logo

иҷтимоиёт

НУРОБОД. САФИ ҶАВОНОНИ РОҲБАР МЕАФЗОЯД

Бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз эътимоди зиёди Сарвари давлат нисбат ба ин насли ояндасоз дарак медиҳад. Ҷавонон низ бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо содиқона кор карда, ба боварии давлату ҳукумат ва миллати худ арзанда бошанд.

Тавре Бобиев Кумуддин, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Нуробод, зимни суҳбат иброз дошт, бахшида ба Соли ҷавонон баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», фароҳам овардани шароити мусоид  барои фаъолияти ҷавонон, тақвияти ҳисси миллатдӯстиву ватанпарварӣ, ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ, пешгирии амалҳои номатлуб, аз ҷумла ҷинояткориву қонунвайронкунӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон як қатор чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ аз қабили гуштии миллӣ, футболу волейбол, тенниси рӯйи миз ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гаштанд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия бо кумаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби варзишӣ ва шаш толори варзишӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар онҳо 580 нафар машқу тамрин мекунад. Илова бар ин, то ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаҳои дурдасти ноҳия якчанд майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.
Имсол дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби ҷавонони соҳибкори ноҳия ба беш аз 50 ятим кумаки молиявӣ расонда шуд. Инчунин, бо ташаббуси ҷавонон се корхонаи истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифт.
- Имрӯзҳо ҷавонон аз дастгириҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат бархӯрдоранд ва бесабаб нест, ки сол ба сол ҷавонон ба мансабҳои роҳбарикунанда бештар ҷалб мегарданд. Боиси тазаккур аст, ки феълан дар муассисаҳо ва ташкилотҳои ноҳия ҳаштод дар сади роҳбарон ҷавононанд. Аз ин рӯ, онҳоро мебояд дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, ҳифзи таъриху фарҳанг, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва решакан кардани падидаҳои номатлуби ҷомеа саҳми арзандаи хешро бигузоранд, - гуфт Б. Кумуддин.
Гулнисои САЪДОНШО,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2017    №: 74    Мутолиа карданд: 377

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед