иҷтимоиёт
САҲМИ ЯК ҶАВОНМАРД
Ривоҷу равнақ бахшидани соҳаи варзиш яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки тайи солҳои ахир соҳаи варзиш беш аз пеш ривоҷу равнақ ёфта, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба муваффақияту комёбиҳои назаррас ноил мегарданд.
Ҳамчунин, солҳои соҳибистиқлолӣ бо маблағгузориҳои Ҳукумат дар кишвар толорҳо, майдонҳо ва маҷмааҳои зиёди варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Бино ба маълумоти расмӣ, танҳо солҳои 2015 – 2016 дар мамлакат беш 100 иншооти гуногуни варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар партави ин иқдомҳои созандаву бунёдкорона, ашхоси алоҳида низ саҳми худро мегузоранд. Имрӯз аз баракати дастони чунин ҷавонмардон дар гӯшаҳои гуногуни Ватани азизамон садҳо қасру майдонҳои варзишӣ қомат афрохтаанд.
Яке аз чунин афроди сахипеша соҳибкори муваффақ Муъминҷон Азизов мебошад. Ӯ соли гузашта бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ дар маҳаллаи 20 - ум ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 - и шаҳри Хуҷанд варзишгоҳҳои замонавӣ сохта, мавриди истифода қарор додааст. Муъминҷон Азизов бо ин қаноат карданӣ нест, зеро чун дигар нафарони худогоҳу ватандӯст саҳм гирифтан дар ободонии Ватанро қарзи шаҳрвандии худ медонад. Аз ин рӯ, ӯ ният дорад, ки то охири соли равон боз ду майдони дигар сохта, дар ихтиёри дӯстдорони варзиш гузорад.
Лола РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.04.2017 №: 75 Мутолиа карданд: 443