logo

сиёсат

ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТ

2 апрели соли равон дар ҳавзаҳои интихоботии  № 25 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ва № 62 – и (ноҳияи Фирдавсӣ) шаҳри Душанбе мутобиқи Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" барои  интихоби вакилон  ба ҷои вакилони ваколаташон пеш аз муҳлат қатъшуда, интихоботи вакилони нави Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  баргузор шуд. Тавре аз маркази матбуоти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, иттилоъ доданд, сокинони ноҳияҳои шаҳр - намояндагони касбу кори гуногун бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар интихобот ширкат варзида, ба ҷонибдории номзадҳои арзандаи худ раъй  доданд. Мувофиқи маълумоти комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, аз рӯи иштироки шумораи умумии интихобкунандагон интихобот барпошуда  эълон гардид. 
Мувофиқи маълумоти комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои овоздиҳӣ  дар ҳавзаи интихоботии № 25 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) номзад аз Ҳизби Халқии - Демократии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 84,8 дарсади овозҳоро соҳиб гардид. Номзадҳо аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович 7,81 дарсад ва   Саидиён Ҳикматуллоҳ Қувватзода аз Ҳизби демократии Тоҷикистон  2,65 дарсади овозҳоро ба даст оварданд. 1,83 дарсади интихобкунандагон ба муқобили ҳамаи номзадҳо овоз доданд.
Дар интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз  ҳавзаи интихоботии № 62 (ноҳияи Фирдавсӣ)  номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Зувайзода Маҳмадсаид Маҳмуд  75,11 дарсади овозҳоро соҳиб гардида, пирӯз шуд. Номзадҳо Абдуллоева Мавсума Исматуллоевна - аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон 11,65 дарсад ва Файзуллобекова Васила Тошбековна - аз Ҳизби коммунистии  Тоҷикистон 8,78 дарсади овозҳоро ба даст оварданд. Ба муқобили ҳамаи номзадҳо 2,12 дарсади интихобкунандагон овоз доданд.
2 - юми апрели соли 2017, ҳамчунин, дар ҳавзаҳои интихоботии № 4, № 8, № 23 ва № 24  интихоботи вакилон ба ҷои вакилони хориҷшуда дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ доир шуд. 
Дар ҳавзаи интихоботии № 4  дар интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе номзад аз Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло Файзулло 74,75 дарсади овозҳоро ба даст овард.  Раҷабов Абдуҳалим Абдураҳимович - номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон  17,72 дарсади овозҳоро соҳиб шуд. 
Дар интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии № 8 номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ бо гирифтани 74,63 дарсади овозҳо ғолиб омад. Номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Дадоҷонова Иноят Боировна 18, 7 дарсад овоз ба даст овард. 
Дар интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  дар ҳавзаи интихоботии № 23 ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳаётзода Бозоралӣ Ҷаббор 73,97 ва номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон  Тоҷев Манучеҳр Наҷмуддинович 18, 24 дарсади интихобкунандагон овоз доданд. 
Дар ҳавзаи интихоботии № 24 дар интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Самӣ Шариф Ҳамид 74,07, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Каримова Шарифамо Раҳимовна 12, 84  ва номзади худпешбар Гадойбоев Ислом 8,70 дарсади овозҳоро соҳиб гардиданд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2017    №: 70    Мутолиа карданд: 453

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед