logo

иқтисод

ЗАРШӮӢ. ТАЪМИНИ ШАРОИТ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Мавзӯъ аз раванди татбиқи «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ барои солҳои 2016 – 2018» сарчашма гирифт. Он рушди саноати маъдан тавассути сода кардани ҷараёни таъсиси артелҳо барои истихроҷи канданиҳои фоиданок мебошад.
 
Таъсиси артелҳои заршӯӣ яке аз самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад. Ба он мардум аз қадим таваҷҷуҳ доштанд. Дар даврони шӯравӣ ҳатто барои ҷалби одамон ба ин кор ва истихроҷи барзиёди кон мукофотпулӣ пешниҳод мегардид, барои худфаъолоне, ки дар артелҳо ва ё тибқи шартнома бо корхонаҳои истихроҷи тилло кор мекарданд, дафтарчаҳои меҳнатӣ мекушоданд, то ин ки худфаъолон собиқаи корӣ пайдо карда, аз ҳамаи имтиёзҳои мавҷуда дар оянда истифода баранд.
Коршиносони соҳаи геология бартарияти истихроҷ ва коркарди конҳои пошхӯрдаро дар нисбат ба конҳои маъдан осон ва бе харҷи маблағҳои калон муҳим арзёбӣ мекунанд. Ба андешаи онҳо, фаъолияти озод яке аз роҳҳои хуби коркарди конҳо бе пардохти маблағ аз буҷет ба ҳисоб меравад. Одамон бе талаби маблағ метавонанд худашон (бо гузаштан аз курсҳои махсуси геологӣ) аз маҷрои дарёҳо тилло шуста, ба давлат супоранд. То имрӯз аз 100 ҳазор тонна тиллое, ки дар ҷаҳон истеҳсол шудааст, 25 дарсадаш ба истифодаи конҳои пошхӯрда рост меояд. Дар ҷумҳурӣ соли 2011 ҳиссаи тиллои истеҳсолшуда аз конҳои пошхӯрда 30 дарсадро ташкил дод. Ҷалби шаҳрвандон ба ин намуди фаъолият сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан мардуми деҳотро бо таъмини ҷойи кор беҳтар мегардонад. Ин самти фаъолият барои сайёҳони хориҷӣ низ ҷолиб аст.
Барои ба таври васеъ таъсис додани  артелҳо сода кардани ҷараёни дастрасии иҷозат муҳим мебошад. Пурзӯр гардондани назорат аз болои фаъолияти ғайриқонунии баъзе аз соҳибкорон ба пешрафти соҳа ва ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.
Вобаста ба ин масъала лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои додани иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ», ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор таҳия шудааст, мавриди баррасӣ қарор дорад.
- Соҳибкорони инфиродие, ки аввалан кори худро аз шустани пошхӯрдаҳо оғоз карданд, марҳила ба марҳила коргоҳҳои хурд бунёд намуданд. Ҳоло теъдоди онҳо  ба 6 адад расидааст, - гуфт Бахтиёр Шарифов, сардори раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ. Ба андешаи ӯ, аксари коргоҳҳои заршӯӣ дар замони истиқлолият бо фароҳам овардани шароити мусоид бунёд шудаанд. Масалан, дар қад – қади дарёи Яхсу, воқеъ дар ноҳияи Ховалинг заршӯӣ аз қадим маъмул буда, танҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ин минтақа ширкатҳои хурди заршӯӣ ба фаъолият оғоз карданд. Қаблан дар заминаи ашёи хоми ватанӣ танҳо як корхона фаъолият мекард: корхонаи  давлатии «Тиллои тоҷик». Ягона корхонаи заршӯие, ки дар даврони шӯравӣ таъсис ёфтааст, артели «Помир» мебошад, аммо ҳоло он  барои истихроҷи канданиҳои фоиданок иҷозат надорад. Аз 6 коргоҳи заршӯӣ артели «Одина» бо захираи бештари кони пошхӯрда ва техникаи нав фаъолияти беҳтарро ба роҳ мондааст ва имкони истеҳсоли 265 килограмм тиллоро дорад.
Ба андешаи Миралӣ Ташрифов, сардори шуъбаи назорати  геологии Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, барои муаяйн кардани захираи дақиқи  конҳо бурдани корҳои ҷустуҷӯӣ - иктишофӣ зарур мебошад. Дар баробари бартариятҳо дар вақти коркард баъзе мушикилиҳо низ ҷой доранд, захираҳои начандон калони баъзе конҳо бо коркард шудан зуд анҷом меёбанд.
Аз захираи умумии тиллои пошхӯрда қисми зиёдаш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд. Махсусан, ноҳияи Мурғоб барои пешрафти соҳа ва рушди иқтисоди миллӣ имконияти барҷаста дорад. Тавре муовини раиси ноҳияи Мурғоб Исрор Исроров иброз медорад, дар қаламрави паҳновари Мурғоб ба ғайр аз нафту газ маъданҳои зиёде маҳфузанд. Геологҳо макони 300 маъдани кӯҳиро маълум кардаанд, ки онҳо барои ташхис, коркард ва истихроҷ пешниҳод шудаанд. Солҳои қаблӣ мардум ба истихроҷи тилло ва нуқраи конҳои мавзеи Якҷилва ва ба Чину Осиёи Марказӣ содир кардани он машғул буданд. Ҳамчунин, кони водии Рангкӯл бо усули заршӯӣ мавриди истифода қарор дошт. Тайи солҳои охир дар мавзеъҳои Савуқсой, Қараҷилға, Пшарт, Элчисой, Базарик, сароби Оқсу ва дигар маконҳо конҳои тилло ва нуқра, ҳамчунин, сурб, қалъагӣ, сурма, бор ва даҳҳо намуд сангҳои қиматбаҳо ва серхаридор кашф шудаанд. Алҳол бо розигии Ҳукумати ҷумҳурӣ ширкати «СА - Минерал» - и Ҷумҳурии Қазоқистон ба омӯзиши геологии кони нуқраи мавзеи Якҷилва машғул аст. Чанде аз ширкатҳои кишвари Чин низ дар ин самт кор мебаранд. Бо ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии «Оқсу 1 ва 2» ноҳияи Мурғоб дар бахши коркард ва содироти ганҷҳои зеризаминии худ дар ҷумҳурӣ дар сафи пеш қарор хоҳад гирифт.
Айни замон дар вилоят дар самти сода гардидани он ҷараёни таъсиси корҳои амалӣ камтар ба мушоҳида мерасанд. Дар доираи татбиқи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон дар давраи то соли 2015 афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатӣ дар заминаи конҳои тиллои пошхӯрда, махсусан аз ҳисоби кони Сариоби мавзеи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва Рангкӯли ноҳияи Мурғоб, бо сохта ба истифода додани корхонаҳои заршӯӣ ва истеҳсоли нуқра, инчунин, бо истифода аз захираҳои кони Баҷув («Икар») ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар ноҳияи Рӯшон ташкили корхонаи коркарди маъдани тилло пешбинӣ гардид. Амалӣ шудани ин тадбирҳо имкон медод, ки 770 нафар бо кори доимӣ таъмин шавад. Аммо аз сабаби татбиқи нопурраи баъзе аз бандҳои барнома  амалишавии ин нақшаҳо муддате ақиб монд. Сарфи назар аз ин, дар доираи татбиқи барнома корҳои тадқиқотӣ – геологӣ дар кони Сариоби Сағирдашт соли 2010 анҷом дода шуда, соли 2011 корхонаи муштараки ҶДММ «Таком Голд» оид ба истихроҷи тилло дар кони Сариоби Сағирдашт фаъолияташро шурӯъ намуд.
Оҳистамоҳи Вафобек, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2017    №: 75    Мутолиа карданд: 427

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед