logo

сиёсат

ДУШАНБЕ. АЗНАВСОЗИИ БОҒҲО ВА БУНЁДИ МАЙДОНҲОИ ВАРЗИШӢ

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони пойтахт дар шаҳри Душанбе ободонии боғҳои фарҳангию  фароғатӣ ва  бунёди майдонҳои варзишию бозии кӯдакон ба роҳ монда шудааст.  Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва  раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҳафтаи гузашта бо  рафти корҳои сохтмонии иншооти номбурда   дар  маҳаллаҳои пойтахт  шинос шуданд.

Сарвазири мамлакат ва раиси шаҳр нахуст бо лоиҳаи азнавсозии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию  фароғатии Айнӣ" - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ шинос гардиданд.
Тавре Фарҳод Қодирзода, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, зимни суҳбат  изҳор дошт,  корҳои сохтмонӣ дар боғи номбурда бо Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли ҷорӣ оғоз ёфтаанд. Татбиқи лоиҳа аз ҷониби  ширкати ватании сохтмонию меъмории "Суғдшаҳрофар" ва сохтмончиёни 5 ширкати вилояти Суғд роҳандозӣ шудааст. Тибқи тарҳи нав дар боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ сохтмони иншооти нав,  аз қабили даромадгоҳ, истгоҳи воситаҳои нақлиёт, амфитеатр, бинои маъмурӣ, ду шипанг ба андозаи 12 бар 12 метр,  таҷдиди муҷассамаҳои Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, инчунин, ифтитоҳи марказҳои  фарҳангиву фароғатии дигар  пешбинӣ гардидааст.

Бунёди 78 майдони варзишӣ ва бозии кӯдакон дар Душанбе
Тибқи нақша - чорабиниҳои шаҳрдорӣ  дар гӯшаю канори пойтахт бунёди 78 майдони варзишӣ ва бозии кӯдакон ба нақша гирифта шудааст.  Иқдоми мазкур аз ҷониби вазорату идораҳо ва соҳибкорони алоҳида хуш пазируфта шуда, онҳо корҳои созандагиро дар ин ҷода  бо маром  идома дода истодаанд. Сарвазири мамлакат   ва раиси шаҳр бо ҷараёни бунёди майдони варзишӣ ва бозии кӯдакон дар ҳудуди хонаҳои хиёбони Рӯдакӣ - 96 ва кӯчаи Маҳмадулло Холов - 4, ки бо ибтикори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст, аз наздик шинос гардиданд. Зимни боздид ба масъалаи истифодаи самараноки унсурҳои бинокорӣ ва масолеҳи хушсифати сохтмон  аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.
Масъулони  Палатаи ҳисоби  Ҷумҳурии Тоҷикистон   баҳри  ободонии маҳаллаи 11,  кӯчаи Шерализода,  назди биноҳои истиқоматии 14 ва 16 - и ноҳияи Сино тасмим гирифта,  корҳои сохтмонӣ,  аз ҷумла майдонҳои футбол, волейболу баскетбол,  машқкунӣ ва  барои  кӯдакон  дар масоҳати 3675 метри мураббаъ ба нақша гирифтаанд. Мутассадиёни корҳои созандагии ин макон бо итминон изҳор намуданд, ки иншооти варзишию истироҳатии пешбинигардидаро дар муҳлати кӯтоҳтарин ба истифода хоҳанд дод.
Сарвазири кишвар ва раиси шаҳр ҳамчунин, аз рафти  бунёди майдони варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар маҳаллаи 23, назди бинои истиқоматии рақами 79 - и кӯчаи Мушфиқии  ноҳияи Фирдавсӣ, ки онро Кумитаи андози назди Ҳукумати мамлакат ба уҳда дорад, дидан намуданд.
Дар корҳои созандагию бунёдкории пойтахт, хусусан майдончаҳои варзишию бозии наврасону хурдсолон, кормандони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ низ саҳми намоён мегузоранд. Ҳоло бо ташаббуси масъулони агентӣ  дар шафати  бинои 76 - уми  кӯчаи Неъмат Қарабоев сохтмони  маҷмааи варзишӣ - истироҳатӣ ҷараён дорад.
Дар баробари вазорату идораҳои дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон азнавсозии иншооти муассисаи давлатии боғи "Дӯстии халқҳо" - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо дар масоҳати 24 гектар ба зимма гирифтааст.        

Дуои пирони барнодил
Ифтитоҳи   маркази истироҳати пиронсолон, майдони варзишӣ ва бозии кӯдакон дар маҳаллаи 72 – юми ноҳияи Сино аз ҷониби роҳбари  шаҳр   мӯҷиби хушҳолии беҳаду канори сокинони ин гӯшаи пойтахт гашт.  Мардони   рӯзгордида,  собиқадорони соҳаҳои гуногун  зиёд гардидани чунин ободкориҳоро аз файзу баракати сулҳу амонии мамлакат арзёбӣ намуданд. Ба гуфтаи ин пирони барнодил, халқи тоҷик  бо саъю талоши Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имрӯзи ободию  муттаҳидӣ расид. Ифтитоҳу азнавсозии иншооти маишию хизматрасонӣ дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ туҳфаи басо арзанда ба мардуми шарафманди тоҷик мебошад.
Ташрифулло Саъдуллоев, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2017    №: 74    Мутолиа карданд: 525

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед