logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Дуздӣ дар корхонаи коркарди пахта
Ба мақомоти милитсия марди соҳибкори 35 - солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намуд, ки шаби 3 ба 4 апрели соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ “Пахтаи Хатлон” гардида, аз он ҷо 3 ҳазор килограмм пунбадона (чигит) - ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расондашуда  10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ марди 58 - солаи сокини ноҳияи Вахш дастгир гардид. Гумонбаршуда ин ҷиноятро бо ҳамроҳии марди 45 - солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пештар бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст. Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шикори ғайриқонунии “Марко - поло”
Кормандони милитсия зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Мурғобро барои шикори ғайриқонунии гӯсфанди кӯҳии “Марко - поло” дастгир намуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 6 килограмм гӯшт дарёфт ва мусодира гардид. Назар ба иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, гӯшти мусодирашуда ба гӯсфанди кӯҳии “Марко - поло” мансуб буда, зарари расондашуда 160 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2017    №: 74    Мутолиа карданд: 418

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед