logo

иқтисод

ПАХТА. ЧӢ БОЯД КАРД, КИ ЗАҲМАТАМОН ЗОЕЪ НАГАРДАД?

Дар шумораи № 26 (23107) - и рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 2 феврали соли 2017 мақолаи “Чаро ҳосилнокии пахта кам шуд? Диверсификатсия ва интихоби тухмии мувофиқ” ба табъ расида буд, ки дар он Ғаюр Достиев, коршиноси масоили иқтисодӣ, сабабҳои коҳиш ёфтани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, махсусан пахтаро хеле хуб ва ҳамаҷониба таҳлил намудааст. Пас аз мутолиаи матлаб тасмим гирифтам, ки андешаҳоямро вобаста ба ин масъала иброз намоям.
Пахтакорӣ қаблан сердаромадтарин зироати соҳаи кишоварзӣ ба шумор мерафт. Лекин ду сол боз хоҷагиҳои деҳқонӣ наметавонанд ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Баъзе пешқадамону собиқадорони соҳа иллати кам шудани ҳосили пахтаро дар бесифатии тухмӣ, гармсел ва афзудани ҳашароти зараррасон медонанд.
Ҳар як зироат муҳлати кишт ва давраи нашв дорад. Дар  сурате, ки деҳқонон ин тадбирҳоро пурра риоя намоянд, имкони рӯёндани ҳосили фаровон бештар мегардад.
Дар замони шӯравӣ ҳангоми парвариши пахта дар минтақаи мо аз 10 то 25 август гармсел мешуд, аммо то ин давра деҳқонон ниҳолҳоро сарчин намуда, шароитро барои ҳосилбандии пахта муҳайё месохтанд. Он замон хоҷагиҳо калону мустаҳкам буда, имкони бештари хуб ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳоро доштанд. Ҳоло бошад, тамоми харҷҳои кишту парвариши зироатҳо аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ бароварда мешаванд ва хоҷагидорон мекӯшанд, ки ҳар як дирамашонро сарфакорона ва самаранок истифода намоянд.
Натиҷаи “сарфакорӣ” - ҳост, ки тайи ду соли охир деҳқонон заҳмати зиёд ба харҷ дода бошанд ҳам, ҳосилнокии пахта аз 2 то 20 сентнер паст шуд.
Тибқи ҳисобҳо деҳқон барои рӯёндани  25 сентнер пахта аз 1 гектар бояд аз 2700 то 3000 сомонӣ харҷ намояд. Агар деҳқон аз ҳар гектар 10 сентнер ҳосил ба даст оварда, ҳар як килограмми онро 5 сомонӣ фурӯшад, аз 2000 то 2300 сомонӣ фоидаи соф мегирад.
Аз рӯйи мушоҳидаҳо соли 2015 айёми гармтарини ҳаво ба 20 июл - 10 август рост омад ва дар ин айём ҳарорати ҳаво 45 то 50 дараҷаро ташкил дод. Дар ин давра қариб тамоми ниҳолҳои пахта шона партофтанду танҳо ҳамон хоҷагиҳое, ки киштро барвақттар анҷом дода буданд, то андозае ҳосил ба даст овардаанд. Ҷиҳати дигари зарар он аст, ки агар ҳарорати ҳаво шабона гарм ояд, ин боиси инкишофи ҳашароти зараррасон, ба монанди тортанакканаю  ганданафасаки саҳроӣ мегардад.
Соли сипаригашта аз 14 июл то 28 июл авҷи гармӣ, яъне гармсел буду ҳарорат ба 45 - 53 дараҷа расида, ниҳолҳо қариб тамоми ҳосилашро талаф доданд. Дар моҳи август ҳарорати ҳаво то андозае паст гашт ва пахта ба ҳосилбандии иловагӣ шурӯъ намуд. Ба ҳамин сабаб соли 2016 нисбат ба соли пешӣ  ҳосили пахта зиёдтар гардид.
Якчанд омили коҳиш ёфтани ҳосили зироатҳо, махсусан пахтаро пешкаш намуданиам:
- Тағирёбии иқлим. Кишоварзонро зарур аст, ки кишти пахтаро то 10 апрел анҷом диҳанд, то ки аз ҳар гектар 20 - 25 сентнер ҳосил ба даст оранд.
- Танзими обмонӣ. Ҳангоми гармсел ба зироатҳо аз меъёр зиёд об монда нашавад, зеро об бухор гашта, ин раванд боиси ҳосилпартоии зироат шуда метавонад. Беҳтар аст, дар ин давра обро шабона монанд ва 2 - 3 маротиба коркарди байни қаторҳо гузаронда шавад.
- Тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии ҳашароти зараррасон. Ҳангоми гарм  омадани ҳарорати ҳаво, махсусан дар заминҳои ноҳияи Носири Хусрав ҳашароти зараррасон, аз ҷумла, ганданафасаки саҳроӣ аз 10 июл то 2 сентябр афзуда, ба зироатҳои кишоварзӣ хисороти зиёд мерасонад. Ин ҳашарот ҳангоми шонабандӣ шарбати шона ва кӯракҳои пахтаро макида, ҳосилро мерезонад. Аз ин хотир, бисёр кӯракҳо пурра напухта, вазнашонро мепартоянд. Ин навъи ҳашарот ба чашм нонамоён мебошад, аз ин рӯ, аксар деҳқонон ба он эътибор намедиҳанд. Истифодаи заҳрхимикатҳо бар зидди ганданафасаки саҳроӣ ва дигар ҳашароти зараррасон, яке аз омилҳои пешгирӣ аз талаф ёфтани ҳосил мебошад.
- Гирифтани садди роҳи тухмиҳои пастсифат. Деҳқонон ба хотири гаронии нарх аз харидани тухмиҳои хушсифат сарфи назар мекунанд ё ки аксар вақт ҳангоми харидан фиреб мехӯранд. Ба ҳамин хотир, бояд дар шаҳру ноҳияҳо ташкили мағоза ва ё дуконҳои фурӯши тухмии зироатҳои кишоварзӣ аз манфиат холӣ нест.
- Ёрии молиявӣ ба бунгоҳҳои қабули пахта. Аз рӯйи мушоҳидаҳо бармеояд, ки на ҳамаи бунгоҳҳои қабули пахта имкон доранд,  бо пули нақд тамоми пахтаи ҷамъовардаи кишоварзонро харид намоянд. Аз ин рӯ, деҳқонон як миқдор пахтаро аз ҳисоботи агентии омор пинҳон дошта, ба нуқтаҳои пахтатозакунак бо пули нақд месупоранд. Агар дар мавсими ҷамоварии ҳосили пахта бунгоҳҳо бо пули нақд таъмин бошанд, ин ба манфиати давлату кишоварзон аст.
Неъматулло ХОЛБОЙЗОДА,
муовини якуми раиси ноҳияи Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2017    №: 70    Мутолиа карданд: 378

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед