logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ БАРОИ ҶАВОНОН БОЯД КИТОБИ РӮИМИЗӢ БОШАД

Қонуни асосии кишвар, ки дар худ орзуву омоли чандинасраи халқи худогоҳу хештаншиносро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соҳибихтиёрӣ, пойдории ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, суботи сиёсӣ, таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба миён омадани рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ,  таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа, татбиқи асли таҷзияи ҳокимият ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад. Бо қабули ин санади олии ҳуқуқӣ давра ба давра ислоҳоти ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар амалӣ гардида, бинобар татбиқи бомароми ҳадафҳои созандаи пешгирифтаи давлату Ҳукумат дар як муддати кӯтоҳ рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин гардид ва сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан баланд бардошта шуд.
Дар асоси ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми қонунгузории кишвар тавассути қабули қонунҳои муҳими ба талаботи замони нав ҷавобгӯ такмил ва муқаррароти онҳо ба Конститутсия мутобиқ гардонда шуданд. Ҳамзамон, асли конститутсионии волоияти Конститутсия ва таъмини амали бевоситаи меъёрҳои он дар қаламрави кишвар таъмин гардида, барои дар рӯҳияи эҳтирому риояи қонун рушду такомул ёфтани ҳар фарди ҷомеа заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Бо назардошти омилҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии инкишофи давлату ҷомеа, тақвияти заминаҳои бунёдии ваҳдату суботи сиёсӣ дар мамлакат, талаботи муносибатҳои ҷамъиятии рушдёбанда, ташаккули низоми ҳуқуқӣ дар асоси ислоҳоти конститутсионӣ солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар  фазои озоду демократӣ ба Конститутсия бо ҷонибдории аксари мардуми кишвар тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Иштироки фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла раъйпурсии умумихалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳон маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги волои сиёсию демократии сокинони мамлакатро нишон дода, собит сохт, ки роҳи интихобкардаи Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол ба хотири таъмини зиндагии шоиста ва саодати тамоми сокинони кишвар равона гардидааст.
Бо дарки аҳамияти таърихии Конститутсия дар эъмори давлатдории навин ва муҳимияти масъалаҳои он, ки принсипҳои конститутсионӣ бояд дар фаҳмиши инсон маърифати баланди ҳуқуқиро оид ба эҳтиром гузоштан ба ин санади олии ҳуқуқӣ ба миён орад ва насли наврасро дар рӯҳияи эҳтирому риояи арзишҳои конститутсионӣ тарбия ва ба воя расонад, аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бобати тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои ин ҳуҷҷати муҳим тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд.
Ба роҳ мондани омӯзиши ҳатмии Конститутсия дар муассисаҳои таълимӣ, ҳамзамон, барои бархӯрдор будани ҷавонон аз таърихи қабули Конститутсия, аҳамияти муҳими арзишҳои конститутсионии дар он инъикосгардида, ташаккули заминаҳои боварӣ ва эътиқоди насли ҷавон нисбат ба қонун ва сиёсати ҳуқуқӣ, баланд гардидани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии онҳо, мустаҳкам кардани асосҳои ҳуқуқии фаъолият ва интизоми ҷавонон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонуниашон  нигаронда шудааст.
Даврон ҲОШИМЗОДА,
судяи  Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2017    №: 74    Мутолиа карданд: 485

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед