logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. МУҚАДДАСОТЕ, КИ БОЯД МИСЛИ ГАВҲАРАКИ ЧАШМ ҲИФЗ ШАВАД

Вожаи ваҳдат мафҳуми васеъ дошта, бо истиқлолият ва озодӣ ҳамбастагӣ дорад. Вақте ки ваҳдат мегӯем, пеши назарамон  якдилӣ,  ҳамдигарфаҳмӣ,  ягонагӣ ва иттиҳод падид меоянд. Вале, ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст.

Баъди касби соҳибистиқлолӣ душманони дохилию хориҷии миллати куҳанбунёди тоҷик моро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.  Тобистон ва тирамоҳи соли 1992 вазъи сиёсии кишвар, бахусус пойтахти ватанамон - шаҳри Душанбе ва собиқ вилояти Қӯрғонтеппа муташанниҷ гардид. Ба ақли кас рост намеомад, ки тоҷик тоҷикро ба қатл расонда, манзили зисти ҳамдигарро оташ мезанад. Мо - сокинони вилоят бовар надоштем, ки зиндаву саломат мемонему сулҳу салоҳ дар ватанамон  барқарор мегардад. Мардуми аз даргириҳо хасташуда шабу рӯз дуо мекарданд, ки дар мамлакат сулҳу салоҳ барқарор  гардида, ҷанги бемаънии бародаркуш хотима ёбад.
Илтиҷои халқи азияткашида мустаҷоб гашт. Моҳи ноябри соли 1992  дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардид. Дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд. 2 декабри ҳамон сол Сарвари давлат ба пойтахти мамлакатамон - шаҳри Душанбе омаданд. Халқ дар ҳамон давра рӯзҳои душвору сангинро аз сар мегузаронд. Дар ҷумҳурӣ буҳрони сиёсию иқтисодӣ ҳукмрон буд. 8 декабри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон барои пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирифтан қадами аввалини худро гузошт, ки ин муроҷиатномаи ӯ  ба халқи тоҷик буд. «Падару модарон, хоҳарону додарон! Халқи мо имрӯз  душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихиро аз сар гузаронда истодааст. Ҳақиқат  талх аст, вале бояд мо иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллату давлати  мо шуда истодаанд. Мо, ки ворисони Рӯдакию Сино, Сомонӣ, Ҳофизу Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ҳастем, бо ақлу заковати хеш бояд бо сабру таҳаммул бошем ва нагузорем, ки фарзанд ё бародари мо даст ба ҷиноят занад».
Бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат музокироти сулҳи тоҷикон шурӯъ шуд. Гуфтушунидҳои ҳайати ҳукумати конститутсионӣ бо мухолифон дар Афғонистон, Эрон,  Русия, Покистон дар ниҳояти кор натиҷаи дилхоҳ доданд. Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриҳояш бо мухолифон такрор ба такрор мегуфт, ки дар Афғонистон мазори фирориёни тоҷик пайдо шудааст. Мо агар ба сари мақсад наоем, миллат нест мешавад. Тоҷикистон ба порчаҳо тақсим мешавад ва наслҳои оянда мову шуморо намебахшанд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ, ниҳоят 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Хизмати таърихии  Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ба ҳамин васила оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дод. Ҳамаи ин иқдомҳои ватандӯстона боис шуданд, ки дар мамлакат вазъ пурра ба эътидол омада, сулҳу субот пойдор гардад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сиёсати созандаи дохилӣ ва беруниро пеш гирифта, барои бунёд ва барқарорсозии роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ бо як қатор кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонданд. Бо ташаббуси Сарвари муаззами давлат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид.
Маҳз ҷаҳду талошҳои пайгиронаи ҳамин шахси бузург буд, ки дар ватанамон Ваҳдати миллӣ пойдор гашт. Ин неъмати бебаҳо бояд мисли гавҳараки чашм ҳифз шавад. Вам мо - тоҷикону тоҷикистониён дар атрофи сарвари дурандеши худ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқонаамон Ватани азиз - Тоҷикистонро обод ва халқи шарофатманди онро шод гардонем.
Фирӯза ОЙМАТОВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2017    №: 70    Мутолиа карданд: 511

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед