logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот танзим намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва молиявии онро муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
- шаҳрак ва деҳот – воҳиди марзию маъмурӣ мебошад, ки дар ҳудуди он худидоракунӣ бевосита ва ё ба воситаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ мешавад;
- худидоракунии шаҳрак ва деҳот - фаъолияти аҳолии шаҳрак ва деҳот мебошад, ки бевосита ё ба воситаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таҳти масъулияти худ барои ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аҳамияти маҳаллидошта, бо назардошти манфиатҳои умумиҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои маҳаллӣ, амалӣ мегардад;
- мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот – Ҷамоат (Ҷамоати шаҳрак ва Ҷамоати деҳот) мебошад, ки аз ҷониби интихобкунандагони шаҳрак ва деҳот интихоб шуда, масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллиро дар доираи салоҳияти худ ҳал мекунад;
- маҷлиси Ҷамоат – шакли асосии фаъолияти Ҷамоат буда, дар он масъалаҳои салоҳияти Ҷамоат баррасӣ мешаванд;
- Шӯрои Ҷамоат – мақомоти коллегиалии Ҷамоат буда, ваколатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкурро амалӣ менамояд;
- раиси Ҷамоат – роҳбари мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот буда, аз тарафи вакилони Ҷамоат интихоб мешавад;
- вакили Ҷамоат – шаҳрванде, ки бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур ба Ҷамоат интихоб шудааст;
- масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ – масъалаҳои ҳамарӯзаи аҳолии шаҳрак ва деҳот, ки барои ҳалли онҳо Ҷамоат масъулияти пурра дошта, онҳоро дар доираи стандартҳои давлатӣ, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва бо истифодаи маблағҳои худӣ мустақилона амалӣ менамояд;
- ваколати вогузоршаванда – ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ё дар асоси шартномаи тарафҳо ба ихтиёри Ҷамоат, инчунин ваколати Ҷамоат, ки дар асоси шартнома ба мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ вогузошта мешавад;
- ваколати истисноӣ – ваколате, ки мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тааллуқ дорад ва барои иҷрои он танҳо ин мақомот масъул мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
1. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷамоат аст.
2. Ҷамоат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳри мудаввар мебошад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи пурраи Ҷамоат тасвир меёбад.
3. Танзими ҳуқуқии фаъолияти Ҷамоат мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи мақомоти давлатӣ сурат мегирад.
Моддаи 4. Иштироки шаҳрвандон дар худидоракунии       шаҳрак ва деҳот
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон ба 18 расидааст ва дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот истиқомат мекунанд, ҳуқуқ доранд дар ташкил ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иштирок намоянд.
2. Ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк дар ташкил ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, манъ аст.
 Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
Фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният ва адолати иҷтимоӣ;
- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- демократия, ошкорбаёнӣ ва ба эътибор гирифтани афкори омма;
- мустақилият, худидоракунӣ ва масъулият дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта;
- ҳисоботдиҳанда будан дар назди аҳолӣ;
- иштироки шаҳрвандон дар худидоракунии маҳаллӣ;
- мутобиқати манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ;
- коллегиалӣ будани фаъолияти Ҷамоат.
Моддаи 6. Дастгирии давлатии мақомоти худидоракунии       шаҳрак ва деҳот
1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ташкил, инкишоф ва фаъолияти самараноки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шароити зарурии ҳуқуқӣ, ташкилӣ, моддӣ, молиявӣ муҳайё намуда, барои амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон ба худидоракунии маҳаллӣ мусоидат мекунад.
2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ метавонад татбиқи ваколатҳои алоҳидаи худро ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар асоси шартнома ва бо маблағгузории ин ваколатҳо вогузорад.
Моддаи 7. Муносибати мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳамкорӣ менамояд, барои амалӣ намудани вазифаҳои онҳо мусоидат намуда, онҳоро ба қайди баҳисобгирӣ мегирад ва метавонад татбиқи ваколатҳои алоҳидаи худро дар асоси шартнома ва бо маблағгузории ин ваколатҳо ба онҳо вогузорад.

БОБИ 2. ТАШКИЛ, САЛОҲИЯТ ВА ФАЪОЛИЯТИ
МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ

Моддаи 8. Тартиби ташкили Ҷамоат
1. Ҷамоат аз вакилон иборат буда, онҳо дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешаванд.
2. Шумораи вакилони Ҷамоат дар маҷлиси Ҷамоат муайян карда мешавад, ки онҳо аз 15 нафар кам ва аз 40 нафар зиёд буда наметавонанд. Ҳар як деҳа, новобаста аз шумораи интихобкунандагонаш, дар Ҷамоат бояд ҳадди ақал як нафар намоянда дошта бошад.
3. Ҷамоат дар сурати интихоб шудани на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон салоҳиятнок мебошад.
4. Фаъолияти Ҷамоат дар рӯзи оғози маҷлиси якуми Ҷамоати нав интихобшуда қатъ мегардад.
5. Ҳангоми барҳамдиҳии воҳиди марзиву маъмурӣ Ҷамоат пароканда мешавад ва ваколати вакилони Ҷамоат қатъ мегардад.
6. Ҳангоми азнавташкилдиҳӣ (ҳамроҳшавӣ, муттаҳидшавӣ, табдилдиҳӣ, тақсимшавӣ ва ҷудошавӣ) воҳидҳои марзию маъмурӣ вакили Ҷамоат вакили Ҷамоати азнавташкилшудае мебошад, ки ба ҳайати он аксарияти интихобкунандагони вакил дохил мешаванд ва то оғози фаъолияти Ҷамоати нав интихобшуда ваколати худро нигоҳ медорад.
7. Ҳангоми ташкили шаҳрак ё деҳоти нав масъалаи муайян намудани шумораи вакилони Ҷамоат, ташкили ҳавзаҳои интихобот, таъини интихобот ва таъсиси комиссияи интихоботи Ҷамоат мутобиқи талаботи меъёрҳои Қонуни мазкур аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ё ноҳияи дахлдор ҳал карда мешавад.
Моддаи 9. Шакли фаъолияти мақомоти худидоракунии       шаҳрак ва деҳот
1. Шакли асосии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот маҷлиси Ҷамоат мебошад, ки соле на камтар аз чор маротиба даъват карда мешавад. Маҷлиси якуми Ҷамоати навинтихобшударо комиссияи интихоботи Ҷамоат дар муддати на дертар аз ду ҳафтаи баъди интихоби вакилони Ҷамоат даъват менамояд.
2. Маҷлиси Ҷамоат дар сурати иштироки аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Ҷамоат салоҳиятнок мебошад.
3. Маҷлиси якуми Ҷамоатро раиси комиссияи интихоботи Ҷамоат мекушояд ва то интихоб шудани раиси Ҷамоат ба он раисӣ намуда, дар овоздиҳии вакилони Ҷамоат иштирок намекунад.
4. Ҷараёни маҷлиси Ҷамоат дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, ба он раисикунанда имзо мегузорад.
5. Маҷлиси Ҷамоат ошкоро гузаронида шуда, дар он намояндагони ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди шаҳрак ва деҳоти дахлдор зиндагӣ мекунанд, бо мувофиқаи раиси Ҷамоат метавонанд иштирок намоянд.
6. Тартиби фаъолияти Ҷамоат ва мақомоти дигари онро дастури Ҷамоат, ки аз тарафи Ҷамоат қабул мегардад, муайян мекунад.
7. Ҷамоат оид ба масъалаҳои салоҳияти худ қарор қабул мекунад.
8. Иҷрои қарорҳои Ҷамоат дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 10. Салоҳияти Ҷамоат дар соҳаи ташкили фаъолияти он
Ҷамоат дар соҳаи ташкили фаъолияти он ваколатҳои зерин дорад:
- интихоб ва озод намудани раиси Ҷамоат, муовини ӯ (муовинони ӯ) ва котиби Ҷамоат;
- таъсиси комиссияҳои Ҷамоат;
- қабули дастури Ҷамоат;
- қабули буҷети шаҳрак ва деҳот, ҳангоми зарурат ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, назорати иҷро ва тасдиқи ҳисоботи иҷрои буҷет;
- таъин ва гузаронидани овоздиҳии аҳолии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта;
- ирсоли пешниҳод оид ба тағйири воҳидҳои марзию маъмурӣ, номгузорӣ, иваз кардани номи деҳаю кӯчаҳо, майдону дигар объектҳо бо тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- ҳамкорӣ бо мақомоти худидоракунии дигар шаҳраку деҳот ва таъсиси ассотсиатсияҳо бо онҳо;
- шунидани ҳисоботи раиси Ҷамоат;
- шунидани гузориши роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқии дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот воқеъбуда оид ба масъалаҳои салоҳияти Ҷамоат;
- тасдиқ ва бекор кардани қарорҳои шӯрои Ҷамоат ва қарорҳои раиси Ҷамоат;
- ҳалли дигар масъалаҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ кардаанд.
Моддаи 11. Салоҳияти Ҷамоат дар соҳаи иқтисод ва молия
Ҷамоат дар соҳаи иқтисод ва молия ваколатҳои зерин дорад:
- таҳия ва тасдиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрак ва деҳот;
- бурдани китобҳои хоҷагидорӣ;
- тасдиқи сохтор, сметаи хароҷот ва ҷадвали воҳидҳои кории Ҷамоат бо пешниҳоди шӯрои Ҷамоат ва дар доираи меъёри муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани он;
- назорати истифода ва ҳифзи заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсӣ;
- мутобиқи қонунгузорӣ таъсис додани корхонаҳои хурд, кооперативҳо, устохонаҳо, сехҳои ҳунарҳои халқӣ ва дигар ташкилотҳо;
- дастгирӣ намудани ташаббусҳо оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрак ва деҳот;
- ҳалли дигар масъалаҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 12. Салоҳияти Ҷамоат дар соҳаи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва мудофиа
Ҷамоат дар соҳаи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва мудофиа салоҳиятҳои зерин дорад:
- ташкили таъмини иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияти Ҷамоат;
- ҷалби аҳолӣ барои гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ;
- андешидани тадбирҳо дар доираи салоҳияти Ҷамоат оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятии ҳудуди ҷамоат ва пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ.
Моддаи 13. Салоҳияти Ҷамоат дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ободонӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳити зист
Ҷамоат дар соҳаи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист салоҳиятҳои зерин дорад:
- иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани барномаи минтақавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва андешидани чораҳо оид ба танзими раванди муҳоҷират;
- назорати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;
- андешидани чораҳо оид ба беҳбудии шароити манзилию маишии аҳолӣ, ҳифзи саломатӣ, муҳофизати муҳити зист;
- ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта (нигоҳдорӣ ва ободонии роҳҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, манбаҳои обтаъминкунӣ, бозорҳои худӣ, инчунин нигоҳдории қабристонҳо ва таъмини тозагии маҳал аз партовҳо) ва тасдиқи қоидаҳо оид ба амалӣ намудани онҳо.
Моддаи 14. Ваколатҳои алоҳидаи вогузоршавандаи давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
1. Ба ваколатҳои алоҳидаи давлатӣ, ки ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вогузошта мешаванд, инҳо метавонанд дохил шаванд:
- мусоидат дар мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ;
- назорати иҷрои қоидаҳои низоми шиносномавӣ ва мутобиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ ва азқайдбарории шаҳрвандон;
- баҳисобгирии оилаҳои камбизоат ва ташкили дастгирии иҷтимоии онҳо;
- сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мутобиқи қонунгузорӣ;
- анҷом додани амалиёти алоҳидаи нотариалӣ мутобиқи меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»;
- ба шаҳрвандон додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҷои зист, вазъи оилавӣ ва ҳолатҳои дигар;
- мусоидат дар ташкили даъват ба хизмати ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳарбӣ;
- таъмини чораҳои зарурӣ барои ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ, пешгирии касалиҳои ҳайвонот, муҳофизати ҷангал ва буттазорҳо;
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба муҳофизати муҳити зист;
- мусоидат ба ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳо;
- мусоидат ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
- дигар ваколатҳое, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шудаанд.
2. Вогузории ваколатҳои алоҳидаи давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаи тарафҳо бо маблағгузории ин ваколатҳо сурат мегирад.
Моддаи 15. Вакили Ҷамоат ва ҳуқуқу вазифаҳои он
1. Вакили Ҷамоат намояндаи халқ буда ҳуқуқ дорад фикри худро озодона баён кунад, мувофиқи иродаи худ овоз диҳад, манфиати интихобкунандагонро ҳимоя намояд.
2. Вакили Ҷамоат вазифадор аст дар маҷлиси Ҷамоат иштирок намуда, барои иҷрои қарорҳои Ҷамоат мусоидат кунад, мунтазам ба интихобкунандагон аз фаъолияти худ ҳисобот диҳад.
3. Вакили Ҷамоат фаъолияти хизматиашро (кориашро) қатъ накарда, ваколати худро амалӣ мегардонад. ӯ ҳангоми иштирок дар маҷлисҳои Ҷамоат ва мақомоти он аз иҷрои вазифаҳои хизматӣ (корӣ) озод карда мешавад.
4. Ваколати вакили Ҷамоат бо қарори Ҷамоат дар ҳолатҳои зерин пеш аз мӯҳлат қатъ мегардад:
- дар асоси аризаи ӯ;
- ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд дар хусуси ғайри қобили амал донистани ӯ;
- ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд;
- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пеш аз мӯҳлат пароканда шудани Ҷамоат;
- бе сабаби узрнок се маротиба пай дар пай иштирок накардан дар маҷлиси Ҷамоат;
- ҳангоми вафот;
- дигар намудани ҷои зисти доимӣ берун аз ҳудуди Ҷамоат.
Моддаи 16. Шӯрои Ҷамоат
1. Шӯрои Ҷамоат мақомоти коллегиалии Ҷамоат буда, дар ҳайати 7 - 11 нафар ташкил карда мешавад.
2. Ба ҳайати шӯрои Ҷамоат раиси Ҷамоат, муовини ӯ (муовинони ӯ), котиби Ҷамоат дохил мешаванд. Маҷлиси Ҷамоат ба ҳайати шӯрои Ҷамоат дигар вакилонро низ интихоб карда метавонад.
3. Шӯрои Ҷамоат ҳар моҳ на камтар аз як маротиба даъват карда мешавад.
Моддаи 17. Салоҳияти шӯрои Ҷамоат
1. Шӯрои Ҷамоат дар доираи салоҳияти худ:
- маҷлиси Ҷамоатро даъват мекунад ва рӯзномаи онро тартиб медиҳад;
- фаъолияти комиссияҳои Ҷамоатро ҳамоҳанг месозад ва барои самаранокии кори онҳо мусоидат менамояд;
- барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони корхонаю ташкилотҳои мансуби моликияти коммуналии шаҳр ё ноҳия, ки дар ҳудуди Ҷамоат ҷойгиранд, розигӣ медиҳад;
- роҳбарони корхонаю ташкилотҳоеро, ки аз буҷети Ҷамоат маблағгузорӣ карда мешаванд ё Ҷамоат онҳоро таъсис додааст, бо пешниҳоди раиси Ҷамоат ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад ва барои тасдиқ ба маҷлиси Ҷамоат пешниҳод мекунад;
- назорати иҷрои қарорҳои Ҷамоатро ташкил мекунад;
- ба баррасии роҳбарони мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ оид ба шахсони мансабдори онҳо ва дигар ташкилотҳо, ки дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот фаъолият менамоянд, дар сурати аз ҷониби онҳо иҷро накардани талаботи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешниҳод ирсол менамояд.
2. Шӯрои Ҷамоат оид ба масъалаҳои салоҳияти худ қарор қабул мекунад, ки ба он раиси Ҷамоат имзо мегузорад.
Моддаи 18. Комиссияҳои Ҷамоат
1. Бо мақсади баррасии пешакӣ ва тайёр намудани масъалаҳо, инчунин назорати иҷрои қарорҳои Ҷамоат, шӯрои Ҷамоат ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ Ҷамоат аз ҳайати вакилони Ҷамоат комиссияҳо таъсис медиҳад.
2. Тартиби интихоб ва фаъолияти комиссияҳоро дастури Ҷамоат муайян мекунад.
Моддаи 19. Тартиби интихоб ва озод намудани раис, муовини (муовинони) раис ва котиби Ҷамоат
1. Раиси Ҷамоат дар маҷлиси Ҷамоат аз ҳайати вакилони он бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Ҷамоат ба вазифа интихоб ва аз вазифа озод карда мешавад.
2. Номзадии раиси Ҷамоатро раиси шаҳр, ноҳия пешниҳод менамояд.
3. Муовини (муовинони) раис ва котиби Ҷамоат аз ҳайати вакилони Ҷамоат бо пешниҳоди раиси Ҷамоат дар маҷлиси Ҷамоат бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Ҷамоат ба вазифа интихоб ва аз вазифа озод карда мешавад.
4. Номзадии раис, муовини ӯ (муовинони ӯ) ва котиби Ҷамоат бояд ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мувофиқат намояд.
5. Раис, муовини ӯ (муовинони ӯ) ва котиби Ҷамоат дар мавридҳои зерин пеш аз мӯҳлат аз вазифа озод карда мешаванд:
- дар асоси ариза оид ба истеъфо рафтан;
- ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд дар хусуси ғайри қобили амал донистани ӯ;
- ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд;
- мунтазам иҷро накардани ӯҳдадориҳои хизматӣ;
- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дигар асосҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 20. Салоҳияти раиси Ҷамоат
Раиси Ҷамоат:
- иҷрои талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва Ҷамоатро таъмин мекунад;
- ба фаъолияти Ҷамоат роҳбарӣ ва дар ҷаласаи шӯрои Ҷамоат раисӣ мекунад ва ба санадҳои онҳо имзо мегузорад;
- Ҷамоатро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ мекунад;
- шаҳрвандонро қабул мекунад, муроҷиати онҳоро баррасӣ менамояд, доир ба ҳалли онҳо дар доираи салоҳияти худ чораҳои дахлдор меандешад;
- кормандони Ҷамоатро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;
- соле на камтар аз як маротиба аз фаъолияти худ ба Ҷамоат ҳисобот медиҳад.
Моддаи 21. Салоҳияти раиси Ҷамоат дар соҳаи иқтисод, буҷет ва молия
Дар соҳаи иқтисод, буҷет ва молия раиси Ҷамоат:
- лоиҳаи буҷети шаҳрак ва деҳотро дар мувофиқа бо мақомоти молияи ноҳия, шаҳр таҳия намуда, барои қабул пешниҳод менамояд ва оид ба иҷрои он ҳисобот медиҳад;
- ҷалби сармоягузориро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил мекунад;
- сари вақт аз аҳолӣ ҷамъоварӣ намудани маблағҳои андоз, суғурта ва дигар пардохтҳоро ташкил мекунад;
- баҳисобгирии соҳибкорони инфиродӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ширкатҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва дигар ташкилотҳоро ба роҳ мемонад;
- баҳисобгирии аҳолӣ, саршумори чорвои аҳолӣ ва дигар ҳисоботи муқарраршудаи омориро ташкил мекунад.
- корхонаҳои хурд, кооперативҳо, устохонаҳо, сехҳои ҳунарҳои халқӣ ва дигар ташкилотҳоро мутобиқи қонунгузорӣ метавонад таъсис диҳад.
Моддаи 22. Салоҳияти раиси Ҷамоат дар соҳаи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва мудофиа
Дар соҳаи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва мудофиа раиси Ҷамоат:
- сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро мутобиқи қонунгузорӣ ташкил  мекунад;
- амалиёти алоҳидаи нотариалиро тибқи меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» таъмин менамояд;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҷои зист, вазъи оилавӣ ва дигар ҳолатҳоро ба шаҳрвандон медиҳад;
- оид ба ҳифзи молу мулки бесоҳиб, ки ба ихтиёри давлат мегузарад, тадбирҳо меандешад;
- оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди Ҷамоат, бақайдгирӣ ва азқайдбарории шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар доираи салоҳияти Ҷамоат тадбирҳо меандешад;
- ба ташкил ва гузаронидани тадбирҳои оммавию сиёсӣ, маънавию маърифатӣ роҳбарӣ намуда, ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт мусоидат мекунад;
- ба даъвати ӯҳдадорони ҳарбӣ ва даъватшавандагон мусоидат менамояд, аҳолиро барои гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ҷалб мекунад.
Моддаи 23. Салоҳияти раиси Ҷамоат дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ободонӣ ва муҳити зист
Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ободонӣ ва муҳити зист раиси Ҷамоат:
- баҳисобгирии оилаҳои камбизоат ва дастгирии иҷтимоии онҳоро ташкил менамояд;
- оид ба беҳтар намудани шароити моддию маишии маъюбон, оилаҳои камбизоат ва шахсоне, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, мусоидат менамояд;
- дар бобати беҳбудии шароити манзилию маишии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист чораҳо меандешад;
- ободонии майдону гулгаштҳо ва қабристонҳоро ташкил мекунад;
- аҳолӣ, ташкилотҳои ҳудуди шаҳрак ва деҳотро дар ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ ҷалб менамояд;
- назорати вазъи санитарии маҳалҳо, манбаъҳои обтаъминкунӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, тандурустӣ ва дигар иншоотҳо, инчунин риояи қоидаҳои бойториро ташкил менамояд;
- назорати истифода ва ҳифзи замини ҳудуди шаҳрак ва деҳотро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил мекунад ва масъалаҳои вобаста ба заминро ба муҳокимаи Ҷамоат пешниҳод менамояд;
- фаъолияти комиссияро оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» назорат мекунад ва барои фаъолияти мунтазами комиссияи мазкур дар шаҳрак ва деҳот шароит муҳайё менамояд.
Моддаи 24. Дастгоҳи Ҷамоат
1. Ҷамоат дорои дастгоҳ мебошад, ки он аз тарафи раиси Ҷамоат ташкил ва роҳбарӣ карда мешавад.
2. Низомномаи дастгоҳ, сохтор ва шумораи кормандони он аз тарафи Ҷамоат бо пешниҳоди раиси Ҷамоат тасдиқ карда мешавад. 
3. Маблағгузории дастгоҳи Ҷамоат дар доираи буҷети пешбинишудаи шаҳрак ва деҳот сурат мегирад.

БОБИ 3. АСОСҲОИ ИҚТИСОДӣ ВА МОЛИЯВИИ
ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ
ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ

Моддаи 25. Асосҳои иқтисодии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
Асосҳои иқтисодии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро молу мулки шаҳрак ва деҳот ва дигар молу мулке, ки ба он барои истифодабарӣ дода шудааст, ташкил медиҳанд.
Моддаи 26. Манбаъҳои молиявии шаҳрак ва деҳот
Манбаъҳои молиявии шаҳрак ва деҳот аз инҳо иборатанд:
- маблағҳои буҷети шаҳрак ва деҳот;
- маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар шакли кӯмаки молиявии беподош (дотатсия);
- мусоидати молиявӣ (субвенсия);
- маблағҳои хайрия;
- даромад аз хизматрасонии пулакӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- даромад аз иҷрои ваколатҳои алоҳидаи вогузоршудаи давлатие, ки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот анҷом медиҳад;
- даромад аз молу мулки шаҳрак ва деҳот;
- даромад аз грантҳо ва сармоягузориҳо;
- дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 27. Буҷети шаҳрак ва деҳот
1. Буҷети шаҳрак ва деҳот дар шакли қарори Ҷамоат таҳия гардида, дар маҷлиси он қабул карда мешавад.
2. Лоиҳаи буҷет аз рӯи манбаҳои даромад ва самтҳои хароҷот мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад.
3. Буҷети шаҳрак ва деҳот барои амалӣ намудани вазифаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот харҷ карда мешавад.

БОБИ 4. ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ҶАМОАТ

Моддаи 28. Ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевоситаи интихобот
1. Интихоботи вакилон ба Ҷамоат умумӣ аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро ба Ҷамоат доранд.
2. Интихобкунандагон дар асоси баробар дар интихобот иштирок мекунанд ва ҳар кадоми онҳо як овоз доранд.
3. Вакилони Ҷамоат аз тарафи шаҳрвандон бевосита интихоб карда мешаванд.
4. Овоздиҳӣ дар интихоботи вакилони Ҷамоат озод ва пинҳонӣ сурат мегирад.
Моддаи 29. Ошкорбаёнӣ ҳангоми тайёрӣ ва гузаронидани интихобот
1. Тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Ҷамоат аз тарафи комиссияи интихоботи Ҷамоат ва комиссияҳои ҳавзавии интихоботи вакилони Ҷамоат ошкоро сурат мегирад.
2. Комиссияи интихоботи Ҷамоат ва комиссияҳои ҳавзавии интихоботи вакилони Ҷамоат ба шаҳрвандон аз фаъолияти худ хабар медиҳанд ва ҷамъбасти интихоботро эълон мекунанд.
Моддаи 30. Таъини интихоботи Ҷамоат
1. Интихоботи вакилони Ҷамоат на дертар аз 40 рӯзи ба охир расидани мӯҳлати ваколати вакилони Ҷамоати даъвати амалкунанда бо қарори Ҷамоат таъин карда мешавад.
2. Маблағгузории интихоботи Ҷамоат аз ҳисоби буҷети Ҷамоат сурат мегирад.
Моддаи 31. Ташкили ҳавзаҳои интихобот
1. Барои интихоботи вакилони Ҷамоат на кам аз 15 ва на зиёда аз 40 ҳавзаи интихобот ташкил карда мешавад.
2. Шумораи ҳавзаҳои интихоботро Ҷамоат муқаррар менамояд.
3. Аз ҳар ҳавзаи интихобот як вакили Ҷамоат интихоб карда мешавад.
Моддаи 32. Ташкили комиссияи интихоботӣ
1. Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Ҷамоат комиссияи интихоботи Ҷамоат аз тарафи Ҷамоат таъсис дода мешавад.
2. Комиссияи интихоботи Ҷамоат на дертар аз панҷ рӯзи баъди таъин гардидани интихобот дар ҳайати 7-13 нафар ташкил карда мешавад.
3. Комиссияи интихоботи Ҷамоат дар ҳайати раис, муовини раис, котиби Комиссия ва аъзои он интихоб карда мешавад.
Моддаи 33. Ваколатҳои комиссияи интихоботӣ
1. Комиссияи интихоботи Ҷамоат дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- иҷрои Қонуни мазкурро дар бахши интихобот назорат менамояд, татбиқи якхелаи онро таъмин мекунад;
- ҳавзаҳои интихоботиро бо назардошти шумораи интихобкунандагон, дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ташкил мекунад ва ба онҳо ному рақам мегузорад;
- на дертар аз панҷ рӯзи баъди таъини интихоботи Ҷамоат комиссияҳои ҳавзавии интихоботро ташкил мекунад;
- бюллетени намунааш муқарраршудаи интихоботро тасдиқ мекунад ва комиссияҳои ҳавзавии интихоботро бо бюллетенҳои интихобот таъмин менамояд;
- масъалаҳои таъминоти моддию техникии интихоботро ҳал менамояд;
- вакилони интихобшударо ба қайд мегирад, натиҷаи интихоботи Ҷамоатро ҷамъбаст мекунад, оид ба ҷамъбасти интихобот ба аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хабар медиҳад;
- овоздиҳӣ ва интихоботи такрорӣ, ҳамчунин интихоботи вакилро ба ҷои вакили хориҷшуда мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ташкил мекунад;
- ҳуҷҷатҳои вобаста ба гузаронидан ва ташкили интихоботро ба бойгонӣ месупорад;
- арзу шикоятҳоро доир ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот баррасӣ карда, оид ба онҳо қарор қабул мекунад;
- мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ салоҳиятҳои дигарро вобаста ба интихобот анҷом медиҳад.
2. Комиссияи интихоботи Ҷамоат дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад.
Моддаи 34. Комиссияи ҳавзавии интихоботи вакили Ҷамоат
1. Комиссияи ҳавзавии интихоботро комиссияи интихоботи Ҷамоат на дертар аз 10 рӯзи баъди таъини интихоботи Ҷамоат дар ҳайати 5-11 нафар ташкил намуда, аз ҷумла раис, муовини раис, котиби комиссияро интихоб мекунад.
2. Комиссияи ҳавзавии интихобот рӯйхати интихобкунандагонро тартиб медиҳад; интихобкунандагонро ба рӯйхати интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ шинос менамояд; номзадҳоро ба қайд мегирад; аҳолиро дар бораи маҳалли ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавии интихобот, вақти кори он, инчунин рӯзи интихобот, ҷойи овоздиҳӣ хабардор мекунад; бинои овоздиҳӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ ва дигар таҷҳизоти интихоботро тайёр мекунад; овоздиҳиро дар рӯзи интихобот ташкил мекунад; овозҳои интихобкунандагонро дар ҳавзаҳои интихобот ҳисоб менамояд.
Моддаи 35. Тартиби пешбарии номзадҳо ба вакили Ҷамоат
1. Номзадҳо ба вакили Ҷамоат ба таври худпешбарӣ, бо ҷамъ намудани имзоҳои на камтар аз 5 фоизи интихобкунандагони ҳавзаи дахлдор сурат мегирад.
2. Пешбарии номзадҳо 25 рӯз пеш аз интихобот сар шуда 15 рӯз пеш аз рӯзи овоздиҳӣ ба охир мерасад.
Моддаи 36. Талабот нисбати номзадҳо ба вакили Ҷамоат
1. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 18 кам набошад ва дар ҳудуди шаҳрак ва деҳоти дахлдор на камтар аз 3 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад номзад ба вакили Ҷамоат пешбарӣ шавад.
2. Ходимони касбии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшуну сохторҳои ҳарбӣ, судяҳо, прокурорҳо, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати аз вазифа ба истеъфо рафтанашон метавонанд номзад ба вакили Ҷамоат пешбарӣ шаванд.
3. Шаҳрвандони зерин ҳуқуқи ба вакили Ҷамоат номзад шуданро надоранд:
- мутобиқи ҳалномаи суд ғайриқобили амал дониста шудаанд;
- дар асоси ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ мебошанд;
- бо қарори суд дар муассисаҳои табобатӣ маҷбурӣ қарор доранд;
- ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини қасдона содир кардаанд (қатъи назар аз гузаштани мӯҳлат ва бардошта шудани доғи судӣ);
- барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин айбдор шудаанд ё дар кофтуков мебошанд.
Моддаи 37. Бақайдгирии номзадҳо
1. Барои бақайдгирии номзадҳо ба комиссияи ҳавзавии интихобот аризаи номзад ба вакилӣ ва рӯйхати имзоҳои интихобкунандагон пешниҳод карда мешаванд. Комиссия ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо дар мӯҳлати 5 рӯз санҷида, дар бораи ба қайд гирифтани номзад ва ё рад намудани бақайдгирии номзад қарор қабул мекунад.
2. Номзад ба вакилӣ метавонад оид ба қарори комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи рад намудани бақайдгирии номзадии ӯ ба комиссияи интихоботи Ҷамоат ё суд шикоят кунад.
3. Бақайдгирии номзадҳо 5 рӯз пеш аз рӯзи овоздиҳӣ ба охир мерасад.
Моддаи 38. Ташвиқоти пешазинтихоботӣ
1. Номзадҳо ба вакили Ҷамоат баъд аз бақайдгирӣ ҳуқуқи ташвиқот бурданро доранд. Ташвиқот дар рӯзи овоздиҳӣ манъ аст.
2. Комиссияи ҳавзавии интихобот барои бурдани ташвиқоти пешазинтихоботии номзад мусоидат менамояд.
3. Дар вақти бурдани ташвиқот истифодаи методҳои маҷбуркунии рӯҳӣ, ҷисмонӣ, динӣ, суиистифодаи озодии воситаи ахбори омма, ташвиқоте, ки ҳисси бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллиро бедор мекунад, ба ғасби ҳокимият, зӯран тағйир додани сохти конститутсионӣ, вайронкунии тамомияти давлат даъват менамояд, ташвиқоти ҷанг ва дигар шаклҳои суиистифодаи озодии воситаи ахбори омма, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 39. Вақт ва ҷои овоздиҳӣ
1. Интихоботи вакилони Ҷамоат дар рӯзи овоздиҳӣ аз соати 600 то 2000 гузаронида мешавад.
2. Комиссияи ҳавзавии интихобот вақт ва ҷои овоздиҳиро 5 рӯз пеш аз рӯзи овоздиҳӣ ба интихобкунандагон хабар медиҳад.
Моддаи 40. Ташкил ва тартиби овоздиҳӣ
1. Интихобкунандагон дар биноҳои махсусе овоз медиҳанд, ки дар он ҳуҷраҳо ва дигар ҷойи махсус барои овоздиҳии пинҳонӣ таҷҳизонида шудаанд.
2. Раиси комиссияи ҳавзавии интихобот рӯзи интихобот пеш аз оғози овоздиҳӣ дар ҳузури ҳамаи аъзои комиссия қуттиҳои овоздиҳиро аз назар гузаронида, онҳоро сурғуч мекунад ё мӯҳр мегузорад.
3. Ҳар интихобкунанда шахсан худаш овоз медиҳад. Ба ҷои шахси дигар овоз додан манъ аст. Додани зиёда аз як бюллетен ба интихобкунанда манъ аст. Бюллетенҳои интихобот ба интихобкунандагон барои комиссияи ҳавзавии интихобот дар асоси рӯйхати интихобкунандагони ҳавзаи интихобот баъди пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда дода мешавад.
4. Ҳар як интихобкунанда ба тарафдории як номзад овоз медиҳад. Бюллетенҳое, ки дар онҳо ба тарафдории ду ва ё зиёда номзадҳо ё ба ягон номзад овоз дода нашудааст, беэътибор дониста мешаванд.
5. Қуттиҳои овоздиҳӣ аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот дар ҳузури ҳамаи аъзои он баъди аз тарафи раиси комиссия тамомшуда эълон гардидани овоздиҳӣ кушода мешаванд. Кушодани қуттиҳои овоздиҳӣ то пурра ба итмом расидани вақти овоздиҳӣ манъ аст.
6. Натиҷаи ҳисоби овозҳо дар маҷлиси комиссияи ҳавзавии интихобот баррасӣ гардида, ба протокол дохил карда мешавад, ки ба он раис, котиб ва аъзои комиссия имзо мегузоранд. Протокол ба комиссияи интихоботи Ҷамоат пешниҳод карда мешавад.
7. Номзаде ба вакилии Ҷамоат интихобгардида дониста мешавад, ки дар интихобот аз 50 фоиз зиёди овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифтааст.
8. Комиссияи ҳавзавии интихобот аз сабаби дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисобкунии овозҳо роҳ додан ба вайрон карда шудани Қонуни мазкур метавонад интихоботро беэътибор ҳисобад.
9. Интихобот барпонашуда дониста мешавад, агар дар он камтар аз 50 фоизи интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохилшуда иштирок карда бошанд.
Моддаи 41. Овоздиҳӣ ва интихоботи такрорӣ
1. Агар дар ҳавзаи интихоботӣ номзадии беш аз ду нафар барои вакил шудан ба овоз монда шуда бошад ва ҳеҷ яке аз онҳо интихоб нагардида бошад, комиссияи ҳавзавии интихобот дар хусуси овоздиҳии такрорӣ дар ҳавза оид ба ду номзад ба вакилӣ, ки овозҳои бештарро гирифтаанд, қарор қабул менамояд.
2. Овоздиҳии такрорӣ дар ҳавзаи интихоботӣ дар мӯҳлати на дертар аз ду ҳафта, бо риояи талаботи Қонуни мазкур, дар ҳамон ҳавзаи интихоботӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми овоздиҳии такрорӣ номзаде интихобшуда ҳисобида мешавад, ки овозҳои бештари интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокнамударо соҳиб шудааст. Агар ҳангоми овоздиҳии такрорӣ яке аз номзадҳо бо ягон сабаб хориҷ шавад, овоздиҳӣ барои як номзад гузаронида мешавад. Дар ин сурат ба номзад барои вакили Ҷамоат шудан зарур аст, ки зиёда аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокдоштаро гирад.
3. Дар сурати аз тарафи Ҷамоат беэътибор дониста шудани ваколатҳои вакилони алоҳида, бо сабабҳои дигар пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои вакилон дар ҳавзаи дахлдори интихобот дар мӯҳлати се моҳи баъд аз хориҷ шудани вакил интихоботи нав бо риояи талаботи Қонуни мазкур гузаронида мешавад.
Моддаи 42. Бақайдгирии вакилони Ҷамоат
Комиссияи интихоботи Ҷамоат дар асоси протоколҳои маҷлисҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот вакилони интихобшударо ба қайд мегирад ва рӯйхати онҳоро тартиб дода, дар муддати на дертар аз 3 рӯзи баъди интихобот ба Ҷамоат пешниҳод намуда, ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолии шаҳрак ва деҳот хабар медиҳад.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ ВА ИНТИҚОЛӣ

Моддаи 43. Шикоят намудан нисбати санадҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санадҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба суд шикоят намоянд.
2. Санадҳои Ҷамоат, ки аз рӯи он прокурор эътироз овардааст, дар маҷлиси Ҷамоат баррасӣ карда мешаванд.
3. Санадҳои шӯрои Ҷамоат, ки ба онҳо прокурор эътироз овардааст, аз ҷониби шӯрои Ҷамоат баррасӣ карда мешаванд.
4. Санадҳои раиси Ҷамоат, ки оид ба онҳо прокурор эътироз овардаст, аз ҷониби раис баррасӣ карда мешаванд.
5. Дар сурати қонеъ нагардидани эътироз, прокурор метавонад нисбати санадҳои шӯрои Ҷамоат ва раиси Ҷамоат ба Ҷамоат муроҷиат намояд.
6. Ҳангоми қонеъ нагардидани эътирозҳои зикргардида прокурор метавонад ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 44. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 45. Муқаррароти интиқолӣ
1. Муқаррароти Қонуни мазкур дар қисми интихоботи вакилони Ҷамоат аз соли 2010 ва қабули буҷети шаҳрак ва деҳот аз соли 2011 оғоз меёбад.
2. Салоҳиятҳои пешбининамудаи Қонуни мазкурро мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот то интихоботи Ҷамоати нав амалӣ мекунад. Ваколатҳои шӯрои ҷамоатро то интихоби аъзои он раиси Ҷамоат амалӣ менамояд.
Моддаи 46. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 23–24, мод. 450; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, № 6, мод. 468, 470) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 47. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 5 августи соли 2009, № 549


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон           С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 23 июни соли 2009, № 1376

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 23 июли соли 2009, № 677


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1336

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед