logo

маориф

НУСХАҲОИ ҲАТМӢ СУПУРДА НАМЕШАВАНД. ЧАРО?

Китобу моҳнома, рӯзномаву ҳафтанома, дастуру барнома, дастхату номаҳо хазинаи бузурги маънавии инсоният буда, ҳифз, нигаҳдорӣ, омӯзишу пажӯҳиш ва интиқоли он ба насли оянда зери назорати қатъии Ҳукумат қарор дорад. Бо вуҷуди ин, саҳлангории баъзе ташкилоту идораҳо ва нафарони алоҳида сабаб мешавад, ки аксари маводи номбаршуда бо шумораи кам ва як бор нашр гашта, нусхаҳои ҳатмии онҳо ба Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон (собиқ палатаи давлатии китоб) супурда намешавад.
Дар робита ба ин масъала Қурбоналӣ Бӯриев, директори агентии мазкур маълумот дода, чунин гуфт: “Вобаста ба муҳлат ва тартиби фиристондани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмӣ” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” ба тасвиб расида, мавриди амал қарор доранд. Санадҳои меъёриву ҳуқуқии мавриди назар тартиби ташаккули нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳоро муайян сохта, муҳлат ва тартиби дастрас гардондани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳоро ба танзим медароранд. Мутобиқи талаботи қонуни мазкур тамоми чопхона ва ташкилотҳои полиграфии ҷумҳуриро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идорӣ, уҳдадор менамояд, ки ба таври ройгон 3 нусхаи ҳатмии маҳсулоти чопнамудаашонро дар муҳлати 10 рӯз пас аз интишор ва рӯзномаву маҷаллаҳоро дар рӯзи барориши шумора ба Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон ва дигар гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо дастрас кунанд. Онҳо вазифадоранд, ки хароҷоти таҳия, нашр ва ирсоли нусхаҳои ҳатмии ройгонро ба арзиши аслии маҳсулоти чопӣ илова намоянд”.
Хонаи китоби Тоҷикистон бо фароҳамоварӣ, бақайдгирии библиографӣ, таҳияи  омор ва ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопӣ маҳдуд нагашта, китобу рисолаҳои илмии тозанашр ва мақолоти ҷолиби нашрияҳои давриро тавассути феҳристи давлатӣ – «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сомонаҳои интернетии муассиса www.tajikbooks.tj ва www.isbn.tj таблиғ ва муаррифӣ мекунад. Сари вақт пешниҳод кардани нусхаҳои ҳатмӣ ба мукаммалсозӣ ва ғанӣ гардондани фонди бойгонии матбуоти Тоҷикистон ва муаррифии маҳсулоти чопии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи Қурбоналӣ Бӯриев масъулони хонаи китоби Тоҷикистон борҳо ба вазорату идораҳои дахлдор хаттиву шифоҳӣ муроҷиат карда бошанд ҳам, ҳанӯз дар ин росто чораҳои мушаххас андешида нашудааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2017    №: 73    Мутолиа карданд: 828

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед