logo

иқтисод

ИЛМ. ИМКОНИЯТҲО КАМТАР ИСТИФОДА МЕШАВАНД, ЧАРО?

Дар солҳои мавҷудияти Ҳокимияти шӯравӣ роҳбарияти ҷумҳурӣ барои бунёди нахустин комбинати металлургӣ дар шаҳраки Регар қарор кард. Барои фаъолияти мунтазами он ашёи минералии зарурӣ бояд аз кони нефелинҳои сиенитии мавзеи Турпӣ, воқеъ дар ноҳияи Рашт, истихроҷ мешуд. Аммо ин нақша бо ҳар гуна сабабҳои объективию  субъективӣ амалӣ нагардид ва дар натиҷа, комбинати мазкур фаъолияти худро аз ҳисоби ашёи гилхоки воридотии гаронбаҳо  давом дод.
Масоили таъмин кардани ширкати «Талко» бо ашёи ватанӣ беш аз пеш ҳалталаб шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ин саноаткунонии мамлакат ва  аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба кишвари саноатӣ - аграрӣ табдил додани Тоҷикистони маҳбуби мо мебошад. Зимни баррасии «Иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ зикр гардид, ки барномаи мазкур барои рушди соҳаҳои саноат дар заминаи истифодаи захираҳои канданиҳои фоиданоки маҳаллӣ ва ривоҷ додани корҳои ҷустуҷӯию иктишофии сарватҳои қаъризаминӣ таҳия  шудааст. Ҳадафи асосии барнома афзун намудани заминаи ашёи минералӣ барои мунтазам фаъолият кардани корхонаҳои амалкунанда, бунёдшаванда ва банақшагирифташуда мебошад.
Тавре зимни баррасии масъала зикр гардид, барои фаъолияти мунтазам ва босифати ширкати «Талко» истеҳсоли гилхок, ки аз маъдани боксит ҷудо карда мешавад, зарур аст. Мутаассифона, дар таърихи бисёрсолаи инкишофи қишри замин дар Тоҷикистон шароити геологии ҳосилшавии маъдани боксит ба вуҷуд наомадааст.
Дар ҳақиқат, боксит маъдани асосӣ барои аз он ҷудо карда гирифтани гилхок ва алюминий ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, маъдани боксит дар ҷаҳон хеле кам вомехӯрад ва қариб 90 дарсади кону сарчашмаҳои он асосан дар Австралия, Бразилия, Гвинея, Гайана, Суринам ва ҷазираи Ямайкаи баҳри Кариб мавҷуданд. Боксити холис маъдани алюминийдор мебошад ва асосан аз се минерали оксиди алюминий - гиббсит, бёмит ва диаспор ташкил ёфтааст. Сиенити нефелинӣ, ки дар ноҳияи Рашт дарёфт карда шудааст, таркибан аз ду минерал: нефелин ва калсилит иборат буда, сарчашмаи гилхок ва алюминийи холис мебошад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон бисёр ашёҳои минералӣ мавҷуданд, ки онҳо дар структураи минералӣ бо намуди пайвастагии оксидӣ ё гидроксидӣ ашёи алюминийдорро ташкил медиҳанд. Яке аз ҳамин гуна навъи пайвастагӣ дар таркиби минерали гилии бейделлит дида мешавад, ки вай маҳсули тағйирёбии нефелин буда, компоненти асосии минерали монтмориллонит ба ҳисоб меравад. Минерали монтмориллонит дар асл ташкилкунандаи гилҳои бентонитӣ мебошад, ки хусусият ва қобилияти баланди ҷаббишнокӣ, ёзандагӣ, равонӣ, часпакӣ, суспензионӣ, ба гел табдилёбӣ ва ғайра дорад. Хусусиятҳои номбаргардида сифатҳои асосии гилҳои монтмориллонитиро ташкил намуда,  имконият медиҳанд, ки гилҳои аз чунин минерал ҳосилшуда ҳамчун ашёи минералӣ  дар як қатор соҳаҳои саноат (нассоҷӣ, равғанкашӣ, шароббарорӣ ва ғайра), кишоварзӣ ва тиб истифода шаванд.
Бо назардошти он, ки гилҳои монтмориллонитӣ ва дигар минералҳои таркибан ба гурӯҳи монтмориллонитӣ дохилшаванда (бейделлит, гиббсит, бёмит, калсилит ва ғайра) аз оксиду гидрооксиди алюминий иборатанд, усулҳои коркарди онҳоро дарёфт намуда, технологияи ҷудо карда гирифтани оксиди алюминийро (Al2O3) ба роҳ монда, «Талко» - ро бо ин ашёи минералии алтернативӣ таъмин намудан имконпазир аст. Ашёи минералии монтмориллонитӣ (бентонитӣ) қариб дар тамоми мавзеъҳои Тоҷикистон васеъ паҳн гаштаанд ва дар қабатҳои ҷинсҳои таҳшонии даври палеоген (35 - 40 млн. сол қабл) ҳосил шудаанд. Айни ҳол зиёда аз 30 кону манбаи он дарёфт шудааст, ки захираи онҳо ба садҳо миллион тонна мерасад.
А. ҚОРИЕВ,
номзади илмҳои геология ва минералогия, корманди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2017    №: 70    Мутолиа карданд: 369

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед