logo

сиёсат

ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШОҲИГАРИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ МУАРРИФӢ ГАРДИДАНД

Дар шаҳри Даммом - маркази маъмурии минтақаи шарқии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо сарпарастии амири минтақа Шоҳзода Саъуд ибни Ноиф  ибни Абдулазиз ва Вазорати иттилоот ва фарҳанги ин кишвар Анҷумани адабию фарҳангии дуюми «Дорайн» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш, ки «Муассисаҳои фарҳангии давлатию хусусӣ: корҳои анҷомёфта ва уфуқҳои оянда»  унвон дошт, роҳбарони муассисаҳои бонуфузи адабию фарҳангӣ, адибону муҳаққиқон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат варзиданд. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ ва директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Шариф Комилзода дар ин анҷуман иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Аз  Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ки мусоҳибаи телевизионии сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ тавассути телевизиони фарҳангии мамлакат мустақиман пахш гардид. Дар он перомуни робитаҳои фарҳангию адабии мардумони тоҷику араб, ки аз умқи асрҳо ва эҷодиёти пурғановати фарзандони фарзонаи ду миллати бостонӣ сарчашма мегиранд, инчунин, доир ба роҳҳои ташкил ва густариши робитаҳои минбаъдаи судбахш андешаю пешниҳодҳои ҷолиб ироа гардиданд. Аз ҷумла, зарур дониста шуд, ки намунаҳои беҳтарини асарҳои адибону фарҳангиёни муосири тоҷик барои муаррифии васеъ дар ҷаҳони араб бо забони арабӣ тарҷума ва нашр гарданд.
Дипломати тоҷик зимни мусоҳибаи телевизионӣ, ҳамчунин, имконоти рушди робитаҳои сармоягузорию сайёҳӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, бавижа иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, муаррифӣ намуд. Гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи дастовардҳои адабию фарҳангӣ бо ғановату зебоӣ таваҷҷуҳи ҳозиронро ба худ ҷалб сохт. Ҷараёни Анҷумани адабию фарҳангии дуюми «Дорайн» дар воситаҳои ахбори оммаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ васеъ инъикос ёфт.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2017    №: 70    Мутолиа карданд: 387

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед