logo

иҷтимоиёт

МАНБАИ НЕРУВУ НУР

Об сарчашмаи ҳастӣ, манбаи неруву  нур, сафои зиндагонӣ ва гарави асосии ободонии рӯзгори инсон ба ҳисоб меравад. Пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эъломи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» пазируфтани  Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳам бесабаб нест.  Имрӯз дар сайёра миллионҳо нафар ба оби тозаи нӯшоӣ дастрасӣ надоранд. Илова ба ин, дар натиҷаи истифодаи исрофкорона захираҳои об кам шуда истодаанд.
Пеши ин ҷараёни харобивор бояд гирифта шавад. То решаи дарахти зиндагонӣ фардо ҳам сабз бимонад. Барои амалӣ шудани ин нияти нек бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан сиёсатмадорон, бештар ҷидду ҷаҳд намоянд.
Шукри тақдир, ки Тоҷикистон ватани обҳои мусаффою ширин аст. Наваду нуҳ дарсади обҳои ҷумҳурӣ обҳои нӯшоианд. Ин ганҷинаи табиатро эҳтиёт кардан ва сарфакорона истифода бурдан қарзи фарзандии ҳар як сокини кишвар  мебошад.
Мо, тоҷикистониён, дар паҳлуи Сарвари давлатамон истода, саъй мекунем, ки ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» беҳтар аз Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005 – 2015) дар ҳаёт татбиқ гардад. Мо, соҳибони захираҳои бузурги обӣ, бояд дар истифодаи оқилонаи об намунаи ибрати дигарон бошем, онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, зеро исрофкорӣ як навъ носипосӣ дар ҳаққи неъматҳои табиат аст.
Ифтихори ҳар як сокини ин диёри куҳанбунёди мост, ки Тоҷикистон чандин маротиба  тавонист бо таҳия ва пешниҳодоти муҳим дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои глобалии об  ҳиссаи худро гузорад. Ин иқдомҳои шоиста кишвари моро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти сайёра  муаррифӣ намуданд.  Тоҷикистон бо маҳорати қобили ситоиш  ва ҳифзи манфиатҳои миллию умумибашарӣ ҳамкориҳоро дар сатҳи байналмилалӣ пайваста тақвият медиҳад.
Зарурати қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои  2018 – 2028 - ро СММ ба нигарониҳои  умумибашарӣ аз проблемаи об асоснок менамояд. Дар қатънома зикр шудааст, ки афзоиши аҳолию  раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим  дар оянда боиси авҷ гирифтани мушкилоти дастрасӣ ба оби нӯшоии тозаю бехатар  шуда метавонанд. Аз ин рӯ,  ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳоло бояд мушкилоти истифодаи оқилонаи обро ҳаллу фасл намояд.
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барномаи бузурги башардӯстона ба шумор меравад ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои он барои миллиардҳо сокини сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад.
Маҳтобӣ МИРАЛИЕВА,
Корманди шоистаи Тоҷикистон, омӯзгори
коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2017    №: 75    Мутолиа карданд: 287

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед