҳвахона ва дигар утоқу биноҳои ёрирасон дар сатҳи баланд пешбинӣ шудаанд. Бо истифода аз фурсати муносиб ба ташаббускорон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин маҷмааи муҳташам саҳм гузоштаанд, изҳори сипос карда, ба хотири бузургдошти зеботарин ҷашни миллиамон – Наврӯз пешниҳод менамоям, ки он Наврӯзгоҳ номгузорӣ гардад».
Дар ин солҳо низ дар матбуоти тоҷик мақолаҳо, шеърҳо ва дастурҳои методӣ барои чӣ тавр баргузор намудани ҷашни Наврӯз аз ҷониби адибон, мутахассисон ва пажӯҳандагон ба табъ расиданд.

Сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Тоҷикистон (2012)
 
Соли 2012 омодагӣ ба тантанаҳои наврӯзӣ як моҳ пеш шурӯъ гардид. Дар ин сол меҳмонони олиқадри кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бояд ба Тоҷикистон ташриф меоварданд. Як ҳафта пеш аз Наврӯз тантанаҳои ҷашнӣ тамоми кишварро фаро гирифт. 17 марти соли 2012 ба муносибати ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе «Дави Наврӯз» баргузор шуд.
Ба кишвари мо сарони давлатҳо ва меҳмонони беш аз 40 кишвар ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ташриф оварданд. 25 март бо Конфронси байналмилалии Наврӯз - 2012 дар Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин кох намоишгоҳи наврӯзӣ шукӯҳу шаҳомати ҷашнро афзуд. Дар намоишгоҳ кишоварзон, ҳунармандон, зиёиёни тоҷик маҳсули заҳмати худро пешкаши меҳмонони олиқадр намуданд.
25 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе сеюмин таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз бо ширкати сарони кишварҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, муовини Раиси Маҷлиси парлумони Қазоқистон, муовинони сарвазирони Туркманистон, Озарбойҷон, муовини раиси ноҳияи мухтори Синсзян - Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Хитой, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, Котиби генералии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, намояндаи махсуси Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон, фиристодаи махсуси Сарвазири Ҳиндустон, сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагони дигар кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд.
Тантанаҳои таҷлили Наврӯз дар шаҳри Душанбе дар фазои дӯстиву ҳамдилӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои башардӯстона бо паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони он ифтитоҳ гардид. Дар ин рӯзҳо дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе барномаҳои гуногуни фарҳангӣ таҳти шиори «Наврӯз – ҳамбастагии маънавии халқҳо ба хотири фардои дурахшон» баргузор шуданд.
Ширкаткунандагони тантанаҳо бо арҷгузорӣ ба ташаббуси ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия ва дастгирии дигар кишварҳо дар мавриди ба иди Наврӯз додани мақоми байналмилалӣ, баёнияи муштараки зеринро қабул намуданд:
1. Аз  қарори   Маҷмааи   умумии                          СММ ARES64253 аз  23  феврали  соли 2010 ҷиҳати эълон намудани 21 март ба унвони Рӯзи байналмилалии Наврӯз қадрдонӣ менамоянд.
2. Аз ташаббуси ЮНЕСКО дар мавриди таҷлили Наврӯз қадрдонӣ намуда, зарурати эҷоди василаи муносибро ҷиҳати истифодаи беҳтар ва хубтар аз дастовардҳои илмию фарҳангии ин созмони байналмилалӣ дар таҳияи заминаҳои фарҳангӣ, ки барои таҳкиму тавсеаи робитаҳои байни халқҳо заруранд, таъкид менамоянд.
3. Ташаббуси Ҷумҳурии Исломии Эронро ҷиҳати баргузории “Ҳамоиши байналмилалии саромадони Наврӯз» дар шаҳри Теҳрон дар соли гузашта бо қаноатмандӣ таъкид намуда, бо мақсади ҳифз намудан ва таҳкими мероси фарҳангӣ ва ойинҳои Наврӯз, аз созмон додани гурӯҳ барои таҳияи «Санади умумиҷаҳонии Наврӯз» пуштибонӣ менамоянд.
4. Ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва муассисаи фарҳангии он пешниҳод мекунанд, ки доир ба иқдомоти худ ҷиҳати иҷрои лоиҳаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ ҳамасола гузориш таҳия намуда, минбаъд онро ба ҷашни навбатии Рӯзи байналмилалии Наврӯз манзур намоянд.
5. Ширкаткунандагони сеюмин ҷашни Рӯзи байналмилалии Наврӯз ба мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории муваффақонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз миннатдории самимонаи худро баён карданд.
6. Ширкаткунандагон пешниҳоди Туркманистонро ҷиҳати баргузории ҷашни навбатии Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар моҳи марти соли 2013 дар шаҳри Ашқобод бо хушнудӣ ва мувофиқат пазируфтанд.
Соли 2012 Наврӯзгоҳи пойтахт бисёр зебову дилоро гардида буд. Чанд километри роҳ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ низ оро дода шуд.  Ҳунарҳои мардумӣ, хӯроквориҳо, неъматҳои табиии кишвар,  ҳатто намунаҳои дарахтҳои гулкардаи бодом, зардолу ва гулҳои навшукуфтаи баҳорӣ аз шоҳроҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ то даромадгоҳи Наврӯзгоҳ ба намоиш гузошта шуданд.
Бо сарварии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои Эрону Покистон – Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзони кишвар, ки ҳама бо рамзу нишон ва ороишоти наврӯзӣ оро ёфта буданд, дидан карда, аз базму тараби идонаи ҳунармандон бисёр хушнуд гардиданд.
Баъдан барномаи махсуси идона дар Наврӯзгоҳ бо ворид шудани сарони давлатҳо ва меҳмонон шурӯъ шуд. Ин ҷашн хеле бошукӯҳу хотирмон буд. Наврӯзгоҳ баъди навсозӣ дорои 14 ҳазор ҷойи нишаст гардид. Наврӯзи ҷаҳонӣ бо барномаи рангини ҳунарии устодони санъату фарҳанги Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон баргузор шуд. Ҳунармандони ин кишварҳо ва мизбонон бо базми ҷамшедии суруду рақс, иҷрои расму ойинҳои ниёгон Наврӯзро таҷлил намуданд. Барои ҳама, хоса меҳмонон ҷолиб он  буд, ки Наврӯзгоҳ Тахти Ҷамшедро ёд меовард.
Дар он рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барои аҳамияти Наврӯзи ҷаҳонӣ, аз ҷумла изҳор доштанд: «Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш қабл аз ҳама мехоҳам мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳи табиату баҳор, оғози сарсабзиву хуррамӣ, яъне Наврӯзи оламафрӯз, ки имрӯзҳо бо қадамҳои неку мубораки худ дар диёри зебову дилрабои Тоҷикистон фаро расидааст, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва умуман мардуми сайёра оромиву осоиш, хушбахтиву комронӣ ва дастархони пурфайзи наврӯзиро орзу намоям.
Мо аз ҷумлаи он мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву муҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем. Имрӯз барои мо - тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад...Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст. Инак, пас аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз имкониятҳои бештаре фароҳам омадаанд, ки кишварҳои мо ба воситаи таҷлили ҳамасола ва пуршукӯҳи Наврӯз суннатҳои волои онро, ки бархе аз онҳо бар асари ҳаводиси таърихӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, бо дастгирии доираҳои илмиву фарҳангии ҳамдигар эҳё гардонанд ва ба оламиён собит намоянд, ки Наврӯз воқеан ҳам, аз ҷумлаи арзишмандтарин ҷашнҳои башарист. Дар баробари ин, моро лозим аст, ки суннатҳои наврӯзиро барои беҳбуди ҳаёти имрӯза ва таҳкими ҳар чи бештари равобити халқҳоямон истифода кунем. Аз ҷумла, ҳар сол вақте ки дар яке аз кишварҳои мо ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад, баргузор намудани намоиши дастовардҳои муҳими илмиву фарҳангӣ, кишоварзӣ ва амсоли он айни муддао мебошад. Ба ин восита мо метавонем бо ҳамдигар боз ҳам бештар ошноӣ пайдо кунем, ки яке аз ҳадафҳои наҷиби Наврӯз ба ҳам наздик шудан ва тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона, инчунин, ҳамкориву ҳамгироӣ миёни мардумони гуногун аст. Зеро дар шароити муосир ҳамаи мо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем ва башарият нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, дӯстиву рафоқат, ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад.
Дар чунин шароит Наврӯз барои кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтор ва кирдори нек, дӯстиву ҳамкории халқҳо хизмат намуда, ҳамзамон бо ин, ҳамаи моро сӯи рӯзгори орому бехушунат ва талош ба хотири зиндагии осуда роҳнамоӣ мекунад.
Итминон дорам, ки ташрифи меҳмонони олиқадр ва ҳайатҳои баландпоя аз кишварҳои дӯсту бародар ба Тоҷикистон ва ширкати онҳо дар маъракаи идонаи мо боиси таҳкими бештари равобити неки ҳамсоягӣ, ҳамгироӣ ва ҳамкории миёни мамолики минтақа ва ҷаҳон хоҳад гардид.
Бо ҳамин орзуҳои неку таманниёти самимона бори дигар ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, меҳмонони олиқадр, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, бароятон тансиҳативу рӯзгори обод ва барори кору пирӯзӣ орзу менамоям”.
Соли 2012 низ дар матбуоти Тоҷикистон ва ҳатто берун аз он шеъру мақолаҳои зиёд чоп шуданд, ки аз онҳо муҳаббати муаллифонаш  нисбат ба Наврӯз бисёр хуб эҳсос мешавад.

Наврӯзи соли 2013
Соли 2013 бо иҷрои корҳову ташаббусҳои нек ва шодиву нишоти зиёд Наврӯзи ҷаҳониро дар тамоми кишвар истиқбол гирифтанд.
Яке аз оинҳои наврӯзӣ ин аз тариқи ҳашар анҷом додани корҳост. Дар гузашта ва ҳоло низ дар деҳаҳо пеш аз фаро расидани  Наврӯз ҷӯйҳо, кӯчаҳо, сайргоҳҳо ва ҷойҳои муҳимро тоза менамуданд. Ба тариқи ҳашар ниҳол мешинониданд, боғҳоро ба тартиб медароварданд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои қадим, дар рӯзи сеюми Наврӯз мардум ба ҳашари ободии муҳити зист баромада, деҳқонон корҳои кишоварзиро вусъат мебахшиданд. Аз ин рӯ, бо ташаббусу пешкории Сарвари давлат 23 марти соли 2013 мардуми шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар ба ҳашари умумӣ баромаданд. Тайи чанд сол аст, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сартосари кишвар пеш аз Наврӯз ва гоҳе пас аз он ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор мегардад.  Дар ин гуна ҳашарҳо Сарвари давлат худашон низ ширкат менамоянд. Мардум бо сарварии Ҷаноби Олӣ 23 марти соли 2013 ба ҳашари умумӣ баромада, аз рӯи расму оини ниёгон ба поксозию ободонии муҳити зист ва ниҳолшинонию кабудизорсозии атроф шурӯъ намуданд. Ширкати бевоситаи Пешвои миллат дар маъракаи ниҳолшинонӣ, аз як сӯ нишонаи муҳаббати беандозаашон ба табиати зебову дилорои Тоҷикистони азиз бошад, аз сӯи дигар ташвиқи мардум ба корҳои ободонӣ, созандагӣ ва муҳаббати кишвар аст.
Сарвари давлат барои иштирок дар Ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз ба кишвари Туркманистон сафар карданд.  Тантанаи Наврӯзи байналмилалӣ дар Ашқобод бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, намояндагони воломақоми Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистону Қирғизистон, Тотористони Русия, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари шуъбаи ин созмон дар Женева ва ҳайатҳои илмию фарҳангӣ аз кишварҳо ва созмонҳои дигар баргузор гардид. Дар Ашқобод ба муносибати таҷлили Наврӯз “Конфронси байналмилалии Наврӯз - ҷашни инсондӯстӣ ва рифоъ” доир шуд. Дар он  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба чанд нуктаи муҳими Наврӯз ишорат намуда, аз ҷумла гуфтанд: “Ин сарзамини меҳмоннавоз дар гузашта ва имрӯз ба фазои ягонаи тамаддуние дохил мешавад, ки ватани Наврӯзи оламафрӯз ба шумор меравад”. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тахти Ҷамшед»-и бостониро ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор доштанд: «Тавре ки аз ёдгории Тахти Ҷамшед маълум мегардад, Наврӯз дар қаламрави 23 кишвари онрӯзаи ҷаҳон ҷашн гирифта мешудааст, ки ҳудуди бузургеро аз кӯҳҳои Ҳиндукуш то Мисру Юнон ва аз Русияву Қафқоз то Ҳиндустони кунунӣ дар бар мегирифт. Сабаби пазириши ин ҷашн аз тарафи қавму қабила ва халқҳои АвруОсиё дар он будааст, ки Наврӯз дар гузашта ва ҳам дар замони муосир ҷашни бедории табиат, баробарии шабу рӯз, равобити дӯстона ва ҳамзистии мусолиматомези қавму миллатҳои гуногуни ин қаламрави паҳновару мутамаддинро таҷассум месохт». Дар ин конфронс Эмомалӣ Раҳмон чунин як пешниҳоди ҷолибу муҳимро ироа намуданд: «Наврӯз метавонад ва бояд ба ҳайси маҷмӯи таълимоти нави сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, чун барномаи дӯстиву баҳамоии мардумони ҷаҳон барои ҳалли масоили мубрам ва доғи сайёраи мо истифода шавад. Фарҳанги Наврӯз моро ҳидоят мекунад, ки дар навбати аввал роҳҳои иртибот ва коммуникатсияро дар дохили кишварҳоямон барқарор кунем ва онҳоро такмилу инкишоф бахшем ва ба ҳамин васила теъдоди ҳарчи бештари омилҳои ҷудоиро аз миёни миллатҳо ва давлатҳои ҳавзаи наврӯзӣ бардорем”.
Дар ин сол низ ба монанди солҳои пешин аз тариқи воситаҳои ахбор дар бораи Наврӯз асарҳои зиёди хурду калон ба табъ расиданд.

Наврӯзи соли 2014
Наврӯзи соли 2014 низ аз худ хотираҳои нек боқӣ гузошт. Дар ин сол ҳам дар кишвар пеш аз ҷашни Наврӯз ва баъд аз он иншооти муҳими давлатӣ ба истифода дода шуданд.
Хеле хотирмон буд, ки бегоҳии 19 март дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди баҳрабардории умум қарор гирифт. Боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам кардааст. Дарахтони зебою нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар овардаанд, шукӯҳи боғро афзудааст. Шаршара ва фаввораҳои назди он ҳусни боғро  зиёд намудаанд. Баландии ин шаршараи бошукӯҳ 22 метр мебошад. Фаввораҳои сершумори он Наврӯзгоҳро шабонгоҳон бо рангҳои гуногун ҷило медиҳанд. Дар боғ майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои атраксионҳои гуногун аст. Дар боғ тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва чойхона бунёд ёфтаанд. Ҳамин тавр, ин боғ як макони зебою дилоро барои сайру гашт мебошад.
Ҳар сол Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чун анъана дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз бо намояндагони зиёиёни эҷодкори кишвар мулоқот менамоянд. 20 марти ин  сол мулоқоти навбатии Сарвари давлат бо намояндагони зиёиёни эҷодкор дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд. Президенти кишвар Наврӯзро “аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин ойинҳои миллии мо” номида, таъкид доштанд, ки “Наврӯз дар худ тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни куҳани моро таҷассум менамояд”. Ба гуфтаи Пешвои миллат “Тамаддуни ориёӣ ба инсоният ҷашнеро пешкаш намудааст, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда, рамзи пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмат ба шумор меравад”.
Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки “Ин ҷашни пурифтихор ба ягон дину мазҳаб робита надорад, тобеи ягон мафкура ё ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ нест ва аз ҷумлаи ҷашнҳои камназири башарият аст, ки онро хурду бузурги мардумони мухталифи сайёра истиқбол мегиранд”. Ҳамчунин, бо муҳаббат ба идомаи суханони худ дар ҷашни Наврӯзи соли 2014 гуфта буданд: “Ба ин маънӣ метавон дилпурона изҳор намуд, ки Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, ойини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват аст”.
Дар ин сол низ наврӯзгоҳи пойтахт зебо ва дар сатҳи баланд оро дода шуда буд. Рӯзи 21 март Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони аҳли ҷамоати пойтахт бо шодию сурур ва самимияти баланд истиқбол гирифтанд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи мардумони кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯзро ба муносибати фарорасии ин иди бузург, ки чанд сол ба ин сӯй мақоми байналмилалӣ гирифтааст, сидқан табрик гуфтанд. Ҳамчунин, ишора гардид, ки “Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд”.
Тантанаҳои наврӯзӣ бо намоиши барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ идома ёфт.
Рӯзи дигар, яъне 22 марти соли 2014 Сарвари давлат ба ноҳияи Данғара ташриф бурданд. Дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки ӯ тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ баргузор гардиданд. Қобили ёдоварӣ аст, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳия, ки дорои 12 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, барои таҷлили Наврӯз беш аз 15 ҳазор нафар ҷамъ омаданд. Ин майдони варзишӣ якҷо бо Маҷмааи фарҳангии “Хуррамшаҳр”, ки ба ифтихори нахустин Ҷашни байналмилалии Наврӯз соли 2010 бунёд шуда буд, имрӯз ба як мавзеи зебову дилписанди истироҳату фароғат ва сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳия табдил ёфтааст.
Зимни суханронӣ Президенти кишвар мардуми ноҳияи Данғара ва кулли сокинони вилояти Хатлонро бори дигар бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз шодбош гуфта, ба ҳамагон хонаи обод, бахту иқболи баланд ва ба кишоварзони заҳматкаш файзу нусрати баҳорӣ орзу намуданд.
Таъкид гардид, ки ноҳияи Данғара метавонад бо роҳи боз ҳам зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии миллии Тоҷикистон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши бисёр муҳим бозад.
Тантанаҳои наврӯзӣ дар Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ, Ҳисор, Панҷакент ва ҷойҳои дигар низ чандин рӯз барпо гардиданд. Қариб дар аксари минтақаҳо мусобиқаҳои гӯштигири, бузкашӣ ва монанди инҳо баргузор шуданд. 
Соли 2014 Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон доир гардид. 27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул, пойтахти ин кишвар, чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 5 - умин Наврӯзи байналмилалӣ ва ҳамоишҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон иштирок намуданд. Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Кобул бо шукӯҳи хоса ҷараён гирифт. Нахуст Конфронси байналмилалии Наврӯз баргузор шуд. Дар суханронии худ дар ин конфронс Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор доштанд: “Муҳимтарин хусусияти Наврӯз ин аст, ки ин ҷашн ба ягон воқеаи сирф қавмӣ, миллӣ ё минтақавӣ бахшида нашудааст ва як падидаи фаромилливу фаромазҳабӣ буда, заминаҳои ҷаҳонишавиаш ҳанӯз то милод гузошта шуда буд”. Тавре ки Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Фарҳанги наврӯзӣ метавонад дар ҳалли мушкилоти муосири умумибашарӣ, аз ҷумла дар рафъи буҳрони сахти экологӣ ва маънавӣ раҳнамо бошад”.
Тантанаҳои наврӯзӣ дар Наврӯзгоҳи Кобул, дар саҳни Арки раёсати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо шукӯҳ гузаштанд.

Наврӯз дар соли 2015
Дар ин сол  Наврӯз бо ҳамон шаъну шукӯҳи худ вориди зиндагии мардуми тоҷик гардид. Тамоми кишвар ба ҷашни Наврӯз омодагӣ гирифт. Аз кишварҳои ҳамзабони Афғонистону Эрон меҳмонони зиёд маҳз барои дидани Наврӯзи тоҷикон ташриф оварданд. Аз кишварҳои арабӣ, аврупоӣ, Ҳиндустону Чин ва ҳатто Амрико низ барои дидани ин ҷашни дилафрӯз омаданд.
20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор гардиданд, иштирок ва суханронӣ карданд.
Барои таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар ду тарафи роҳи канори Наврӯзгоҳ сокинони ноҳияҳои пойтахт намунаҳои дастовардҳо, расму оинҳои миллӣ, маҳсули дасти кадбонуҳо, ҳунари устоҳои чирадастро ба намоиш гузоштанд.
Пешвои миллат пас аз табрики ҳозирин бо Иди Наврӯзи ҷаҳонӣ дар бораи хусусиятҳои хоси он, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорист,  андешаронӣ карда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин оини  воқеан ва моҳиятан фарҳангӣ эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.
Дар Наврӯзгоҳи пойтахт ҳунарпешагон бо барномаи рангину пурмуҳтаво ва намоиши театришуда хотири мардумро болида намуданд.
21 март аз фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, парда аз болои пайкараи Исмоили Сомонӣ бардошта, қасри бошукӯҳи фарҳанги онро, ки ба тозагӣ бунёд ёфта буд, ифтитоҳ намуда, бо мардуми сершумори ин ноҳия мулоқоти судманд анҷом доданд. Бояд ёдовар шуд, ки баландии ин пайкара 12 метр буда, атрофи он бо гулгашти зебо ва дарахтони ороишӣ, ҳамчунин, фаввораҳои бо рангҳои гуногун ҷилодиҳанда оро ёфтаанд. Ба пешвози ҷашни Наврӯзи дилафрӯз дар паҳлуи майдони атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ қасри фарҳанги бошукӯҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов расман ифтитоҳ ёфт, ки намуди зоҳирии зебо ва толорҳои мунаққашу мунаввар дорад.
Нимаи дуюми ин рӯз Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзияшро, ки оромгоҳи воқеияш дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, ифтитоҳ намуданд. Аз ҷониби Президенти кишвар парда аз болои пайкараи навбунёди шоири ориф бардошта шуд, ки баландии он 7 метр ва зерпояаш 4,5 метр мебошад. Пайкара биринҷӣ буда, атрофи он бо сангҳои хорои маҳаллӣ ороиш дода шудааст.
Бегоҳии 22 март Пешвои миллат дар яке аз майдонҳои варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо дастаи чавгонбозони тоҷик шинос шуда, бозии намоишии онҳоро тамошо карданд. Мавриди зикр аст, ки чавгонбозӣ дар замонҳои қадим дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз низ баргузор мешуд. Ин бозии миллии тоҷикӣ, ки солҳои охир дар кишвар аз миён рафта буд, ҳоло дар ҳамкорӣ бо Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳё мегардад. Сарвари давлат  аз ин иқдоми наку хушҳол шуда, таъкид доштанд, ки чавгонбозӣ, воқеан, аз аҳди бостон моли мардумони тоҷику ориёиён буду ҳаст ва бояд дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон эҳё шуда, рушд ёбад.
Тантанаҳои наврӯзии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Пешвои миллат хеле бошукӯҳу дилпазир буд.
23 март идомаи ҷашни бошукӯҳи наврӯзӣ бо иштироки ӯ дар назди қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд гузашт. Дар ин макон намоишгоҳи наврӯзӣ тибқи расму оинҳои миллӣ ороста шуда буд. Намоишгоҳро нишони 20 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, растаи ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи табиати зинда, навъҳои хӯрокҳои миллӣ бо таббохон, суманакпазон, хӯришҳо оро дода буданд. Таваҷҷуҳи ҳозиронро ҳунари тарроҳону пардозгарон, ба мисли атласбофӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чӯбтарошӣ, рассомӣ, наққошӣ, созҳои мусиқӣ, оҳангарӣ, заргарӣ,  зарфҳои кулолӣ ва ашёи дигари рӯзгор ҷалб намуданд. Дар канори майдон қариб сӣ деги калон гузошта, озмуни «Оши палов» баргузор шуд, ки баъдан он ба мардум ройгон тақсим гардид.
Аз дидани намоиши барномаҳои театришудаи ҳунармандон, дорбозон, раққосон, сарояндагон, бозиҳои миллӣ, аскиягӯӣ ва дигар ҳунарҳои фарҳанги мардумӣ тамошобинон лаззат бурданд. Ҷолибу хотирмон  он буд, ки дар саҳни ҳавлии қасри Арбоб дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонон барномаи фарҳангии идона бо номи Наврӯзи байналмилалӣ аз нигоҳи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки, воқеан, таҷассумгари олами рангину нозанини кӯдакон ва ботини поку мисли Наврӯзи оламафрӯз беолоиши онҳо буд.
Дар ин сол китоби Пешвои миллат «Наврӯз – шиносномаи миллат» чоп гардид, ки дар он суханрониҳои эшон бахшида ба ин ҷашн ҷой дода шуданд. Ин суханрониҳо моломол аз меҳру муҳаббат нисбат ба Наврӯзи оламафрӯз ва саршор аз тарғиби ахлоқи ҳамидаанд. Онҳо ба мисли дастагулҳои наврӯзианд, ки табъҳоро болидаву димоғҳоро муаттар месозанд.
Дар ин сол низ мақолаҳо, шеърҳо ва осори таблиғотии зиёд аз тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи гузаштаву имрӯзи Наврӯз дастраси мардум шуд. 

Наврӯзи соли 2016 Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз
Дар ин сол низ дар саросари кишвар Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳ таҷлил гардид. Муҳимтарин рухдод дар ин сол он буд, ки “Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз” баргузор шуд. Аз 18 кишвари ҷаҳон адибон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҷашн бо ҳузури адибони ҳавзаи Наврӯз аз субҳи 19 март бо гулгузорӣ бар пояи муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М.Турсунзода сурат гирифт. Бо нону намак, суруду мусиқӣ ва шеърхонӣ меҳмононро истиқбол намуданд.
Баъди гулгузорӣ меҳмонон ба толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ташриф оварданд. Дар он пажӯҳандагон суханронӣ намуда, нуктаҳои назаррас ва ҷузъиёти Наврӯзро мавриди баррасӣ қарор доданд. Суханрониҳоро метавон ба се бахш ҷудо кард: аввал, таърих ва фалсафаи Наврӯз, дуюм, расму оинҳои наврӯзӣ, сеюм, инъикоси Наврӯз дар забон ва адабиёти тоҷик.
Дар ин сол аз тариқи рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои радио ва телевизиони кишвар ва ҳамчунин, шабакаи интернет Наврӯзи Тоҷикистон ба таври васеъ дар сатҳи байналмилалӣ инъикос ёфт. Дар тамоми гӯшаву канори олам мардум диданд, ки Наврӯз дар Тоҷикистон бо чи шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.
Пас аз фарҷоми ин ҳамоиши илмӣ, яъне  бегоҳии 19 март меҳмонон барои дидани барномаи консертии наврӯзӣ ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ташриф оварданд.
Аз субҳи рӯзи 20 март расман ҷашни Наврӯз бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар назди Кохи Борбад оғоз шуд. Таваҷҷуҳи меҳмононро дар ин ҷо намоиши китоб, асарҳои рассомӣ, сарулибоси миллӣ, суманаку суманакпазӣ ва дигар хӯрокҳои баҳорию наврӯзӣ, дастархони ҳафтсину ҳафтшин бештар ҷалб кард. Онҳо аз намунаҳои хӯрокҳои мардумӣ ва дастпухти бонувони тоҷик истеъмол намуданд.
Пас аз он меҳмонон барои иштирок дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз вориди толори кох  шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Наврӯзи байналмилалӣ, беҳтарин расму оинҳои он суханронӣ намуданд. Нахуст аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи онҳоеро, ки ин Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил менамоянд, самимона шодбош гуфтанд.
Дар суханронии худ Пешвои миллат изҳор доштанд, ки  дар кишвари мо ҷашни ҷаҳонишудаи Наврӯз бо Симпозиуми байналмилалии илмии “Наврӯз дар адабу ҳунари ҷаҳон” оид ба баррасии масъалаҳои муҳимтарини ташаккулу таҳаввули Наврӯзи байналмилалӣ оғоз ёфт, ки   ин пайки тозаи баҳорӣ аст. Фаъолияти пажӯҳандагон, адибон ва равшанфикронро дар кишварҳои гуногуни олам  дар масъалаи омӯзиш ва пажӯҳиши Наврӯз, тарғиби ҷиҳатҳои инсондӯстона ва сулҳпарваронаи он муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш як гурӯҳи иштирокчиёни ҳамоиш шеърҳои худро қироат намуданд ва роҷеъ ба Наврӯзи тоҷикон суханҳои нек гуфтанд.
Пас аз анҷоми ҳамоиш меҳмонон аз тариқи воситаҳои ахбор таассуроти неки худро иброз намуданд. Нуктаи ҷолиб он аст, ки меҳмонон ҳамон замон лаҳзаҳои зебои ҷашни Наврӯзро, аз ҷумла намоиши ҳунарҳои мардумӣ, шодмонӣ, рақсу сурудхониҳои мардуми тоҷикро хуш пазируфта, онро аксбардорӣ намуда, аз тариқи интернет ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
Ҳамчунин, барои меҳмонон хеле ҷолибу хотирмон буд, ки ҳангоми пазироӣ дар Кохи Наврӯз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дами дар ҳар якро “Хуш омадед!” гуфтанд.
Таассуроти ҷолиби дигар ин буд, ки Президенти кишвар ба назди адибону ҳунармандон омаданд. Дар ин бора профессор Абдулқаюми Қавим аз Донишгоҳи Кобул чунин гуфт: «Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - “Пайванд” низ мебошанд, пеш аз ҳама ба ин кишвар сулҳу ваҳдат оварданд ва баъдан барои рушди он то имрӯз талош доранд.
Барои ман хеле хотирмон буд, ки пас аз шеърхонӣ ва суханрониҳо дар Кохи Борбад, нисфирӯзӣ шахсан Ҷаноби Олӣ меҳмонони хориҷиро дар дами дар пешвоз гирифта, дасти ҳар кадомро фушурда, “Хуш омадед!” гуфтанд. Дар ин пазироӣ нозу неъматҳои беназир, меваҳои мутановеъ, косаҳои суманак буд. Лаҳзаи дигари ҷолиб барои ман он буд, ки Ҷаноби Олӣ ҳангоми пазироӣ бо меҳмонон суҳбат карданд, ҳолу аҳволи онҳоро пурсон шуданд, ҳатто бо адибон акси ёдгорӣ гирифтанд».
Рӯзи 21 март ҳамаи меҳмонон ба Наврӯзгоҳи пойтахт даъват шуда, нахуст ба зиёрати муҷассамаи Исмоили Сомонӣ рафта, баъдан, пиёда аз тариқи Боғи Рӯдакӣ ба самти Наврӯзгоҳ раҳсипор гардиданд. Онҳоро мардум бо нону намак, шеъру суруду мусиқӣ хуш истиқбол намуданд. Пас аз он меҳмонон аз намоишгоҳ боздид намуда, вориди Наврӯзгоҳ гардиданд ва намоиши театришудаи наврӯзиро бо завқи тамом тамошо карданд.
Рӯзҳои дигар меҳмонон барои иштирок дар маросимҳои наврӯзӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар карданд, бо базмҳои ҷамшедии ин ҷашн ва шукӯҳу шаҳомати он аз надик ошно шуданд.
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони “Авесто” - и шаҳри Хуҷанд дар ҷашни идонаи “Корвони наврӯзӣ” ва “Сайри гули лола” иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни ин базми бошукӯҳ суханронӣ карданд. Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ изҳор доштанд: «Дар рӯзи шашуми Наврӯз, ки онро гузаштагони мо «Наврӯзи бузург» унвон намудаанд, мардум маросими муҳташаме ороста, бо ҳамдигар шодиву хурсандӣ мекарданд. Зеро ба эътиқоди ниёгони мо рӯзи шашуми таҷлили Наврӯз рӯзи тақсими саодат ва хушбахтӣ будааст ва ба ин хотир одамон ҳама якҷо ба наврӯзгоҳҳо баромада, бо номи “Корвони наврӯзӣ” ҷашне меоростаанд, то тамоми сол ба кишвар хуррамиву хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад».
Ба таъкиди ӯ “Эҳёи ин суннати арзишманд аз ҷониби сокинони вилояти Суғд баёнгари ҷаҳонӣ шудани ин ҷашни миллии мо буда, дар рӯзи Наврӯз иқдоми воқеан нек ба шумор меравад”.
Сипас, барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Солҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат дар рӯзҳои Наврӯз ва пас аз он дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар ҷашни «Сайри лола» баргузор мешавад. “Сайри лола” дар гузаштаҳо маъмул буд. Он бо диди тоза эҳё шудааст. Тамоми кӯчаву хиёбону боғу гулгаштҳо бо гулу лолаҳои рангоранг ороиш дода шуда, мардум ба тамошояш мебароянд ва ҳамчунин, дар боғҳо ва ҷойҳои серодам мусиқӣ, суруду рақс танинандоз мегардад.
Наврӯзи соли 2016 чун як падидаи муҳими фарҳангӣ дар таърихи кишварамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Наврӯзи соли 2017
Наврӯзи ин сол низ хотирмон буд. Барои дидани он аз кишварҳои гуногуни олам мардуми зиёд ба кишвари мо ташриф оварданд.
Имсол ҷашни Наврӯз аз шаҳри Турсунзода оғоз гардид. Пешвои миллат 21 марти соли равон барои ифтитоҳи иншоот ва шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон ба ин шаҳр ташриф оварданд. Тантанаи наврӯзӣ дар варзишгоҳ баргузор гардид. Мазмун ва муҳтавои он таърихи гузаштаю имрӯзи Наврӯзро бозгӯ мекард.
Бегоҳии 21 март Пешвои миллат ба Наврӯзгоҳи пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе ташриф оварда, суханронӣ намуданд.  Он аз хусуси ҳамбастагии табиат ва инсон, ваҳдату пайванди мардуми олам, созандагию муҳаббат, башардӯстӣ ва хайрхоҳӣ, ободонии пойтахт, рушди кишвару миллат буд.
Рӯзи 23 март барои иштирок ва идомаи тантанаҳои наврӯзӣ, ҳамчунин, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Пешвои маҳбубро мардум бо табъи болида, самимияти бепоён ва фазои шукӯҳманди наврӯзӣ истиқбол намуданд.
Рӯзи 24 март Пешвои миллатро табиати дилангези Исфара, бахусус зардолузори шукуфони он, бештар ҷалб намуд. Ин зардолузори зебо, ки бо дастони тиллоии кишоварзон бунёд шудааст, чанд сол боз мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифтааст. Пас аз дидани манзараҳои дилнишини зардолузор ва табиати дилрабои он бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ супориш доданд, ки ин манзараҳои зеборо ба навор гирифта, пешкаши бинандагони телевизион бигардонанд, то ҷаҳониён бо табиати афсонавии мо ошно гарданд. Пешвои миллат изҳор доштанд, ки онҳо қариб 70 навъи зардолуро дар зиёда аз 11 ҳазор гектар парвариш намуда, аз он даҳҳо ҳазор тонна ҳосил мегиранд ва ин ҳам ба мардум ва ҳам ба кишвар фоидаовар буда, ба кишварҳои хориҷӣ низ содир мешавад.
Пешвои миллат дар маркази ин шаҳр, дар маросими пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор гирифтани Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ, шоири адабиёти тоҷикӣ – форсии асри XIII, ширкат варзиданд. Пас аз анҷоми маросими пардабардорӣ аз болои муҷассамаи ин шоир Пешвои миллат дар назди сокинони шаҳр ва намояндагони доираи адаб суханронӣ намуданд. Зимни табрик ва дархости наврӯзӣ, аз ҷумла чунин изҳор доштанд: «Орзуманди он ҳастам, ки ин баҳор ва ҷашни Наврӯзи оламафрӯз имсолу солиёни дигар ба сарзамини муқаддаси мо рӯзҳои офтобиву гулрез ва нишоти ҳамешагӣ, ободкориҳои тоза ва баракату фаровониро чун ҳадяи беҳтарини идона армуғон оварад».
Дар ин шаҳр Сарвари давлат, ҳамчунин, бо рафти корҳои созандагӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи осоишгоҳи «Зумрад» шинос гардиданд. Инчунин, барои бунёди меҳмонхонаи нави ин осоишгоҳ санги асос гузоштанд.
Дар ин рӯз дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилоят машварати корӣ доир карданд.
25 март дар шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат барои тамошои барномаи консертии ҳунарпешагони боистеъдоди 5 ансамбли навтаъсиси ин вилоят ба Кохи фарҳанги «Суғдиён» ташриф оварданд. Инчунин, дар ин рӯз дар маросими наврӯзӣ дар боғи «Ваҳдат» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд. Аз ҷониби сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилоят баргузории базмгоҳи наврӯзӣ, воқеан, диданиву фараҳафзо ва хотирмон буд. Ин намоиши ҳунарии «Корвони наврӯзӣ» аз ҷониби беш аз 6 ҳазор нафар пешкаш гардида, дар он суннатҳои мардуми минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз инъикос ёфта буданд.
Ҳангоми ин сафар Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар оянда ба мисли Наврӯз ҷашнҳои Меҳргон ва Сада низ бояд боҳашамату бошукӯҳ баргузор шаванд. Чунки ин ҷашнҳо низ, аз як тараф, агар мардуми моро ба таъриху анъанаи чандҳазорсолаи ниёгонамон пайванд диҳад, аз тарафи дигар, худшиносии мардум ва ватандӯстии онҳоро бештар мегардонад.
Ҳамин тавр, баъд аз Истиқлолияти давлатӣ сол то сол анъана ва суннатҳои азбайнрафтаи наврӯзӣ эҳё мешаванд. Дар арафаи Наврӯз шахсони саховатманд ва доро, муассисаҳои гуногуни давлатию ғайридавлатӣ ба кумаки бепарасторон ва ниёзмандон мешитобанд, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ медиҳанд, то дар Наврӯз мисли ҳама хурсанд бошанд.
Солҳои охир бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони саховатпеша дар ин ҷашн тӯйҳои суннатӣ ва инчунин, арӯсии фарзандони оилаҳои камбизоат ва бепарасторро мегузаронанд.
Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Наврӯз шукӯҳу ҷилои тоза пайдо кард. Мардум ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддаси ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ, баҳору эҳё дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ таҷлил менамоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2017    №: 69, 70, 71,72,73,74,    Мутолиа карданд: 537

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед