logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН. САҲМИ ИҚТИСОДЧИЁН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ КАМ НЕСТ

Рушди  рақобатпазирии  иқтисоди миллиро, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, бе мутахассисони баландпоя, бахусус иқтисодшиносон тасаввур кардан имконнопазир аст. Маҳз ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ва ҳавасмандгардонии онҳо ба истеҳсолот, ки аз саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, имкон дод, ки тавассути дастгирии соҳибкорон, ба кор андохтани иқтидорҳои бузурги саноатӣ ва болоравии босуботи иқтисодӣ дар кишвар таъмин гардад. Пеш аз ҳама, далели он ки сатҳи камбизоатӣ аз 81 дарсади соли 1999 дар соли 2016 то 30 дарсад коҳиш ёфтааст, худ бозгӯи суботи иқтисодист, ки равандаш то ҳол идома дорад. 
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз соли 1997 то имрӯз наздики 4  маротиба афзуда, рушди миёнаи солонаи он  7,1 дарсадро ташкил дод. Мавқеи кишвар дар самти дастгирии бахши хусусӣ аз соли 2009 мувофиқи  гузориши "Пешбурди тиҷорат" – и Бонки ҷаҳонӣ соли равон қариб 40 зина боло рафт.  Инчунин, давоми  солҳои охир Тоҷикистон се  маротиба ба қатори даҳгонаи кишварҳои беҳтарини  ислоҳотгар шомил гардид.
Тавассути  фаъолияти пурсамари Ҳукумати кишвар як қатор мушкилоту монеаҳои пешрафти иқтисодӣ бартараф гардида, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ҷиҳати расидан ба  ҳадафҳои асосии стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарбахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда, ба кишвари транзитӣ табдил додани  мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ба роҳ монда шудаанд.
Барои амалӣ шудани ин ҳадафҳои олӣ аз соли 1997 то ин давра дар  маҷмӯъ зиёда аз 150 барномаи соҳавӣ ва 47 барномаи минтақавӣ дар самти пешбурди бахшҳои муҳими ҳаёти ҷумҳурӣ роҳандозӣ гаштаанд.  Барои  рушди энергетикаи кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард  сомонӣ татбиқ гардид. Иншооти  бузурги гидроэнергетикӣ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1»,  «Сангтӯда-2», марказҳои барқу гармидиҳӣ, неругоҳҳои барқи обии хурд, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Оғози татбиқи  лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA - 1000 ва сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун аз ҷумлаи дастовардҳои бузург дар ин самтанд.
Барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ  бо ҷалби маблағи институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва ба истифода супурда шудаанд. Айни замон, дар ин ҷода  татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи умумии панҷуним миллиард сомонӣ идома дорад.
Дастовардҳо дар самти таъмини амнияти ғизоии ҷумҳурӣ  ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул низ назаррасанд.  Дар  натиҷаи  афзоиши мунтазаму устувори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, баланд гардидани сатҳи даромаднокию  таъмини шуғли аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ бо назардошти такрористеҳсолкунӣ баҳри таъмини босуботи аҳолии мамлакат бо озуқа заминаи воқеӣ  гузошта шуд.
Дар пайи татбиқи барномаҳои рушди боғу токпарварӣ қариб 200 ҳазор гектар боғу токзор бунёд ёфта, мамлакат ба боғистон табдил ёфт. Ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ ва беҳсозии сатҳи некуаҳволии мардум дар мамлакат бештар аз як миллион ҷойи кор таъсис дода шуд.
Ҳоло Тоҷикистони тозаистиқлол дар марҳилаи навсозиҳо ва рушди  иҷтимоию иқтисодӣ  қарор дорад. Ҳукумати мамлакат бо назардошти дастовардҳои иқтисодии кишвар  дар заминаи татбиқи муваффақонаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015»  таҳияи стратегияи нави дарозмуддат ва ҳадафҳои волотарро зарур донист. Ҳамин тавр, мутобиқ ба вазъи воқеии иқтисоди миллӣ, шароиту имкониятҳои мавҷуда ва  Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»  таҳия шуд.
Ба гуфтаи Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар,  дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи ғании андӯхта аз татбиқи стратегияҳои пешӣ, Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва Ҳадафҳои рушди устувори ҷаҳонӣ барои давраи то соли 2030, ки дар иҷлосияи 70 - уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидаанд, дар мадди аввал қарор дода шудаанд.
Шукуфоии Тоҷикистон, фароҳам овардани зиндагии  шоиста барои сокинони он, ки ҳадафи олии давлату Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад, ба рушди иқтисоди миллӣ сахт тавъам аст. Бо ҳамин мақсад дар мамлакат ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли молҳои содиротӣ ва воридотивазкунанда иқтидорҳои нави саноатӣ ба кор андохта, барои роҳандозии босамари корхонаҳои мавҷуда, рушди соҳибкории хусусӣ, ҷалби сармоя ва тезондани раванди  саноатисозии кишвар  тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
 Бунёдсозӣ ва оғози фаъолияти корхонаҳои бузурги саноатӣ дар Ёвон, Данғара, Сарбанд,  Спитамен,  Айнӣ, Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари Тоҷикистон аз ҳамин ояндаи нек дарак медиҳад. Соли 2016 истеҳсоли ангишт  дар мамлакат 62 баробари соли 2000 – умро ташкил дода, истеҳсоли семент ба андозаи рекордӣ расонда шуд. Идомаи пурсамари ин раванд, истифодаи захираю имкониятҳои фарохи табиию иқлимӣ, таҷдиди воситаҳои истеҳсолӣ ва воридоти технологияҳои насли навин имконият медиҳанд, ки стратегияҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати рушд таъмин гардида, Тоҷикистон ба кишвари пешрафтаи саноатию аграрӣ табдил ёбад.
С. АЗИЗӢ, Т. САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2017    №: 72    Мутолиа карданд: 393

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед