иҷтимоиёт
ВАҲДАТ БА ВАҲДАТ ОМОДАГӢ МЕГИРАД
Ҷашни 20 - солагии Ваҳдати миллӣ имсол дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни бузурги миллӣ омодагиҳо рӯз то рӯз вусъат меёбанд.
- То имрӯз дар 11 ҷамоати шаҳраку деҳот, назди биноҳои ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва шафати роҳҳои мошингард беш аз 51 ҳазор бех гулу буттаҳо ва ниҳолҳои ороишиву сояафкан шинонда шудааст, - иброз дошт Ислом Ҳайдарзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат.
Дар нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ бунёди иншооти истиқоматию маъмурӣ, таълимию варзишӣ ва истеҳсолӣ яке аз бахшҳои асосиро ташкил медиҳад. Айни ҳол сохтмони биноҳои истиқоматии 6 - ошёна бо маркази савдо дар кӯчаи Рӯдакӣ ва ҳафтошёна дар кӯчаи Сомониён, корхонаҳои истеҳсоли афшураи мева, коркарди сабзавот, истеҳсоли мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ пурра ба сомон расидааст. Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои чорошёнаи маркази ташхису табобат, ду панҷошёна, се сездаҳошёна, як бистуякошёнаи истиқоматӣ, бинои нави маъмурии ШВКД, варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст ва бинои муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст бо маром ҷараён доранд. То Ҷашни 20 - солагии Ваҳдати миллӣ ин иншооти тозабунёд ба истифода дода мешаванд.
Ҳамчунин, сокинон, кормандони корхонаю ташкилот, муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар тамоми гӯшаву канори шаҳр, кӯчаю маҳалла, оромгоҳҳо, шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат, Ваҳдат - Файзобод, Ваҳдат - Кӯлоб барои боз ҳам ободу зеботар гардондани шаҳр рӯзҳои истироҳат ба ҳашари умумишаҳрӣ мебароянд. Дар назар аст, ки то рӯзи ҷашн дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳр иншооти Парчами миллӣ бо баландии 50 метр афрохта шавад. Дар доираи корҳои ободонӣ ҳамаи биноҳои истиқоматии баландошёна таъмир ва рангубор карда, мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 августи соли 2014 санги аввали сохтмони яке аз калонтарин варзишгоҳҳои кишварро, ки дар масоҳати 7,5 гектар барои 25 ҳазор тамошобин бунёд мешавад, гузошт ва ин боиси сарфарозии сокинони шаҳр гардид. Варзишгоҳ ҳамчун макони баргузории бозиҳои байналмилалии варзишӣ ва тантанаҳои ҷашнӣ пешбинӣ шудааст.
- Дар сохтмони варзишгоҳ кормандони ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва идораю муассисаҳои шаҳр саҳм гирифта истодаанд, - гуфт Фотима Табарова, директори варзишгоҳ.
Ифтитоҳи ду иншооти бузурги ҷашнӣ - варзишгоҳ ва муассисаи таълимӣ барои 640 ҷой дар маҳаллаи 20 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Корҳои сохтмонии ин ду иншоот ба андозаи 85 дарсад иҷро гардидаанд.
Бино ба гуфтаи Ислом Ҳайдарзода, дар канори варзишгоҳ бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ дар майдони 3,5 гектар ба нақша гирифта шудааст. Чароғонкунӣ, ҳамвору мумфаршсозии кӯчаву растаҳои маркази шаҳр, аз ҷумла хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Сомониён, 20 - солагии Истиқлолият ва маҳаллаи Роҳатӣ, бомаром идома доранд. Баъди ба истифода додани иншооти ҷашнӣ шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Раҳматулло КАРИМЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.04.2017 №: 74 Мутолиа карданд: 374