logo

иҷтимоиёт

САРГУЗАШТ. ДИРӮЗИ ПАРЕШОН ВА ИМРӮЗИ ДУРАХШОН

- Чӣ қадар бетолеъ будааст, ин бачаяки ман! Ба дунё омаду шодиву нишот аз дилҳо берун шуд. Ин ҳама кам буд магар, ки дар ғурбат ҳам доим бемор аст, - мегуфту мегирист модарам, дар Кампи Сахии Афғонистон.
- Дар рӯзи истиқлолият ба дунё омаду бо умед Хушбахт ном мондем. Чӣ медонистем, ки дар парпеч рӯ - рӯи мавҷҳои Панҷ ба ғарибӣ меафтаду номаш Ғарибак мешавад...
Хурд будаму намедонистам, ки гап аз зодрӯзи ман, 9 сентябри соли 1991 меравад. Намефаҳмидам, ки он замон Тоҷикистон чӣ рӯзҳоро аз сар мегузаронаду падару модарам ба кадом хотир ба Афғонистон омадаанд.
Баъди сарсониву азобҳои зиёди ҷисмонию рӯҳӣ бо ҷаҳду талошҳои доимии Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо - гурезаҳо 6-уми ноябри соли 1994 ба Ватан баргаштем. Модарам худро ба остони хонаи сӯхта партофта, фиғон кашид: “Войи манзили ободам! Ин хонаву дар чӣ гуноҳ доштанд, ки ба оташ кашидед?”. Духтарони қадрасаш Гулнозу Гулрӯро, ки дар вақти гурезогурез қафо монда, гум шуда буданд, ба ёд оварда мегирист ва гоҳ - гоҳ теғ кашида ба сӯи ман нигоҳ мекард. Нигоҳаш мегуфт, ки “ҳамаи ин бадбахтӣ аз қадами номубораки туст”. Ба дари як ҳуҷраи бесақфу тиреза кампале кашидему манзили зист кардем. Волидонам чӯбҳои нимсӯхтаро ҷамъ оварда, боми хонаи хобро пӯшонданд. Мани чорсола ба онҳо ёрӣ мерасондам. Шабҳо, барои эҳтиёт, дар пеши дарамон хишт мечидему чароғи карасиниро хомӯш менамудем. Модарам дар ғами духтаронаш оқибат бемору бистарӣ шуд ва дар яке аз рӯзҳои сармо аз олам даргузашт. Падарам, баръакс, ин ҳама фоҷиаҳоро аз пайи қадами ман намедид. Дар суҳбат бо ҳамсояҳо мегуфт, ки айби Ғарибак нест. Ношукрӣ аз худамон гузашт, аз ҳад зиёд серу пур гаштем, ҳамаро пеши по задем, ба ғазаби Худо гирифтор шудем.
- Сад шукр, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин марди ҷасуру баномус сари қудрат омад. Мегӯянд, қавл додааст, ки то як нафар тоҷик дар ғурбат аст, ором намегирам. Худо хоҳад ҳамаамонро сарҷамъ мекунад, - мардумро таскин медод саркори деҳа. - Ғамхорӣ ҳамин қадар мешавад. Аз азоби ғурбат халосамон кард, хӯроку пӯшок дод, хонаҳои валангорамонро обод карда истодааст. Акнун бояд сарҷамъ бошему кинаҳоро аз дил барорем. Худо як бор нишон дод, ки нифоқ чӣ оқибат дорад.
Ҳар рӯз дар деҳа як навигарӣ мешуд. Бо корвони кумакҳои Ҳукумат бо ҳашар манзилҳои истиқоматӣ пайи ҳам обод шудан гирифтанд. Ба тадриҷ аз он хонаҳои сӯхта нишоне намонд.
- Дидед, пайи қадами Ғарибаки ман нек аст, боз ба ободӣ расидем, гумгаштаҳоямон пайдо шуданд, - ашки чашмонашро пок карда, гуфт падарам дар маъракае, ки ба хотири ёфт шудани апаҳоям орост. Гулрӯву Гулнозро як хешамон ба Қирғизистон бурда будааст ва инак сиҳату саломат бо аҳли оилаи ӯ ба Ватан баргаштанд.
Айёми мактабравӣ ҳам фаро расид. Маро ба мактаб - интернати вилоятӣ оварданд. Шаҳодатнома надоштам, қабулам накарданд. Чун ба идораи шаҳодатномадиҳӣ рафтем, ходимаш аз падарам пурсид:
- Ин паҳлавона чӣ ном монданӣ ҳастед?
- Ба ғурбат афтодему Ғарибак номаш кардем. Акнун, ки ба рӯзҳои нек расидем, мегӯям, ки Хушбахт ном гузорем, - гуфт падарам.
27-уми июни соли 1997, бегоҳ дар гирди дастархон нишаста, телевизор тамошо доштем, ки падарам гуфт:
- Телевизорро баланд кун, Хушбахтҷон!
Дидем, ки Президенти мамлакат ва роҳбари мухолифон бо меҳр дасти якдигарро фишурда истодаанд. Падарам худро дошта натавониста, аз шодӣ ашк рехт. “Чӣ қадар одамон дар интизори ин рӯзи саид аз олам гузаштанд. Илоҳо хонаи ҷангҷӯву ҷангандоз бисӯзад!”- ба қаҳр гуфт падарам.
Баъди чанд соли рангзардиву навмедӣ аввалин бор ба чеҳраи падарам сурхӣ давид, дар лабонаш хандаву хушҳолии самимиро мушоҳида намудам. Падар соҳиби қитъаи замин гашт, раис Нодиршоҳ ном гирифт. Боғамон серҳосилу рӯзгорамон серу пур шуд.
- Медонед падар, роҳи Кӯлоб - Бадахшонро кушоданд, имрӯз - пагоҳ нақби Анзоб ҳам тамом мешавад, - гуфтам рӯзе ба ӯ.
- Шунидам, бачам, дар телевизор нишон доданд, роҳи оҳан ба Кӯлоб ҳам расид. Азоби бероҳӣ доштем. Холаат дар Ванҷ аз дунё гузашт. Ману модарат як моҳ баъд ба фотиҳахонӣ рафта тавонистем. Амакат дар Тошканд духтур аст, соле як ё ду бор меомаду халос. Раҳро барф мегирифт, дигар на мурда қадр дошту на зинда. Президентамон беҳад шахси ғамхору қадрдонанд, корҳое мекунанд, ки бори зиндагии мардум сабук шавад.
Аз байн чанд сол гузашт, дар хотирам нест. Синфхонаи бе ягон асбоби айёнии моро бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонданд, ки ин таваҷҷуҳамонро ба фанҳои дақиқ бештар кард.
- Мо болои ганҷҳои нуҳуфта зиндагӣ дорем, - мегуфтанд муаллимонамон. - Донистани илму техникаи муосир шарт ва зарур мебошад. Агар ганҷҳои диёрамонро самаранок истифода барем, зиндагиамон шоҳона мешавад. Мо тибқи гуфтаи устодон амал карда, шабу рӯз китоб мехондем, то фардо соҳиби касбу ҳунар шуда, ба нафъи халқу Ватан хизмат намоем.
Мактабро хатм кардем ва ман ба яке аз донишгоҳҳои шаҳри Маскав дохил шудам. Ҳоло дар факултаи геология таҳсил дорам. Ҳамин тобистон бо яке аз муаллимони донишгоҳ ба Тоҷикистон омадам. Ӯ манзараҳои дилфиреби Ҳисору Варзоб, Зарафшону Бадахшон, боғҳои шаҳдрези Рашту Суғду Хатлон, нақбҳои “Истиқлол” - у Шар - Шарро тамошо карда, беихтиёр гуфт, ки Тоҷикистон, новобаста аз хурдии ҳудуди ҷуғрофӣ, оламеро дар худ ғунҷондааст. Баъди ба Маскав баргаштан қариб дар ҳар дарс бо меҳр аз мулки муъҷизаосои мо ва халқу Сарвари он сухан мегӯяд, ки аз ин сарам ба осмон мерасад.
Хаёлан ба модари ин рӯзҳои некро надида, аз олам гузаштаам мегӯям: “Ман дигар Ғарибак нестам, модар! Хушбахтшоҳам. Кош мебудиву шодмонии ману ҳамсолонам, ҳамсоягон, духтарону набераҳо ва кулли фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлолро медидӣ”.
Садриддин ҲАСАНЗОДА, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2017    №: 71    Мутолиа карданд: 305

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед