logo

иҷтимоиёт

ТАНДУРУСТӢ. ОЁ БОЗОРИ ФАРМАСЕВТИИ МО АЗ ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТ ОРИСТ?

Чун кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар Тоҷикистон низ ҳифзи саломатӣ ба воситаи назорати қатъии сифати маҳсулоти табобатӣ аз ҷузъҳои муҳими ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар дар самти беҳдошти сиҳатии аҳолӣ ба шумор меравад. Солҳои охир бозори фармасевтии ватанӣ дар натиҷаи васеъ гардидан ва дастрасии он ба истеҳсолкунандагони хориҷӣ бо проблемаҳои нав, ки бо ин ё он тарз ба сифати маводи доруворӣ алоқаманд мебошанд, рӯ ба рӯ гардид. Дар навбати аввал он проблемаи доруҳои қалбакию пастсифат аст.
Султон Бекмуродзода, сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, изҳор дошт, ки масъулони соҳа давоми се моҳи соли ҷорӣ фаъолияти 326 муассисаи фармасевтиро зери санҷиш қарор доданд ва дар 108 ҳолат назорат якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифт.  Инчунин, кормандони хадамот дар 59 муассисаи табобатию профилактикӣ ва нуқтаи савдои маводи ороишию гигиенӣ санҷиш гузаронда, ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 670 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро аз муомилот гирифтанд. Зимни санҷишҳо ҳатто аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ 157 номгӯй маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта ошкор гардид. Дар натиҷа, аз тарафи хадамот наздики 5500 килограмм маводи доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодабариашон гузашта бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуд.
Дар асоси ҳолатҳои ошкоргардида нисбат ба роҳбарону кормандони  муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ 146 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз онҷо ба маблағи умумии 313 400 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.  Раёсатҳои хадамот дар  вилоятҳои Хатлону Суғд санҷишҳои микробиологиро  давоми моҳҳои апрел - майи соли равон ба роҳ мемонанд.
Воқеан,  дар самти назорат мушоҳида мешавад, ки воридоти маводи қалбакӣ камтар гардидааст. Аммо ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки бозори фармасевтии кишвар аз маводи пастсифат орист. Соҳибкорони воридкунандаи доруворӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ бояд манфиати миллатро аз манфиати худ болотар донанд ва аз ворид намудани маводи пастсифат канора ҷӯянд.
Шаҳбоз АБРОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2017    №: 74    Мутолиа карданд: 312

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед