logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТӢ 25 СОЛ ПУР ШУД

Дар робита ба ин, Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” перомуни ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаву бисёрҷониба ва муҳимтарин рӯйдодҳое, ки дар таҳкими муносибатҳои ҳасанаи ду кишвар мусоидат кардаанд, андешаҳояшро чунин баён дошт:

- Федератсияи Русия яке аз аввалин кишварҳоест, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Заминаи шаклҳои нави ҳамкориро Протокол дар бораи ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар асос гузошт, ки 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе имзо шуд. Давоми ин солҳо байни Русия ва Тоҷикистон  беш аз 230 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии танзимкунандаи самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Сарони давлатҳо Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, зимни ҳамоишҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ мулоқоту вохӯриҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд, ки дар ҷараёни онҳо муҳимтарин масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, гидроэнергетика, истихроҷи нафту газ, канданиҳои фоиданок, ҳарбию техникӣ ва сарҳадӣ, таъмини амнияти минтақа, ҳамоҳангсозии муҳоҷирати корӣ матраҳ мешаванд.
Бо итминон метавон гуфт, ки ҳар вохӯрии сатҳи олӣ хусусиятҳои воқеан стратегии муносибатҳои байни кишварҳоямонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад ва ин, пеш аз ҳама, самараи муносибати дӯстонаи байни роҳбарони давлатҳо мебошад. Сафари ахири расмии Президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, 27 - 28 феврали соли равон, бори дигар таҷассумгари хусусияти стратегии муносибатҳои кишварҳо гашта, ба ҳам наздик будани дидгоҳҳоямонро оид ба масоили калидии ҳаёти байналмилалӣ собит сохт. Дар доираи ин сафар шаш санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои дӯстонаи Русия ва Тоҷикистонро дар соҳаҳои алоқа, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, истифодаи энергияи атом бо мақсадҳои осоишта, сайёҳӣ ва тарбияи ҷисмонӣ такони тоза бахшида, ба тақвияти бештари ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия мусоидат менамояд.
Кишварҳоямонро манфиатдории дуҷониба ба ҳамкорӣ дар масъалаи амнияти минтақа, муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ ва қочоқи маводи мухаддир муттаҳид месозад. Ин, махсусан дар манзари вазъи мураккаби ҷамъиятию сиёсӣ ва низомӣ дар Афғонистони ҳамсоя муҳим аст. Ҳамаи ин ба таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳоямон ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тоҷикистон ин сарҳади ҷанубии ҳавзаи умумии масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба ҳисоб меравад ва вазъи мураккабу ноороми Афғонистон зарурати таҳкими пайвастаи мудофиаи марзҳои ҷануби Тоҷикистонро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ аз самтҳои авлавиятдори Тоҷикистону Русия ба шумор меравад. Дар ин самт пойгоҳи низомии 201 - и Русия нақши муҳим мебозад. Пайваста доир намудани машқҳои муштарак бо низомиёни тоҷик маҳз ба таъмини бехатарии сарҳад нигаронда шудааст. Дар машқгоҳҳои пойгоҳ омодасозии қумандонҳо ва мутахассисони зинаи поёнии низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.
Пӯшида нест, ки ба амнияти миллии Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои аъзои СААД гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон хатар эҷод мекунад. Барои пешгирии он мақомоти салоҳиятдори Русия бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ мондаанд. Ин, пеш аз ҳама, дар таҷдиди базаи моддию техникии агентӣ, тавсеаи сохтории он аз ҳисоби бунёди бахшҳои минтақавӣ, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо ва дастгирии моддӣ зуҳур меёбад.
Дигар самти муҳими ҳамкориҳои ду кишвари дӯст рафъи оқибатҳои офатҳои табиатро дарбар мегирад. Русия ба шарики стратегии худ дар бунёди Низоми ягонаи огоҳ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, мустаҳкам намудани базаи техникӣ ва имкониятҳои корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ёрӣ мерасонад. Айни замон, лоиҳаи “Тақвияти неруи омодагӣ ва вокуниш” дар амал татбиқ мешавад, ки Русия дар ҳаҷми 1,6 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст.
Ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират аз авлавиятноктарин самтҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия мебошад. Зеро тоҷикон дар Русия на танҳо кор карда, дар беҳбуди зиндагии худ ва аҳли оилаашон саҳм мегиранд, балки дар рушду шукуфоии кишвари мо бо меҳнатдӯстию кордониашон мавқеи назаррас доранд.
Ҳамкории мо дар соҳаи илм низ тавсеа меёбад. Танҳо як мисол меорам. Бо иштироки бевоситаи Сафорати Русия дар Тоҷикистон фаъолияти 16 шӯрои диссертатсионӣ барқарор ва шӯрои нави диссертатсионӣ оид ба илми сиёсатшиносӣ таъсис дода шуд. Дар маҷмӯъ, мо нақшаи Академияи илмҳои Тоҷикистонро, ки иртиботи бевосита бо муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои олии Русияро тавсеа додан мехоҳад, бо камоли майл дастгирӣ мекунем. Чун зикри муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рафт, афзудан мехоҳам, ки дар филиалҳои макотиби олии мо дар Тоҷикистон шаш ҳазор донишҷӯ таҳсил дорад. Ғайр аз ин, дар донишгоҳу донишкадаҳои  қаламрави Русия беш аз 15 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таълим мегирад.
Тавре мо ҳам шоҳидем, солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи касбу ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, ба ин васила низ занону духтаронро ба кори муҳими ҷамъиятӣ ҷалб месозад. Бо ин мақсад Русия дар доираи татбиқи лоиҳаҳо тавассути сохторҳои махсуси СММ ҳамкориро тақвият бахшида истодааст. Аз ҷумла, кишвари мо барномаҳои “Беҳсозии некуаҳволии 1 миллион сокини деҳот дар нуҳ навоҳии Тоҷикистон” (6,7 миллион доллар), “Таҷдид ва баланд бардоштани рақобатпазирии қолинбофӣ, кашидадӯзӣ ва бофандагӣ дар Тоҷикистон”-ро бошад, дар ҳаҷми 1,2 миллион доллар, якҷо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳандозӣ мекунад. 
Бовар дорам, ки мулоқоту муколамаҳои мунтазаму бобарори сатҳи баланди сиёсӣ ва наздикию мувофиқати нақш ва мақоми ду давлат дар бештари масоили минтақавию байналмилалӣ омили муҳими рушду густариши муносибатҳои судманди шарикони стратегӣ - Русия ва Тоҷикистон мегарданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2017    №: 72    Мутолиа карданд: 435

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед