logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Нашъаҷаллобон аз озодӣ маҳрум гаштанд
Шаҳрвандон П. Қодиров, С. Холов ва М. Раҷабов моҳи октябри соли 2016 аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Самандар Муҳаммад Амин, ки қаблан бо ӯ шинос шуда буданд,  дар шаҳри Душанбе  воситаи нашъаовари навъи «ҳашиш» ба даст оварда, онро то моҳи ноябри соли 2016 дар деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Дурбати  шаҳри Ҳисор ғайриқонунӣ нигоҳ доштаанд.
13 ноябр С. Холов ва М. Раҷабов  дар кӯчаи Макарови шаҳри Душанбе ҳангоми гузоштани халтаҳо ба бағоҷи автомашина, дастгир гардида, аз онҳо 74 076 грамм маводи нашъаовари навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира шуд. Нашъаҷаллоби дигар П. Қодиров аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, дар манзили истиқоматии шаҳрванд С. Воҳидов пинҳон шудааст. Дувумӣ барои аз тафтишот пинҳон шудани гумонбар шароит фароҳам оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 20 марти соли 2017 шаҳрвандон П. Қодиров, С. Холов ва М. Раҷабов бо моддаи 200 қисми 4 банди «д» ва С. Воҳидов бо моддаи 347 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста  шуда, С. Холов ба муҳлати 16 солу 6 моҳ, П. Қодиров ва М. Раҷабов  ҳар кадом ба муҳлати  15 солӣ ва С. Воҳидов ба муҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
 
Аз роҳ ба «Давлати исломӣ» дастгир шуд
Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе М. Бутаев бо моддаҳои 32 қисми 3 - 401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 12 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, ӯ  ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Самараи Федератсияи Русия қарор доштанаш тавассути шабакаи интернетии “Зелло” дар барномаи “Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ” бо Муҳаммад Муовия ном узви фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати исломӣ” робита  барқарор намуда, даъвати ӯро дар бораи ба Сурия рафтану ба сафи ин созмони террористӣ пайвастан пазируфтааст. Муҳаммад Муовия барои М. Бутаев чиптаи электронӣ барои парвоз бо ҳавопаймо  тавассути хатсайри Самара - Москва - Кишинёв - Истанбул фиристодааст. Номбурда 27 декабри соли 2016 дар фурудгоҳи шаҳри Самара, ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2017    №: 73    Мутолиа карданд: 339

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед