logo

иҷтимоиёт

ВМКБ. Беш аз 64 килограмм маводи мухаддир ба коми оташ рафт

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон 30 март дар ҳузури намояндагони прокуратура, суд ва воситаҳои ахбори омма  64  килограмму  763  грамм  маводи мухаддирро  дар  бухории  махсуси  раёсати  агентӣ сӯзонданд.
Дар ин бора Гев  Ошурмамадов, нозири  калони   ситоди  Раёсати  Агентии   назорати  маводи нашъаовари назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вилоят, ба мо хабар дод. Мавсуф зикр кард,  ки аз ин 22 килограмму 259 грамм ҳашиш, 39  килограмму  271  грамм афюн ва 3  килограмму  233 грамм героин буда, соли гузашта аз 15 шаҳрванд мусодира гардидааст. Нисбат ба шахсони қонуншикан парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз  ва баъди анҷоми тафтишот ба суд фиристода шуданд. Нашъаҷаллобон бо ҳукми суд ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гаштанд.
Гев  Ошурмамадов  иброз дошт, ки кормандони   раёсати  агентӣ   қарори Ҳукумати мамлакатро “Дар бораи тартиби баҳисобгирӣ, нигаҳдорӣ, мусодира  ва  нобуд  кардани  воситаҳои  нашъаовар, моддаҳои  психотропӣ  ва  прекурсорҳое, ки  аз  муомилоти  ғайриқонунӣ гирифта  шудаанд” дар меҳвари фаъолият қарор дода, баҳри  пешгирии  ҷиноятҳои мухаддиротӣ ва ба  ҷавобгарии  қонунӣ  кашидани   шахсони  ба  ин  кор  дастдошта  корҳои таблиғотию ташвиқотиро васеъ ба роҳ мондаанд. Онҳо бо сокинони шаҳру ноҳияҳо вохӯрию мулоқот доир намуда, оқибатҳои ҳалокатбори нашъамандию нашъаҷаллобиро мефаҳмонанд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам шахсоне ёфт мешаванд, ки аз доираи қонун берун баромада, даст ба амалҳои ношоиста мезананд, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд.
Нозири  калони   ситоди  Раёсати  Агентии   назорати  маводи нашъаовари назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ВМКБ, иттилоъ дод, ки танҳо дар семоҳаи аввали соли равон  аз тарафи ниҳодҳои марзбонию қудратӣ 23 ҳодисаи марбут ба муомилоти ғайрқонунии маводи нашъаовар ошкор ва зиёда аз 103 килограмм мухаддирот мусодира гардидааст. Нисбат ба ин ҳодисаҳо низ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз  шуда, тафтишот идома дорад.
Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2017    №: 70    Мутолиа карданд: 366

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед