logo

иҷтимоиёт

ТЕМУРМАЛИК. ОФАТИ ТАБИАТ МАСЪУЛОНРО ҲУШДОР ДОД

Аз аввали апрел сатҳи оби дарёи Сурхоб баланд шуда, ба баъзе деҳаҳо, киштзорҳо, роҳҳо ва саддҳои муҳофизатии соҳилҳо хисорот ворид сохта истодааст.  Дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома муовини аввали раиси ноҳияи Темурмалик Шарофиддинзода Неъматулло вобаста ба масъалаи мавриди назар чунин гуфт:

- Шаби 2 – юм ба 3 – юми апрел дар натиҷаи боришҳои бардавом оби дарёи Сурхоб баланд гашта,  дар деҳаи Шибанайи Ҷамоати деҳоти Бобоюнус Худойдодзода 12 гектар замини кишт ва 2 км роҳи мошингардро пурра хароб намуд. Рӯзи 4  – ум ҳам сели калон омада, садди муҳофизатии қисмати шимолии маркази ноҳияро вайрон сохта, ҳамзамон  ба 4 хонаи истиқоматӣ даромада, иншооти ёрирасонро қисман вайрон ва дар назди варзишгоҳи марказии ноҳия 3 қитъаи наздиҳавлигиро аз лойқа пур кард. Ҳоло корҳои соҳилмустаҳкамсозӣ вусъат ёфта, техникаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ ва муассисаи назорати роҳҳои автомобилгарди ноҳия ба бардоштани садд ва кашондани тахтасангҳо машғуланд.
Як мавзеи дигари хатар назди пули овезони 150 – метра, ки шаҳракро бо Ҷамоати деҳоти Лақай Қармишев мепайвандад,  маҳсуб меёбад. Сели калон садди муҳофизатии назди ин пулро шуста, ҳаракати нақлиёт ва одамонро мушкил гардондааст.
Бо назардошти муҳимияти масъала дар ноҳия ситоди шабонарӯзӣ ташкил карда, навбатдорҳо гузошта шудаанд, ки вазъи дарёро омӯхта, маълумот медиҳанд. Зарари расонда муқаррар карда мешавад.
Вобаста ба барқарор намудани хисороти офати табиат дар ноҳияи Темурмалик муовини аввали раиси  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Шоҳиён Рустам мегӯяд:
- Мо бисёр минтақаҳои хатарзоро дида баромадем. Дар ноҳияи Темурмалик низ чанд мавзеи хатари эҳтимолиро ба қайд гирифта, барои мустаҳкам кардани соҳилҳо тадбирҳо андешидем. Аз ҷумла аз шаҳри Кӯлобу ноҳияи Восеъ 72 тахтасанг ва аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 50 тахтасанги 2,5 - тоннаӣ кашонда, саддҳо барқарор карда мешаванд.  Дар натиҷаи солҳои тӯлонӣ баланд шудани сатҳи оби дарё ва ба қадри даркорӣ роҳандозӣ накардани тадбирҳо оид ба пешгирӣ аз селоб ҳоло душвориҳо ба амал омадааст. Мутахассисони кумита вазъро омӯхта, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод ирсол менамоянд.
Соли 2016 корҳои соҳилмустаҳкамсозӣ поёнтар аз маркази ноҳия анҷом дода шуда буданд. Тавассути он ҳоло ин мавзеъ аз хавфи обхезӣ эмин буда, қариб 200 гектар ҳифз  шудааст. Агар масъулони ноҳия каме пештар оид ба мустаҳкам кардани қисмати шимолии шаҳрак чораҳо меандешиданд, ҳоло оби дарё то ба назди варзишгоҳи ноҳия намеомад.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2017    №: 73    Мутолиа карданд: 388

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед